Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХИМ ЧАЛИЛ

РАХИМ ЧАЛИЛ

rahim-jalil

РАХИМ ЧАЛИЛ (таваллудаш 3. 6. 1909, Хучанд, хозира Ленинобод), нависандаи советии точик. Нависандаи Халкии Точикистон (1979). Аз оилаи музадуз. Аъзои КПСС аз соли 1943. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кухна гирифт. Пас аз Револютсияи Октябр яке аз аввалин мактабхои советии Хучандро тамом кард. Соли 1927 курси яксолаи муаллимиро хатм карда, муаллим шуд. Солхои 1931—1951 дар газетахои «Пролетари Хучанд», «Хакикати Ленинобод», «Точикистони сурх» («Точикистони Совети») ва журнали «Шарки сурх» («Садои Шарк») кор кард. Аз соли 1952 котиби масъули Шуъбаи ленинободии ИН Точикистон. Фаъолияти эчодии Рахим Чалил аз соли 1931 огоз ёфтааст. Аввалхо бо тахаллуси «Дахри» шеър менавишт. Шеъри нахустинаш «Кор мебоист кард» соли 1931 ба табъ расидааст. Шеърхои аввалини у дар мачм. «Мавчхои му­заффарият» (1933) гирд омадаанд. Дар ин солхо нависанда ба хикоянависи низ шугл меварзад. Соли 1936 мачм. аввалини хикояхои у «Орзу» нашр шуд. Махорати хачвнигории нависанда торафт инкишоф меёбад ва у охирхои солхои 30-юм бехтарин хикояхои хачвии худро менависад: «Марги Хушомадхуча», «Хар ва сабукрав», «Гурба ва рашк», «Хочаи Борон», «Хонаи нав» ва гайра. Соли 1939 мачм. «Шеърхо ва хикояхо» ва соли 1941 хикояхои хачвии у «Хисса аз кисса» чоп баромад. Дар ин хикояхо Рахим Чалил аз адабиёти лафзии халк ва имкониятхои хачв мохирона истифода бурда, бокимондахои дунёи гузаштаро мазаммат мекунад. Соли 1041 аввалин асари калони у— кисми якуми романи «Гулру» аз чоп баромад. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) дар очеркхояш («Кахрамон», «Писарчон» ва «Кахрамон Исмоили Сомгори» ва гайра) муборизаи фарзандони точикро бар зидди душман тасвир кардааст. Хикояхои давраи чангии нависанда дар мачм. «Хикояхои замони чанг» (1944) чамъ оварда шудаанд. Рахим Чалил пас аз чанг кисми якуми романи «Гулру»-ро аз нав тахрир кард ва кисми дуюми онро навишт. Соли 1949 харду кисм бо номи «Одамони човид» чоп шуд. Вокеахои роман дар шимоли Точикистон, дар Хучанд мегузаранд. «Одамони човид»-и Рахим Чалил пас аз повесту ро­манхои Айни дар насри точик авва­лин асаре буд, ки муборизаи халки точикро бар зидди босмачиён ва сохт­мони хаёти нав дарбар гирифтааст. Мавзуи тоза ба нависанда имкон додааст, ки баъзе чихатхои мухими револютсияро равшан карда, махсусан роли болшевикони русро дар тарбияи аввалин револютсионерони точик нишон дихад. Дар роман роли халкхои русу украин дар бедории шуури синфии мехнаткашони точик, ёрии онхо дар мубориза барои озоди мавкеи асоси дорад. Образи бол­шевики матин, фиристодаи партияи коммунисти Иванитский, ки шахси таърихи буда, дар тарбия намудани пролетариати револютсионии Хучанд ва галабаи Револютсияи Октябр дар районхои шимоли Точикистон хизмат кардааст, бозёфти нависанда мебо­шад. Мадад ва хамкории халки рус дар роман ба воситаи образхои геологхо Надеждин, Бажов ва Олга низ ифода ёфтааст. Кахрамонони асосии роман Пулод ва Гулру мебошанд. Пулод аз чумлаи он чавонони навфикру тозамаслакест, ки дар мактаби хаёт аз болшевикони рус таълим гирифта, ба воя расида, дар муборизахои сохтмони чамъияти нав ба халк рохбари кардаанд. Пулод дар насри точик яке аз ав­валин образхои барчастаест, ки дар симои у мухимтарин сифатхои хо­дими партияви тачассум шудааст. Дар образи Гулру бо таъсири вокеахои бузурги замон кам-кам тагйир ёфтани характери мардуми одди нуктаи асосист. Гулру типи зани нав; зани озодест, ки барои кисмати худ талош мекунад. Хаёти оилавии Пулод ва Гулру низ дар роман ибратомуз тасвир ёфтааст ва муносибатхои нави оилавиро, ки натичаи сохти нави хаётанд, ифода менамояд. Пулод ва Гулру аз байни халк баромадаанд. Такдири онхо ба такдири халки точик, ки аз торикиву зулмат ба суи равшани рохи душвореро тай кардааст, шабохат до­рад. Дар романи «Одамонн човид» мутоиба мавкеи намоён дошта, хамчун воситаи мухимми нишон додани дили халк ва муносибати у ба вокеахои таърихии он солхо, рухи бардам ва иродаи кавии уро ифода намудааст. Рахим  Чалил  устоди хикоя аст. Хикоёташ дар мачмуахои зерин ба табъ расидаанд: «Умри дубора» (1949), «Хикояхо» (1954, 1958), «Бахор» (1960), «Хамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Илхом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Бозгашт аз бихишт» (1976), «Баъди борон» (1978). Бехтарин кисмати хикояхои Рахим  Чалил хикояхои хачвию мутоибаомез мебошанд. Умуман хачву мутоиба аз мухимтарин махсусиятхои истеъдоди санъаткории Рахим Чалил  буда, дар асархои калони у «Одамони човид» ва «Шуроб» низ барчаста зухур кардааст. Рахим  Чалил  вассофи синфи коргар аст. Синфи коргари точик, ташаккул, мехнат ва муборизаи у яке аз мавзуъхои асосии эчодиёти нависанда аст. Романи сегонаи у «Шуроб» (кисми 1, 1959, кисмхои 2—3, 1967) аввалин асари барчастаест, ки аз пайдоиши синфи коргари точик ва анъанахои револютсионию интернатсионалии он хикоят мекунад. Ин роман ду давраи таърихи халки точик — давраи феодали ва давраи сотсиалистиро дар бар мегирад. Дар кисми якуми асар тасвири хаёти пешазинкилобии ангиштканони точик, бедории шуури синфии онхо мавкеи асоси дорад. Дар кисмхои дуюм ва сеюм галабаи Револютсияи Октябр, чонбозихои намояндагони миллатхои гуногун барои мустахкам намудани Хокимияти Совети,  ташаккули коргари нав инъикос гардидааст. Яке аз масъалахое, ки хамеша дар маркази диккати Рахим Чалил меистад, тараннуми дустии халкхост. Дар ро- мани «Шуроб» намояндагони халкхои гуногуни совети — точикон, русхо, украинхо, киргизхо ва дигар бо хам дустона зиндаги ва мехнат мекунанд. Нависанда он шароити объективии ичтимоиро, ки ин мардуми гуногунзабону гуногунмиллатро ба хамзистию хамкори ва дустию бародари меоварад, тасвир кардааст. Дар «Шуроб» тасвири хаёт хеле вусъат дорад. Рахим  Чалил  анбухи мардум, оммаи коргаронро нишон дода, кушиш намудааст, ки ба воситаи кайфияту рухияи одамони бисьёре ва чидду чахди онхо рухи замон ва харакати таърихро равшан намояд. Асари ёддоштии Рахим  Чалил «Маъвои дил» (кисми 1, 1970, кисми 2, 1982) дар бораи зодгохи нависанда — Ленинобод ва пешрафти маданияту иктисодиёти он мебошад. Муаллиф аз хусуси одамони номдори Ленинобод — иштирокчиёни Револютсия ва Чанги граждани, кахрамонони мехнат, олимон ва санъ- аткорони машхур, хофизон, мутрибон, ходимони партияви ва совети, умуман хамаи онхое, ки боиси ободии шахранд, бо мехру мухаббат хикоят кардааст. «Маъвои дил» материали фаровони таърихи ва этнографиро дар бар гирифтааст. Рахим  Чалил  барои бачахо низ як силсила хикояхо навиштааст. Хикояхои бачагонаи у дар мачмуахои «Кабутар» (1963), «Табиби ман» («Мой доктор», Москва, 1973) ба табъ расидаанд. Рахим  Чалил  муаллифи якчанд пьесахост: «Мухаббат» (1932), «Санавбар» (1938; тахрири нав «Субхи сахро», 1962), «Зани 96-ум» (1940), «Ду вохури» (1943), «Дили шоир» (1963, дар бораи Камоли Хучанди), «Бедори» (1975). У як катор хикояхои Максим Горкий, Антон Чехов, песахои «Раъду барк»-и Николай Островский ва «Афсонаи ишк»-и Нозим Хикматро ба точики тарчума кардааст. Асархои Рахим  Чалил  ба забони руси «Пулат и Гулру», Москва, 1949; «Шураб», Д., 1973; «Дом родной», Москва, 1973, «Девушка из мрамора» Москва, 1978) ва як катор забонхои халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хоричи тарчума шудаанд. Романи «Одамони човид» дар Республикаи Демократии Германия, Полша ва Чехословакия нашр гардидааст. Рахим Чалил аз соли 1935 узви Институт Наук СССР, депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (даъватхои 5—11), аъзои Комитети республикавии та- рафдорони сулх, аъзои президиуми Институт Наук Точикистон мебошад. Бо ордени Ленин, се ордени Байраки Сурхи Мехнат, орденхои «Нишони Фахри», «Дустии халкхо» ва медалхо мукофото- нида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  ба номи Рудаки (1970).

Основание: Асархо, чилдхои 1—4, Душанбе, 1967—71; Гардиши фалак (мачмуаи шеърхо), Душанбе, 1981; Хикояхо, Душанбе, 1984.

Адабиёт: Ш у н у р о в М., Сайфуллоев А., Рахим Чалил, Сталинобод. 1959; Гаффоров Р., Забон ва услуби Рахим Чалил, Душанбе, 1961; Отахонова X., Рахим Чалил ва эчодиёти у, Душанбе, 1962; х а м о н муаллифи, Аз руи мехр, мехр. Душанбе, 1976; Сайфуллоев А., Устоди наср, «Садои Шарк», 1969, № 10; Очерк истории таджикской советской литературы, Москва, 1961.   X. Отахонова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.