Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ ИСФАХОН

РАСАДХОНАИ ИСФАХОН

РАСАДХОНАИ ИСФАХОН, расад­хонаи азиме буд, ки соли 1074 бо амри султон Чалолуддин Маликшохи Салчуки ва вазири у Низомулмулк тахти рохбарии Умари Хайём бунёд ёфтааст. Дар Расадхонаи Исфахон муначчимони маъруфи он замон Хоча Абухотам, Музаффар ибни Исмоили Исфизори, Ибни Начиби Восити кор ва эчод кардаанд. Мухимтарин вазтфаи расадхона тасхех ва тартиб додани таквими нави шамси буд, ки дар он огози сол Навруз бояд хамеша ба нуктаи эътидоли бахори мувофик меомад. Ба Хайём ва шогирдони у муяссар гардид, ки дар асоси мушохидаи харакати зохирии солонаи Офтоб чунин таквимро тартиб диханд, ки он аз 15 марти 1079 ба расмият даромад ва дар таърих бо номи «Таквими Чалоли» машхур гардид. Ниг. Татувим.

Давомати сол дар «Таквими Чалоли» ба 365, 24242 шаборуз баро­бар буд, ки он аз давомати соли тропики (365, 2422 шаборуз) хамаги 0,0002 шаборуз бештар асту бас ва дар 4500 сол ба як шаборуз фарк мекард. Пас аз кушта шудани Масликшох соли 1092 кори расадхона низ катъ гардид. Ниг. Зичи Маликшохи.

  1. Абдуллозода.

Дар борамон

Инчунин кобед

САКАНКУР

САКАНКУР, нигаред Самандар.