Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОБАЛАНДИСАНЧ

РАДИОБАЛАНДИСАНЧ

radiobalandisanj

РАДИОБАЛАНДИСАНЧ (аз ра­дио…), радиоалтиметр, асбобест, ки бо ёрии радиомавчхо баландии парвози аппаратхои париш (самолёт, радифи маснуъ) ва гайраро муайян мекунад. Баландии парвозро бо рохи чен кардани фосилаи вакте, ки дар давоми он радиомавчи афкандаи асбоб ба сатдх Замин бархурда ва аз он инъикос гардида, боз ба кабулкунаки асбоб меояд, муайян мекунанд. Радиобаландисанчхо ду навъ ме­шаванд: модулятсияашон бо модулятсияи басомади ва импулси (ниг. Модулятсия). Радиобаландисанчхои навъи якумро дар авиатсия бештар хангоми парвозхои паст (масалан, хангоми фуромадан) исти­фода мебараид. Дар ин маврид Радиобаландисанч муттасил радисигналхое меафканад, ки басомадашон даври тагйир меёбад. Баландин аппарати паришро аз руи фарки басомадхои радиосигналхои афканда ва ниъикосшуда, ки индикатори асбоб нишон медихад, муайян мекунанд.

Радиобаландисанчхои навъи дуюмро хам дар ави­атсия (масалан, хангоми аэрофотосуратгири аз -баландихои калон) ва хам дар вакти парвозхои кайхони (масалан, барои ирсоли амри дар баландии муайян аз сатхи сайёра ба кор андохтани мухаррики тормозии аппа­рат париш) истифода мебаранд. Дар ин маврид Радиобаландисанч импулсхои кутохи радиосигнал меафканад. Балан­дии аппарати париш бо рохи чен кардани фосилаи деромади радиоимпулсхои инъикосшуда (нисбат ба импулсхое, ки бевосита аз пере­датчики Радиобаландисанч ба кабулкунаки он меоянд) муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …