Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОПЕРЕДАТЧИК

РАДИОПЕРЕДАТЧИК

radioperedatchik

РАДИОПЕРЕДАТЧИК, олатест ба­рои хосил кардани лаппишхои электрик модулятсиякардашуда дар диапазони радиобасомадхо ва баъд дар намуди мавчхои электромагнити (тавассути антенна) афкандани онхо. Радиопередатчик кисми мухимтарини системаву тачхизотхое мебошад, ки информатсияро дар намуди мавчхо ирсол мекунад; он дар радиоалока, телевизион, радиошунавони, радиолокатсия, радионавигатсия ва дигар сохахои тех­ника (масалан, ниг. Радиомаркази ирсол), инчунин дар тадкикоти илми истифода мешавад. Радиопередатчикхо вобаста ба диапазони мавчхои кори (ниг. Радиомавчхо), иктидори лаппишхои ба антенна расондашаванда (то 100 Вт камиктидор, аз 100 Вт то 10 кВт миёнаиктидор, аз 10 кВт то 1 МВт пуриктидор ва беш аз 1 МВт фавкуликтидор), сохаи кор (теле­граф, телефон ва гайра), тарзи модуля­тмия (амплитудави, басомади, фазави ва гайра) таъинот (алока, радиошунавони локатсия, телевизиои ва гайра), мавкеъ (статсионари, сайёр) хар хел мешаванд. Pадиопередатчики оддитарин (якаскади) аз генератори худангезандае, ки энергияи чараёни доими (баъзан тагйиробанда)-ро ба эгергияи лаппишхои радиобасомад табдил медихад, модулятор ва манбаи таъмини энергия иборат аст. Аммо Радиопередатчикхое, ки дар диапазони мавчхот детсиметри ва дарозтар аз он кор мекунанд, одатан аз чанд каскад иборатанд, ки хар кадом вазифахои гуногунро адо мекунанд. Бо рохи тагйир додани ин ё он параметри Радиопередатчик лаппишхои радиобасомад моду­лятсия карда, тавассути занчири алока ба антенна, хати алокаи кабели ё сими дода мешавад.

Ад.: Модель 3. И., Радиопереда­ющие устройства, М., 1971.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …