Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАССЕЛ Бертран

РАССЕЛ Бертран

rassel-bertran

РАССЕЛ Бертран (18. 5. 1872, Треллек, Уэлс — 2. 2. 1970. Пенриндайдрайт, Уэлс), файласуф, мантикшинос, математик, сотсиолог ва ходими чамъиятии англис. Университети Кембричро соли 1894 хатм кард. Солхои 1910—1916 профессор хамин донишкада ва минбаъд университетхои Британияи Кабир ва ИМА низ буд. Аз соли 1908 аъзои Чамъияти подшохии Лондон. Соли 1919 ба Россияи Совети сафар кард. Муаллифи асархои зиёде доир ба масъалахои фалсафии табиатшиноси. Дар инкишофи мантики математики сахми арзанда гузошта, назарияи маърифатро бо тахлили мантики омехт. Тахаввули афкори фалсафии Рассел ба тагйири барномаи истифодаи воситахои мантики математики дар тахкики назарияи маърифат вобаста аст. Рассел хамчунин асосгузори таълимоти атомизми мантики ва тахлили мантикии фалсафа, неореализм ва неопозитивизми англис мебошад. Рассел бо вучуди идеалисти объективи будан, масъалаи асосии фалсафаро аз мавкеи идеализми субъективи шарх дод. Назарияи материалистии инъикосро напазируфта бошад хам зидди дин баромада, акидаи атеистиро тарафдори намуд. Рассел мантики муносибатхоро инкишоф ва забони рамзхои мантикиро такмил дод. Дар ибтидои аср Рассел хамрохи Уайтхед кушид, ки математикаро аз чихати мантики асоснок кунад.

Акидахои сотсиологии у ба пси­хологизм ва «назарияи омилхо» каробат доранд. Дар масъалаи сиёсат ва этика акидахои либерализми буржуазиро дастгири намуда, назарияе, ки мувофики он чамъият ва давлат ба зухури кобилияту истеъдоди фардии шахс халал мерасо­нанд, рад мекард. Муборизаи фаъолона бар зидди фашизм, рухияи зиддиимпериалисти доштан, оштинопазири нисбат ба чанг, зури, ис­тифодаи методхои истилогарона дар сиёсати байналхалки аз чихатхои назарраси фаъолияти ичтимоию сиёсии Рассел буданд.

Рассел яке аз ташаббускорони Харакати Пагуоши, тарафдори куввахои прогрессивии чамъият — муборизони рохи манъи яроки ядрои ва хамзистии осоишта буд. Лауреати Мукофоти нобели дар сохаи адабиёт (1950).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.