Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАДИОГРАФИЯ

РАДИОГРАФИЯ

radiografy

РАДИОГРАФИЯ (аз радио… ва …графил), услуби тадкики объектхои гуногун (маснуот, минералхо)-ро гуянд, ки таъсири афканишоти радиоактивиро ба фотонавор истифода мебарад. Дар Радиография манбаъхои афкани­шоти ионизонанда, яъне изотопхои радиоактиви махсусро, ки саноати ватани дар намуди ампулахо истехсол менамояд, истифода мебаранд. Дар авторадиография, ки яке аз навъхои Радиография мебошад, изотопи радиоактив андаруни объекти тадкикшаванда дохил карда мешавад. Агар бо ёрии фотоматериал афканишоти ионизонандаро ба кайд гиранд, аз руи тасвири фотографи зичии моддаро муайян мекунанд, зеро афканишоти ионизонанда аз маснуоти бенукс ва нуксдор гузашта истода номунтазам суст мешавад. Дар натича дар тасвири фотографи нуксхои нихон, шакл ва андозахои он зохир мегарданд. Мохияти Радиография низ дар хамин аст, ки ба маснуоти рехта, куфта, кафшершуда, лахимшуда ва гайра зарар нарасонда, назорат мекунад. Методи ба ном дефектоскопияи радиоизотопи хамин аст.

Дар Радиография асосан наворхои рентгени истифода мешаванд. Дар автора­диография бошад, фотоматериалхои гуногун, аз чумла эмулсияхои фо­тографии ядроиро ба кор мебаранд. Радиографияро дар техникаи ядрои, хамчунин дар геология (барои тахкики мине­ралхои радиоактив), биология ва гайра истифода мекунанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.