Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХИМИ Мухаммадчон Ваххобович

РАХИМИ Мухаммадчон Ваххобович

rahimi-m-v

РАХИМИ Мухаммадчон Ваххобович (3. 5. 1901, дехаи Фоики тумани Шофиркоми Бухоро — 23. 8. 1968, Душанбе), шоири советии точик. Аз оилаи хунарманд. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1943. Хангоми тахсил (то соли 1917 дар мактаби кухна хондааст) ва баъди он бо пойафзолдузи ва батраки машгул буд. Баъди таъсиси Республикаи Халкии Советии Бухоро муддате дар идорахои молия ва назорати давлати кор кард. Соли 1922 дар катори фидоиён аввал ба фронти Шахрисабз ва баъд ба Бухорои Шарки омад. Соли 1923 дар Комиссияи таъминоти Армияи Сурх ва кооператсияи хунармандии Душанбе, солхои 1924—26 дар хайати ташкилии Пром-кооператсияи Бухоро, соли 1926 дар идорахои молия ва савдои Душанбе, аз 1928 дар идораи газетаи «Точикистони сурх» (мудири шуъбаи пахта ва саноат) кор кард. Соли 1932 баъди хатми курси молиявии шахри Ленинград муддате мудири шуъбаи кадрхои Комиссариати молияи Точикистон таъин шуд. Аз соли 1933 мушовири адаби ва узви Бюрои ташкили Институт Наук Точикистон. Минбаъд ба аъзоии Правленияи Институт Наук ИН интихоб шуда, як-чанд сол котиби якуми Институт Наук ИН Точикистон ва зиёда аз 10 сол директори Литфонд буд. Дар Съезди 5-уми нависандагони Точикистон (1966) Рахими боз ба хайати Правленияи Институт Наук ИН Точикистон интихоб гардид.

Шеърхои аввалини Рахими дар матбуот соли 1924 чоп шудаанд. Солхои 1926— 29 дар сахифахои газетахо «Овози газета» (дар тахрироти минбаъда — «Хитоби газета»), «Иттиход» (минбаъд—«Барои иттиход»), «Дасти душман» (минбаъд «Як фочиаи милли»), «Душанбе» барин шеърхои ичтимоию сиёсии Рахими ба табъ ра-сиданд. Шеъри машхури Рахими «Тиллокамарон», ки фиску фасоди аморатро фош карда, орзуву умеди ахли мехнатро ба фардои саид ифода менамояд, соли 1919 навишта шуда бошад хам, дертар, дар мачмуаи аввалини шоир («Шеърхои интихобкардашуда», 1940) ба табъ расид. Дар солхои 20—30 мавзуи асосии ашъори Рахими аз васфи сохтмони сотсиалисти («Шавки хуррамбахор», «Накле аз кооператсия»), талкини гояи мубориза бар зидди тартиботи кухна ва саъю кушиш барои зиндагии нав («Хитоб ба дехкон», «Сабр дигар бас аст», «Муфти»), таргиби гояхои Октябр («Октябри тавоно», «Эй инкилоб», «Дилам», «Собик ин тавр буд»), васфи занони озоди точик, таргиби маърифату дониш, фош кардани мохияти хурофоту дин, ташвик ба сохтмони хаёти нав («Ба занони озод», «Мухаммаси муганни», «Ба духтарони саноат», «Ба духтарон», «Ба чонон — духтар», «Суфиё», «Эй муршиди рухони», «Сарчашмаи илму ирфон», «Хитоб ба коргар», «Рафик колхозчи!») иборат буданд. Як силсила шеърхои пешазчангии Рахими ба тараннуми хаёти сотсиалисти («Ёдгори хасти», «Посбони водии гулхо», «Тиллои сафед», «Октябробод»’ «Чашмони давлат»), тавсифи мамлакати совети («Ба Союз Советских Социалистических Республик СССР», «Ватани ман»), Точикистон ва Душанбе («Шод бош», «Душанбе», «Як вилояти мох», «Дар бораи Душанбе», «На афсона» ва гайра), ба мавзуъхои байналхалки («Нидои Хинд», «Нест бод чанг», «Гузаштан натавонй») бахшида шудаанд.

Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—45) Рахими каламашро ба махкум намудани фашизм ва сафарбар кардани халк ба муборизаи зидди душманон равона сохт. Калонтарин шеъри у дар ин мавзуъ касидаи «Бахористони зафар» (4945) мебошад, ки дар он вахшонияти фашистон, муборизаи кахрамононаи халки совети ва Армияи Сурх бар зидди истилогарон ва торумор гардидани фашизм бо эхсоси баланди ватандустона тасвир гардидааст. Солхои баъди чанг мавзуи лирикаи граждании Рахими аз васфи кудрату тавоноии Давлати Со-вети («Кувваи тавоно», «Сабохи муаззам»), рохбарии хирадмандонаи Партияи Коммунисти («Ба Партияи мехрубони халкхо», «Партияи хи-радманд», «Бо Партияи кабири Ленин» ва гайра), талкини сулху амният («Сухан ва сулх», «Ба шарофати сулх», «Барои сулху амнияти чахон»), тавсифи комёбихои мехнати ва илмиву техникии халки совети («Аз футухоти сотсиализм», «Мактуб ба бинокорони мухтарам», «Офарин ба шучоати халк», «Эъчози нави илми совети» ва гайра) иборат мешавад.

Дар як силсила шеърхои даврахои гуногуни эчодиёти Рахими образи Вадимир Илич Ленин, сипосгузори ба дохи, талкини гояхои ленинизм мавкеи асоси дорад. Аввалин шеъри ин силсила «Таъзия ба вафоти Вадимир Илич Ленин» (1924) мебошад. Ин шеър марсия аст, вале марсияи аз оханги оптимисти саршор аст ва бо мисраи «Хасту хохад буд ленинизм дар руи чахон» хотима меёбад. Симои дохи, бузургии кори у, кувваи азими гояхои ленинизм махсусан дар шеъри «Ба зиёрати дохи» (1937) нихоят барчаста ифода ёфтааст. Ин шеър аз 176 мисраъ иборат буда, дар шакли мусаддаси тарчеъбанд навишта шудааст. Баъди хар банд байти василае меояд, ки дар он кудрати беназири ягонагии халк ва Ленин таъкид шудааст:

Дило, на ишк, на оташ, на Офтобу Замин

Надорад ин хама кувват, ки халк бо Ленин.

Лирикаи ишкии Рахими аз нашъати лирикаи ишкии классикии точик, омезиши нозуки образхои анъанави ва нав, ифодахои рангин ва маънихои бикр саршор аст. Махсусан газалхои лирикии шоир нихоят дилназир ва муассиранд («Ёри ман», «Ошики руи ту» ва гайра). Образхои кахрамони лирики (дар лирикаи ишки ва махрамона — махбуба, дар лирикаи ичтимоию сиёси ва граждани — Ватан, Октябр, ахли мехнат) дар ашъори Рахими ба кулли характери нав касб намудаанд.

Суруду тарона низ дар эчодиёти Рахими мавкеи намоён дорад. Дар байни ин кабил ашъори у хам маршхои инкилоби («Суруди халкхо»), хам сурудхои кахрамони («Барои мудофиаи Москва», «Суруди Армияи Сурх» ва гайра), хам таронахои начиби лирики бисёранд, ки аксари онхоро бастакорон ва хофизон ба оханг да-ровардаанд. Ин суруду таронахо дар хавои суруду таронахои халки эчод щудаанд («Кабутар», «Эй лола», «Чоду-чоду» ва гайра).

Рахими кариб дар хамаи шаклхои шеъри классики асархо эчод карда, шаклхои анъанавиро бо мавзуъ ва мазмуну мундаричаи нав гани гардонидааст. Дар ин замина баъзан дар шеърхои Рахими суиистифода аз унсурхои архаистии назми гузашта, ба хотири вазну кофия ва риояи шаклхои анъанави ба кор бурда шудани арабизмхо ва калимоти гайримустаъмал ба назар мерасад («Бахористони зафар», «Мохи бахористон» ва гайра). Услуби Рахими вобаста ба мавзуи шеъраш сурат гирифта, дар лирикааш таъсири Саъдиву Хофиз ва Бедил ба вазар мерасад. Дар манзумаву ашъори граждани ва сиёсиаш низ шоир дар тарзи ифода аз рамзу тамсилотн анъанави истифода бурдааст.

Осори Рахими ба забонхои руси, узбеки, белоруси, озарбойчони тарчума ва нашр гардидаанд. Хизмати Рахими дар тарчумаи осори адибони халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР ба забони точики низ калон аст. Кисме аз осори Александр Сергеевич Пушкин, Н. А. Некрасов, И. А. Крылов, Т. Г. Шевченко, Максим Горкий, Владимир Владимирович Маяковский, Яйка Купала, Павло Тычина, Гафур Гулом, Самад Вургун, Сулаймон Рустам ва дигарро ба забони точики тарчума кардааст. Махсусан достонхои «Фонтани Бог-часарой»-и Александр Сергеевич Пушкин ва «Владимир Илич Ленин»-и Владимир Владимирович Маяковский бо махорати баланд тарчума шудаанд.

Рахими бо кори илми ва нашри осори классикон низ машгул шудааст (нашри мунтахаби достонхои «Шохнома»-и Фирдавси дар ду чилд, ашъори Чоми, тахрири «Лугати точики-руси», тахияи матни охангхои ба нота гирифташудаи «Шашмаком», мачмуаи сечилдаи охангхои халки ва гайра). Рахими аз соли 119134 аъзои Институт Наук Союз Советских Социалистических Республик СССР буд.

Бо 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони Фахри», медалхо ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст.

Основание: Сабохи сухан, Душанбе, 1963; Шарораи човид, Душанбе, 1968; Ашъор)! мунтахаб дар 3 чилд, чилдхои 1—3 Душанбе, 1978—1982.

Адабиёт: Маъсуми Н., Мухаммадчон Рахими, Сталинобод, 1961.

А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.