Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАНИМАТОЛОГИЯ

РЕАНИМАТОЛОГИЯ

РЕАНИМАТОЛОГИЯ (аз ре… лот. ашша1о — чон, рух, нафс, хаёт ва …логия), як сохаи илми тиб буда, конуниятхои асосии таназзул ва тачаддуди организми инсонро меомузад.

reanimotology

Реаниматология хамчун як фасли мустакили илмию амалии тиб дар миёнаи асри 20 ба вучуд омад. Дар ташаккул ва тараккиёти Реаниматология олимони рус ва совети П. Посников, С. Г. Зибелин, А. А. Кулябко, Н. П. Кравков, С. С. Брюхоненко, С. И. Чечулин, В. А. Неговский, Г. Н. Андреев ва дигар сахми арзанда доранд. Объекти тад- кики Реаниматология тамоми узвхои хаётан мухими бадан — системахои дилу рагхо, нафаскаши, асаби маркази ва гайра мебошад. Барои баргардонидани хаёт усул ва воситахои бисёреро ба кор мебаранд: хунук кардани бадан (гипотермия), оксигендихи тахти фишори баланд, хунгардиши ёвар, нафаскашии сунъи, хар хел дорухо, амалиёти чаррохи ва гайра. Дар Точикистон Реаниматология солхои охир инкишоф ёфт. Соли 1974 дар Институти давлатии тиббии Точикистон кафедраи мустакили анестезнология ва реаниматология ташкил шуд. Чамъияти илмии реаниматологхо дар Республикаи  Советии Сотсиалистии Точикистон аз соли 1973 амал мекунад. Соли 1978 дар Душанбе Конференсияи 1-уми илмию амали оид ба Реаниматология  гузаронда шуд. Соли 1980 дар сохаи Реаниматология  зиёда аз 230 нафар мутахассис дар 3 маркази реанимасия ва 12 шуъбахои анестезиологию реаниматсиони кор мекунанд, аз чумла зиёда аз 20 олими точик, ба тадкикоти масъалахои мухимтарини реаниматология машгуланд.

Адабиёт: Неговский В. А„ Патофизиология и терапия агонии и клинической смерти, Москва, 1954; Вельская Т. П„

К а с с и л  В. Л„ Организация реаниматологической службы, дар китоби: Проблемы реанимации, Москва„ 1969; Н е г о вс к и й В. А„ Актуальные проблемы реаниматологии, Москва„ 1971. М. К. Муродов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …