РАСАДХОНАИ MAPOГA, аз машхуртарин расадхонахои асри 13 буд, ки дар шахри Марогаи Эрон тахти рохбарии муначчими маъруфи тамоми Шарк Насируддини Туси (1201—1274) сохта шудааст. Бино ба маълумоти тазкирахои таърихи беш аз 50 нафар муначчимони маъруф, аз чумла Муинуддини Урди, Кутбуддини Шерози, Начмуддини Казвини, Фахруддини Ихлоти, Фахруддини Мароги, Яхё ибни Мухаммади Магриби, Чамолуддини Бухорои дар Расадхонаи Марога кор ва эчод кардаанд. Расадхона аз асбобу афзори он замона зотулхалка (кураи армилляри), судси Фахри (секстант), тарбеъ (квадрант) дошт. Натичахои илмии Р. М. дар “Зичи элхони” (ба номи Хулагухон, набераи Чингизхон) сабт шудааст. Осори илмии олимони мактаби илмии Марога пояи инкишофи астрономияи асрхои минбаъда гардид.
- X. Абдуллозода.