Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ БЮРАКАН

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ БЮРАКАН

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ БЮРАКАН, муассисаи тадкикоти илмии АФ Арманистон. Соли 1946 таъ­сис ёфтааст. 35 км дуртар аз Ере­ван, дар пуштакухи (такрибан 1500 м) наздикии дарёи Бюракан вокест. Расадхонаи астрофизикии Бюракан яке аз асоситарин марказхои аст­рономии СССР ба шумор меравад. В. А. Амбартсумян аз рузи бунёди расадхона рохбари бебадали он аст. Асоситарин афзораш: калонтарин дар СССР телескопи якметраи Шмидт (призмахои объективаш дар чахон бузургтарин аст), телескопи 53-см Шмидт, рефлектори 50 см ва 40-см, телескоп-спектрографи 23-см, телескопи 2,6-м. Дар стансияи радиоастрономии Расадхонаи астрофизикии Бюракан барои мушохадаи дискретии радиоманбаъхо 2 радиоинтерферометр гузоштаанд. Чанбахои асосии тадкикот; сохти Галактика ва хомилони он (тарокумхои ситораги, ассосиатсияхо, ма­терили фурубурди байниситорави), тадкики спектрофотометри, колори­метрию поляриметрии ситорахои гайристатсионари ва туманот, радиоастрономия, космогонияи сито­рави, назарияи материяхои зичтарин, назарияи тахвили энергия. Аз солхои 60 ин чониб ба тахкики проблемахои астрономияи берунигалактики низ машгул аст.

484x252c-center

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.