Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХИМБОЕВ Абдулло

РАХИМБОЕВ Абдулло

РАХИМБОЕВ Абдулло (14. 6. 1896, шахри Хучанд—7. 5. 1938), ходими партияви ва давлатии совети, яке аз муборизони фаъоли баркарор ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Осиёи Миёна. Аз оилаи точири хурд. Аъзои Партияи коммунисти аз соли 1919. Аввал дар мактаби мусулмони, баъд солхои 1908—17 дар мак- таби русии махаллии Хучанд, Омузишгохи олии ибтидоии Самарканд ва Семинарияи муаллимии Тошкент тахсил намуд. Баъд аз хатми семинария (1917) дар зодгохаш муаллим шуда, дар харакати рево- лютсиони фаъолона иштирок кард. Рахимбоев яке аз ташкилотчиён ва рохбарони Совети коргарони мусулмони Хучанд буд. Солхои 1919—20 котиби Комитети партиявии уезди Хучанд, раиси Комитети партиявии вилояти Самарканд. Солхои 1920—23 раиси Кумитети Ичроияи Маркази Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон, котиби Котиби Марказии Партияи Коммунистии Туркистон, аъзои коллегияи Комиссариати халкии оид ба корхои миллатхои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, 1923—24 котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро, котиби дуюми Комитетии Марказии Партияи Коммунистии Туркистон. Солхои 1925—27 дар курсхои марксизми назди Ака- демияи коммунисти тахсил иамуд. Солхои 1928—33 раиси правленияи Нашриёти марказии халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР, аъзои коллегия ва раиси Комитети акаллиятхои миллии Комиссариати халкии маорифи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Солхои 1933 —37 раиси Совети Комиссарони Халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, дар айни замон яке аз раисони Комитети Ичроияи Марказии Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР буд. Вакили съсздхои 10—14 ва 17-уми Всероссийская  Коммунистическая Партия(большевиков), бисёр конференсияхои партиявии умумииттифоки буд. Дар съездхои 11 ва 13-уми партия номзад ба аъзоии Комитети Марказии  Революционная Коммунистическая Партия (большевиков), дар Съезди 12-уми партия аъзои Комиссияи марказии назорати Революционная Коммунистическая Партия (большевиков) интихоб шуд. Солхои 1921—37 аъзои Бюрои туркистонии Комитети Марказии Революционная Коммунистическая Партия (большевиков), аъзои Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии Всероссийская  Коммунистическая Партия(большевиков), аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии(болшевикон) Точикистон. Аъзои Комитети Ичроияи Марказии Союз Советских Социалистических Республик СССР (даъватхои 5—7). Бо ордени Лении ва ордени Байраки Сурх мукофотонида шудааст.

Адабиёт: К е л д и е в И., Абдулло Рахимбоев (Очерки хаёт ва фаъолият), Душанбе, 1967.            И. Келдиев.

Дар борамон

Инчунин кобед

САЪДУЛЛОЕВ Муллочон

САЪДУЛЛОЕВ Муллочон (1903, дехаи Каратог —1978, Душанбе), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустахкам намудани …