Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВГАНИ КУНЧИД

РАВГАНИ КУНЧИД

РАВГАНИ КУНЧИД, равгани с и м с и м, навъе аз равгани раста­нист, ки аз дони кунчид мекашанд.

rav-kunjid

Равгани кунчид таъми хуш ва буи хеле паст дорад. Микдори кислотахои равган (ба хисоби %) дар таркиби Равгани кунчид чунин аст: стеаринат 4—6,5, палмитинат 7—8, миристинат кариб 0,1, арахинат то 1,0, олеинат 35—48, линолат 37—48, гексадетсенат то 0,5. Харорати яхбандии равган аз —3 то —7°С, гоэдихии кинематикиаш (133—207). 10-3 м2/сон., адади йодаш 103—117. Дар Равгани кунчид сезамол (эфири метили оксигидрохинон) мавчуд аст, ки хангоми нигохдори сабаби дер вайроншавии равган мегардад.

Равгани кунчид махсулоти хурокист, аммо дар он витамини А нест ва вита­мини Е кам аст. Равгани кунчидро дар канноди, саноати консерв ва дигар сохахо, инчунин ба максадхои техники истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.