Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХИМОВА Чаннат Уруновна

РАХИМОВА Чаннат Уруновна

РАХИМОВА Чаннат Уруновна (таваллуд 1917, дехаи Ёва, хозира райони Хучанд—20. 1. 1961, шахри Ленинобод), иштирокчии Чанги Бузурги Ватани, лейтенант. Аз оилаи дехкон. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947.  Солхои 1936—38 дар техникуми молия (холо техникуми кооперативи)-и шахри Ленино- бод, 1939—41 дар Дорулмуаллимии точикии шахри Тошканд тахсил кардааст. Солхои 1941 —42 муаллим, мудири кисми илмии мактаби миёнаи ба номи Максим Горкий шахри Ленинобод таъин шуд. Рахимова соли 1943 ихтиёри ба фронт рафта, дар чангхон зидди фашистон диловарихо нишон дод ва то Берлин расид. Солхои 1949—50 котиби ташкилоти комсомолии институти муаллимии занонаи шахри Ленинобод, 1950—54 студенткаи факултети таърихи Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1954—57 директори мактаби миёнаи № 1 ба номи Александр Сергеевич Пушкини шахри Ленинобод, 1957—61 чонишини мудири шуъбаи маорифи халки вилояти Ленинобод буд. Бо ордени «Нишони Фахри», чандин грамотахои фахри ва Грамотахои Преэидиумн Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, нишони «Аълочии маорифи халк» (1958) мукофотонида шудааст.

А. Олимов.,

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.