Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХМАТОВ Иброхим Рахматович

РАХМАТОВ Иброхим Рахматович

РАХМАТОВ Иброхим Рахматович (таваллуд 21. 2. 1921, Бухоро —11. 1.1980, Душанбе), журналист ва мутарчими точик, ветерани сохтмони мадани дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон аълочии матбуоти Союз Советских Социалистических Республик СССР. Аз оилаи хизматчи. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1944 Маълумоти ибтидоиро дар зодгохаш гирифтааст.

Соли 1936 баъди хатми Техникуми мардонаи шахри Душанбе ба факултети адабиёти Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Тарас Г. Шевченко дохил мешавад. Фаъолияти мехнатии Рахматов соли 1940 аз муаллимии мактаби миёна огоз ёфтааст. Баъдтар дар вазифахои гуногуни сохаи матбуот, нашриёт, радио ва телевизиони республика кор карда буд. Солхои 1942—50 мухаррири редаксияи чавони, мудири шуъбаи гуфторхои сиёси, муовини раиси Комитети радиошунавони дар назди Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон , солхои 1950—51 мухаррири газетаи «Пионери Точикистон», 1951—54 мухаррири гурухи точикии ТочикТА; 1954—56 котиби масъули журнали «Коммунисти Точикистон», 1956—59  сармухаррири Нашриёти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, 1959—67 сармухаррири телевизиони точик, 1967—69 чонишини сармухаррири нашриёти «Ирфон» буд. Аз рузи таъсиси Сарредаксияи илмии Эн-сиклопедияи Советии Точик (1969) якчанд мох мудири редаксияи назорати илми, баъд котиби масъул буд. Хизмати Рахматов дар нашри осори классикони марксизм-ленинизм хеле калон аст. Вай дар тахрир ва тарчумаи якчанд чилди Асархои Владимир Илич Ленин ба забрни точики ширкат дошт. Рахматов аз нахустин тарчумон ва мухаррирони киностудияи «Точик-фильм» низ буд. Тарчумаи чанд асари драматурги ва зиёда аз бист филми бадеи ба калами у тааллук дорад (филмхои «Такдири резидент» (1971), «Майдони Сурх (1971), «Дакикаи хомуши» (1972), «Киссаи мухаббат» (1974) ва гайра). Рахматов табъи баланд дошт, шеърхои бачагона, инчунин хикояхо менавишт. Вай муаллифи достонхои бачагонаи «Рубох ва гург» (1948) ва «Пои ки зебо?» (1974) мебошад. Рахматов достони бачагонаи шои-ри машхури арман Сурен Муродян «Арусии муш» (1975), мачмуаи «Афсонахо» (1973)-и Х. К. Андерсен ва дигарро ба точики тарчума ва мачмуае аз хикоёти «Анвори Сухаили-ро бо номи «Хикоёти тамсили* (1961) ба чоп тайёр кардааст. Рахматов муаллифи як силсила маколахои илми оид ба тибби кадим («Хикмати тут»), оид ба шохмот («Ахмади тахтабоз» 1965), оид ба таквим («Календари раками», 1974) буда, бо номи «Баъзе аз коидахои бозии шатранч» (дар шакли дастнавис) асаре дорад. Барои бачахо чандин песахои телевизиони навиштааст. Аз соли 1959 узви Иттифоки журналистони Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР. Бо 3 медал ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  мукофотонида шудааст.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.