Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХИМЗОДА Боки

РАХИМЗОДА Боки

rahimzoda-b

РАХИМЗОДА Боки (15. 5. 1910, дехаи Сорбоги райони Гарм—30. 1. 1980, Душанбе), шоири советии точик, Шоири Халкии Точикистон (1977). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Аз оилаи му- даррис. Барвакт аз падару модар сагир монд. Соли 1928 баъди хатми мактаби ибтидои ба Дущанбе омад ва дар заводи пахтатозакуни кор кард. Соли 1931 дар Самарканд техникумро хатм кард. Солхои 1933— 36 муалллми мактаби ибтидоии дехаи Пашори райони Тавилдара, мудири мактаби дехаи Хумдон, раиси иттифоки касабаи муаллимон ва муаллими мактаби дехаи Хилмонии райони Гарм буд. Сипас тахсилро дар Дорулмуаллимони точикии Тошкент давом дод (1936—38). Соли 1938 муаллими Омузишгохи педагогии Гарм таъин гардид. Солхои 1939—41 дар Институти давлатии педагогии Душанбе маълумоти оли гирифт ва дар хамон чо муаллим шуд. Аз соли 1948 то охири хаёташ мушовири Институт Наук Точикистон буд. Шеърхояш аз охири солхои 30 нашр мешаванд. Мачмуаи якуми Рахимзода «Ба фронт» (1945,) навиштахои аввалин ва ашъори давраи чангии уро фаро гирифтааст. Пас аз як сол мачмуаи шеъру достонхои шоир «Иди зафар» ва китоби очеркхои у «Дар водии Вахш» (харду 1946) аз чоп баромаданд. Шеърхои Рахимзода «Суруди галаба», «Мактуб аз чойхонаи Берлин», балладаи «Чашмаи Ленин» ва гайра дар мачмуаи «Кухистони дурахшон» (1948) чамъ омадаанд. Дар хамаи ин шеъру очеркхои Рахимзода Ватани совети, диловарихои Армияи сурх ва галабаи халки совети бар фашизми Германия тараннум шудаанд. Дар китобхои «Хаёт ва сухан» (1955), «Чашмасор» (1957; бо хуруфоти араби, 1959), «Бахори умр» (1960), «Боли хунар» (1963), «Барги сабз» (1965), ки ашъори солхои охири шоирро дар бар мегиранд, ан- дешахои лирикии Рахимзода аз хаёти республика ва одамони он ифода ёфтаанд. Рахимзода соли 1964 ба шарафи 40-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон достони «Рохи нури офтоб»-ро (хамрохи Мирзо Турсунзода) навишт. Достони «Эъчози санъат», кя дар анъанаи назми классикист, рухи баланди замонави дорад. Ин достон соли 1971 ба мукофоти солонаи журнали «Огонёк» мушарраф гардид. Достони «Киссаи кухсор» дар эчодиёти Рахимзода мархилаи нав мебошад. Ин достонхо ва шеъру сурудхои солхои охири шоир дар мачмуаи «Киссаи кухсор» (1970) ба табъ расидаанд. Ли- рикаи тозаи Рахимзода дар силсилаи «Илхом» (1973) нашр шуд. Солхои 1975— 76 куллиёти осори шоир дар ду чилд аз чоп баромад. Рахимзода, пеш аз хама, шоири лирик аст. Вай образхои анъанавии адабиёти классикии точикро барои ифодаи максадхои замони худ мохирона истифода бурдааст. Лирикаи Рахимзода соддаву самими буда, бо юмори сабук омезиш меёбад («Айнаки сабз». «Як табассум нук» ва гайра). Рахимзода як силсила сурудхои дилписанд дорад («Дар лаби обе», «Республикаи ман» ва гайра). Дар шеъру достон ва сурудхои Рахимзода васфи Ленин, Револютсияи Октябр, дустии халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР, сулх, нашъунамои Точикистон, мехнати дехкону коргар ва гайра аз мавзуъхои асосист. Рахимзода хамчун драматург хам машхур буда, дар мазаммати тамбалон, коргурезон ва урфу одатхои кухнаву бад мазхакахои бисёре таълиф кардааст: «Киссаи Таърифхочаев» (1953, хамрохи Абулкосими Дехоти), «Дар сояи шипанг» (1954, хамрохи М. Рабиев), «Чинори гуё» (1955), «Гахвораи тилло» (1956, хамрохи С. Саидмуродов). Либреттои операи «Духтаре аз Душанбе» (1960, хамрохи Ш. Киёмов) ба калами Рахимзода тааллук дорад. Рахимзода соли 1979 драмаи «Сияхсавор»-ро офарид, ки дар он як лахзаи мухими давраи коллективонии хочагихои яккадаст ва мубориза бо душманони синфи инъикос ёфтааст. Солхои охир Рахимзода ба наср ру оварда чанд хикоя ба миён овард, ки онхо дар китоби «Аз саргузашти Соки» (1973) чамъ омаданд. Як кисми ашъори у хачви буда, дар онхо ба оханги сурудхои халки шахсони мусолихакору ваъ- дабоз, булхавасу оилабезор мазаммат шудаанд («Соли нав муборак бо- шаде», «Чиги-чиги», «Соли наванда арзи нав», «Дилакам бобо» ва гайра). Рахимзода барои бачахо хам шеъру суруд ва таронахо офаридааст (манзумахои «Мусича ва рубох», «Чашмаш ало шуд» ва гайра). Рахимзода муаллифи маколахои танкидист. Шеъру достон- хои Рахимзода ба забонхои руси, халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хоричи тарчума ва нашр шудаанд. Мачмуахои зеринаш ба забони руси баромадаанд: ,«Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зеленый лист» (Москва, 1963), «Кошка- хвастунишка» (1963), «Пути солнечного луча» (1964, хамрохи Мирзо Турсунзода), «Чудо» (1973), «С крыши мира» (1973). Ашъори Н. Тихонов, М. Светлов А. Сурков, Зулфия, Н. Хазри ва дигар дар тарчумаи Рахимзода ба забони точики нашр шудаанд. Рахимзода ус- тод ва мураббии чавонон буд. Бисёр китобхои аввалини нависандаго- ни чавони точик дар, тахрири у ба табъ расидаанд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (даъватхои 6—9). Бо ду ордени Байраки Сурхи Мехнат, ду ордени «Нишони Фахри», чахор медал мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ба номи Рудаки (1974). Узви Институт Наук Союз Советских Социалистических Республик СССР аз соли 1940. Кабраш дар боги Айни.

Основание: Рохи тайшуда, Душанбе1966; Киссаи кухсор, Душанбе, 1970; Куллиёт, чилдхои 1—2, Душанбе, 1981—83.

Адабиёт: Амонов Р., Назми Боки Рахимзода дар солхои чилум, дар китоби: «Эчодиёти бадеи, халк ва замон»,Д ушанбе,

1970: Мусулмонкулов Р., Асоев X., Боки Рахимзода, Душанбе, 1970; X у д о йдодов Б., Шоир ва айёми мо, Душанбе. 1970.

В, Худойдодов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.