Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / РЕАЛИЗМИ СОТСИАЛИСТИ

РЕАЛИЗМИ СОТСИАЛИСТИ

РЕАЛИЗМИ СОТСИАЛИСТИ, методи эчоди дар адабиёт ва санъат аст, ки аз санъаткор тасвири хаккони, таърихи-конкретии зиндагиро дар инкишофи револютсионии он дар партави идеалхои сотсиалисти, тарбияи мехнаткашон дар рухи сотсиализм ва коммунизм талаб менамояд. Пайдоиш ва инкишофи Реализми сотсиалисти ба пахншавии гояхои сотсиалисти дар мамлакатхои гуногун, ба инкишофи харакати коргарии револютсиони вобаста аст. Реализми сотсиалисти хамчун методи бадеи ибтидои асри 20 дар Россия, пеш аз хама дар эчодиёти Максим Горкий ташаккул ёфт. Пас аз Максим Горкий тасвири реалистии ходисахои чамъияти ва чахонбинии сотсиалисти хусусияти асосии эчодибёти нависандагони чандин мамлакатхо гардид (А. Барбюс, М. Андерсен-Нексе, Чон Рид). Баъди Чанги дуюми чахони (1939—45), махсусан пас аз ташкили системаи чахонии сотсиализм, мавкеи Реализми сотсиалисти  хамчун пешоханги прогресси адаби боз хам устувортар гардид. Баробари эчодиёти Максим Горкий, Владимир Владимирович Маяковский, М. А. Шолохов инчунин театри К. С. Станиславский ва В. Э. Мейерхолд, бозёфтхои кинематографии С. М. Эйзенштейн, А. П. Довженко, муси-кии С. С. Прокофев, Д. Д. Шостакович, драматургияи Б. Б. Брехт ва В. В. Вишневский ва гайра тачрибаи эчодии Реализми сотсиалистиро вусъат доданд. Истилохи « Реализми сотсиалисти » дар матбуоти совети аввалин бор соли 1932 пайдо шуд («Литературная газета», 23 май). Мафхуми Реализми сотсиалисти  дар Съезди 1-уми нависан-дагони совети (1934) ба расмият даромад. Дар Съезд Максим Горкий методи навро хамчун программаи эчодие, ки ба татбики гояхои гуманистии революциони нигаронда шудааст, пешниход кард. Реализми сотсиалисти  шакли нави шуури бадеи буда, анъанахои гуманистии санъати гузаштаро давом медихад ва бо мазмуни нави сотсиалисти пайваст менамояд. Методи Реализми сотсиалисти  бар консепсияи таърихии револютсионии гуманизми сотсиалисти, ки дар он гояи инкишофи бонизоми инсон, зухуроти хаматарафаи имкониятхои маънави ва ахлокии у, муносибати байниякдигарии одамон, муносибати инсон ба табиат ва чамъият ифода мешавад, асос ёфтааст. Ин тамоюлоти гуманисти ба тамоми шаклхои маданияти сотсиалисти хос буда, яке аз хусусиятхои умуми ва мухиму фарккунандаи санъати Реализми сотсиалисти  ба шумор меравад. Барои фахмидани принсипхои санъати сотсиалисти мулохизахои классикони марксизм-ленинизм ахамияти калон доранд. Акидаи Фридрих Энгелс дар бораи таърихияти даркшудаи тафаккури бадеи дар асоси припсипи партиявияти адабиёт ва санъат, ки Владимир Илич Ленин пеш гузошта буд, инкишоф ёфт. Владимр Илич Ленин хусусиятхои асосии адабиёти навро амалан нишон дод. Партиявияти ленинии санъат махз ба хам омадани дониши объективии амик ва фаъолияти субъективии пафоснокро талаб мекунад. Хар гох кушишхои субъективии шахсият бо равиши объективии таърих мувофик ояд, шахсият умеду бовари пайдо мекунад. Дар натича барои фаъолияти револютсионии инсон, барои инкишофи хаматарафаи истеъдоди у, аз чумла барои ташаккул ва нашъунамои фардиятхои гуногуни эчоди, замина ба миён меояд.

realizmi-s

Рухи навоваронаи Реализми сотсиалисти  хануз аз даврахои аввали инкишофи адабиёти совети мушохида гардид. Адабиёт ва санаати Реализми сотсиалисти образи нави кахрамони мусбати мубориз, бунёдкор ва пешохангро ба вучуд овард. Ба воситаи кахрамони мусбат оптимизми таърихии Реализми сотсиалисти  пурра зохир шуд. Реализми сотсиалисти байналмилали буда, аз ягонагии таърихии санъат дар замони навсози-хои сотсиалистии чахон иборат аст. Ин умумият дар шаклхои гуногуни инкишофи методи нав зухур мекунад. Ба ин муносибат тачрибаи адабиёт ва санъати совети барои инкишофи чахонии просесси адаби ахамияти халкунанда дорад. Адабиёти советиро бо тамоми сифатхои хоси адабиёти милли, анаъанахои таърихи ва дигар хусусиятхои фардии онхо Реализми сотсиалисти  бо хам муттахид менамояд. Реализми сотсиалисти  дар даврахои гуногун вобаста ба шароити миллии таърихи шаклу  услубхои нав пайдо карда бошад хам, умумияти асосии худро нигох медорад. А. Твардовский, Мирзо Турсунзода, Э. Межелайтис, Чингиз Айтматов услуби хоси эчоди доранд, вале бо тамоюли умумии идеологии эчодиёташон ба хам наздиканд. Реализми сотсиалисти  просесси ягонаи эчоди буда. хамеша дар тагйирот аст. Холо Реализми сотсиалисти  дар адабиёти хоричи низ чорист. Тагийроти азими сотсиалисти, ки дар мам-лакатхои лагери сотсиалисти ба вучуд омадааст, боиси инкишофи Реализми сотсиалисти  дар адабиёти онхо гардид. Азбаски шуури сотсиалистии мехнаткашони мамлакатхои капиталисти хамеша пеш меравад, Реализми сотсиалисти  дар эчодиёти бисёр нависандагони мамлакатхои капиталисти низ галаба карда истодааст. Реализми сотсиалисти имконияти калони эчоди дорад. Вай дар доираи як ё чанд тарзи тасвир махдуд нашуда, чихатхои пешкадами санъати чахониро фаро мегирад, Адабиёти точик пас аз Револютсияи Октябр бо рохи Реализми сотсиалисти   чараён гирифта, даврахои гуногуни инки- шофро аз сар гузаронд. Асосгузори Реализми сотсиалисти   дар адабиёти точик Айни мебошад. Инкишофи Реализми сотсиалисти  дар адабиёти точик, вобаста ба анъанахоп адабии милли хусусиятхои фарккунанда дорад ва он мувофики шароиту вазъияти конкрети, талаботи эстетики ва завки бадеии хонандагон, мувофики талаботи анъанаву услубу равияхои адабии милли инкишоф меёбад. Адабиёти точик дар тасвири романтикии вокеият, ки идомаи анъанаи адабиёти классикии форс-точик аст, тачрибаи бой дорад. Тасвирхои романтики, шарти, тамсили ва дигар воситахои услубофарини хамчун кисми таркибии Реализми сотсиалисти  дар асархои Айни («Дохунда”, «Чанги одаму об*, «Ёддоштхо»), Лохути («Ватани Шоди», «Ду нишон», «Точ ва байрак», «Парии бахт»), Турсунзода («Бахор ва хазон», «Писари Ватан», «Аа Ганг то Кремл»), Миршакар («Панчи ноором», «Кишлоки тиллои»), Муъмин Каноат («Достони оташ», «Суруши Сталинград»), асархон Чалол Икроми ва дигар адибони точик ба назар мерасанд. Дар осори баъзе нависандагони точик унсурхои сентиментали, натуралисти, нишонахои услубу  равияи рамзи ва тамсили низ вучуд доранд, ки хилофи тасвироти реалисти нестанд ва методи Реализми сотсиалисти  онхоро рад намекунад. Бо вучуди гуногунии  услубу равияхои эчоди адибони точик конуниятхои асоси ва принсипхои методи Реализми сотсиалистиро риоя мекунанд ва адабиёти точик дар асоси талаботи методи Реализми сотсиалисти  пеш рафта истодааст.

Адабиёт: Маркс Карл и Эигельс Фридрих, Об искустве. Сборник статей, 3 издание, том 1—2„ Москва, 1-967; Л е н и н  Владимр Илич, О литературе и искусстве. (Сборник статей.], Москва, 1969; Горький Максим, О литературе. Москва, 1061; С а йф у л л о е в А., Акидахои адабии Ленин ва адабиёти точик, Душанбе, 1973; Табаров С., Реализми сотсиалисти — методи адабиёти совети, Душанбе, 1975* Ш у к у р о в М., Пахлухои тадкики бадеи. Душанбе*     1976; О в ч а р е н к о А. И., Социалистическая литература и современный литературный процесс, 2 издание. Москва, 1973; М а р к о в Д. Ф., проблемы теории социалистического реализма, Москва, 1975; Социалистический реализм на современном этапе, Москва, 1977.

Ю. Бобоев

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …