Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАМАН Чандрасекхара Венката

РАМАН Чандрасекхара Венката

raman-ch-v

РАМАН (Raman) Чандрасекхара Венката (7. 11. 1888, Тируччираппали—21. 11. 1970, Бенгалуру), фи­зики хинд. Писари муаллими коллеч. Дар университети Мадрас (1903—1907) тахсил намудааст. Солхои 1907—1917 дар департаменти мо­лия адои хизмат дошт ва дар айни замон дар лабораторияи Ассосиатсияи тараккиёти илми Хиндустон (ки сонитар дар ташкили он Раман сахми бузург гузошта буд) тадкикоти илми бурд. Солхои 1917—1933 дар Университети Калкутта кор кард. Соли 1925 бо даъвати АФ СССР ба Иттифоки Со­вети ташриф овард. Аз соли 1933 профессор ва директори Институти илм, аз соли 1947 директора Институти тадкикоти илмии Раман дар Бангалуру. Президенти АФ Хиндустон (аз соли 1934). Тадкикоти илмии Раман асосан ба оптика, акустика, физикаи молекулави оиданд. Нахустин тадкикотхои у ба омухтани лаппишхои гайрихатти ва параметри бахшида шудаанд. Соли 1928 (дар як вакт бо Л. И. Менделштам ва Г. С. Ландсберг) пароканиши комбинатсионии рушноиро (якчоя бо К С. Кришнан) кашф намуд ва ин ходисаро чун шабехи эффекти Комптон шарх дод. Барои ин кашфиёт у соли 1930 лауреати Мукофоти нобели гардид.

Раман дар сохаи дифраксияи рушнои дар мавчхои ултрасадо ва физикаи кристаллхо низ кор кардааст. Хизмати Раман дар инкишофи илм дар Хиндустон басо калон аст. Аъзои хоричии АФ СССР (1947), лауреати мукофоти байналхалкии ленинии «Ба­рои мустахкам намудани сулхи байни халкхо» (1957) мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.