Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХМАТУЛЛОЕВ Хочикул

РАХМАТУЛЛОЕВ Хочикул

РАХМАТУЛЛОЕВ Хочикул (тав.аллуд 15. 5. 1909, Бухоро), актёр ва режиссёри советии точик. Артисти Халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон . (1957). Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1958. Фаъолияти артистиаш аз синни дувоздахсолаги сар шудааст. У соли 1921 дар курси тайёрии Дорулму-аллимини шащри Бухоро хонда, дар айни замон дар театри хаваско-рии ба номи Форобии назди Вазорати маорифи халки Республикаи Халкии Советии Бухоро кор мекард. Роли нахустинаш Осиё (роли духтар) дар «Оршин мол-олон»-и У. Хочибеков буд. Сони дар дастаи нави хаваскори (рохбараш Хочизода) суфлёр ва соли 1922 артисти Театри давлатии Бухоро (рохбараш М. Уйгур) шуда кор кард. Баъди хатми курси дуюми дорулмуаллимии соли 1924 ба Москва рафта, ба студияи узбекии Институти санъати театри дохил мешавад. Соли 1927 студияро хатм намуда, ба Театри драмаи ба номи Х. Хамза ба кор меояд. Аз соли 1936 то соли 1971 актёр ва режиссёри Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулкосим Лохути. Дар ин театр як силсила образхои барчаста офаридааст: Мирбадал, Хоркаш, Балъами («Шодмон» 1939, «Калтакдорони сурх», 1941 ва «Рудаки», 1958— асархои Сотим Улугзода), Арган («Бемори хаёли»-и Ж. Молер, 1944), Кассио, Лоренсо, Глостер («Отелло», 1939, «Ромео ва Чульетта», 1947, «Шох Лир», 1957— асархои Улям Шекспир), Хокими шахр («Муфаттиш»-и  Николай Василевич Гогол, 1946, 1952), Усмонафанди («Дохунда»-и Чалол Икроми, 1954) Мачидуддин («Алишер Навои»-и Р. Уйгун ва И. Султон, 1949), Пантелеев («Голибон»-и Б. Чирсков, 1947), Забелйн («Соати бурчи Кремл»-и Н. Погодин, 1960) ва дигар. Солхои 1964—65 дар ташкили Театри миллии Афгонистон ба сифати режиссёр ва мушовир кор кардааст. Аксари кахрамонхояш бо максадхои оли ва рафтори начибашон ба тамошобин таассуроти ка-лон мебахшанд. Маданияти баланди образофари, инъикоси хислатхои психологии кахрамон, бозии самимона ва табии хоси санъати актё-рии Рахматуллоев мебошад. Аз соли 1938 ба режиссура машгул аст. Рахматуллоев дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулкосим Лохути аксарияти песахои Чалол Икроми («Дили модар», 1942; «Шаби 28-ум», 1946; «Духтари ноком», 1950, «Ситора», 1954; «Дохунда», 1957; «Хор дар гулистон», 1964; «Дилхои сузон», 1967), драмахои Ф. Ансори («Имтихон», «Хаёт ва ишк», 1958; «Хукми модар», 1963), А. Сидки («Иродаи зан», 1962), Г. Абдулло («Сарбозояи инкилоб», 1970) ва дигар дроматургонро ба сахна гузоштааст. Хамчун драматург песаи «Хатои Кодиров» (хаммуаллиф бо 3. Дустматов, 1949) -ро навиштааст.

Соли 1976 операи Ш. Сайфиддивов «Рудаки»-ро дар сахнаи Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни тахия намуд. Дар кино якчанд рол бозидааст: Балъами («Кисмати шоир», 1959), Рухом («Байраки охангар», 4961), Кайковус («Достони Рустам», 1972) ва гайра. Аз соли 1962 бо фаъолияти педагоги машгул буда, дар Институти давлатии санъати Точикистон аз фанни махорати актёри дарс медихад. Як катор хунарпешагони боистеъдодро тарбия намуда-аст. Шогирдонаш: А. Мухаммадчонов, лауреати Мукофоти комсомоли ленинии республика Г. Сафаралиева, У. Рачабов, Н. Мухаммадчонова ва дигар. Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат, ордени «Нишони Фахри», 5 медал ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст. Н. Нурчонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.