Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКИ

РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКИ

РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКИ, муассисаи тадкикоти ил­мии АФ СССР. Дар доманакухи шимолии каторкуххои Кавказ, дар pайони Зе­ленчуки Вилояти Автон. Карочаю Чер­кас соли 1960 таъсис ёфтааст. Калонтарин маркази илмии мамлакат дар сохаи тахкики астрофизики ва радиоастрономи.

ra-m-a

Афзори асосиаш: калонтарин дар чахон телескоп — рефлектори оптикии диаметри оинаи асосиаш 6 м, ки дар баландии 2070 м вокеъ буда, соли 1975 ба кор даромадааст; радио­телескопи муштарак вазифаи бисёрпрограммадори «РАТАН-600» (ан­теннаи профилаш тагйирёбандаи калонтарин дар чахон) барои мушохидаи радиоастронома дар мавчхои 8 мм—30 см, ки масохати геометриаш то 14 хазор м2 мерасад, дар балан­дии 970 м вокеъ буда, соли 1975 ба истифода дода шудааст; ду теле­скоп — рефлектори 60 сантиметра, Маркази хисоббарори хам дорад.

Чанбахои асосии тадкикоти ил­мии Расадхонаи махсуси астрофизики: омухтани ситорахои гайристатсионари, кушаситорахои чафс, ситорахои чавони калонмасса ва магнити, космологияи мушохидави; тадкики радиоастрономии Офтоб, сайёрахо ва радифони онхо, мухити байниситорави ва таркиби Галактика; дарёфтан ва омухтани объектхои нави кайхони, ба таври комплекси омухтани сохт ва такаввули объектхои берунигалактики (дар диапазони оптики, инфрасурх, радио диапазон), тадкики таркиб ва динамикаи системахои галактикахо, космология.

Филиали Расадхонаи махсуси астрофизики, ки дар Ленинград (Пулково) вокест, дар сохаи радиоастрономия тадкикот мебарад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.