Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОГЕОЛОГИЯ

РАДИОГЕОЛОГИЯ

radiogeology

РАДИОГЕОЛОГИЯ, геологияи ядро, як фасли геологияро гуянд, ки конунияти тагйирёбии табиии ядрои моддаи Замин ва дар просессхои геологи зухур ёфтани онро меомуузад. Истилохи Радиогеологияро соли 1937 В. И. Вернадский ба илм дохил вамуд.  Радиогеология бо физикаи ядро, геохимия ва космохимия алокаманд аст. Он ба Радиогеологияи асли, геологияи изотопхо ва геохронологияи мутлак таксим мешавад. Радиогеологияи асли тамоми просессу ходисахои геологиро дар бар мегирад, ки онхо бо кохиши радиоактиви алокаманданд. Радиогеология эволютсия ва вариатсияи таркиби изотопии элементхои табииро меомузад. Аз руи суръати кохиши радиоактиви синни мутлаки минералхою чинсхои кухиро муайян мекунанд ва дар хамин асос пайдархамии просессхои геологиеро, ки дар таърихи геологии Замин руй додаанд, мукаррар менамоянд. Радиогеология инчунин таносуби просессхои кохиши радиоактивии кишри Замин, ташкили асосхои илмии усулхои радио­метрии чустучу ва  иктишофи кони сарватхои зеризамини ва аз таъси­ри шуоъафкании кайхони дар кишри Замину атмосфера руй додани реаксияи ядроиро меомузад. Аз руи ин хусусиятхояш Радиогеология бо космогония каробат дошта, оид ба синни Замин, элементхои он ва синни метеоритхо маълумот медихад.

Ад.: В е р н а д с к и и В. И„ О значе­нии радиогеологии для современной ге­ологии, Иэбр. соч., т. 1,        М.,      1954;

Войтксвич Г. В., Проблемы радио­геологии, М., 1961.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …