Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОАСТРОНОМИЯ

РАДИОАСТРОНОМИЯ

radioastronomiya

РАДИОАСТРОНОМИЯ (аз радио… ва астрономия), як фасли астроно­мия аст, ки дар он бо ёрии радиотелескопи объектхои астрономи (чирмхои осмони — Офтоб, ситорахо, галактикаеро ва гайра)-ро зимни радиоафканишоти хосаи онхо, ки дар диапазони мавчхои аз чанд мм то 40 м ба амал меояд, тадкик мекунанд (ниг. Астрофизика). Зимни тадкикоти Радиоастрономия як катор маълумотхои пуркимат дастрас гардидаанд, ки мухимтаринашон инхоанд: а) маълумот дар бораи атмосфераи Офтоб, ки кабатхои гуногуни он энергияи худро дар диапазонхои мухталифи мавчхо меафкананд; б) маълумот дар бораи ташкилахои фаъоли Офтоб (догхо, афрузшихо ва гайрахо), ки имконият медиханд пайдоиши селхои корпускулави (аз чумла шуоъхои кайхонии пайдоишашон офтоби)-ро пешгуи кунанд; в) маълумот дар бораи афканишоти гарми ва дигар характеристикахои кабатхои сатхи ва атмосфераи сайёрахо (масалан, Зухра); г) маълумот дар бораи радиошалпосе, ки хангоми афрузишхои оптикии баъзе ситорахои Галактика пайдо мешаванд ва дар бораи шарту шароитхои физикии сохахои тадкикшаванда ахборот медиханд; д) маълумот дар бораи Мета­галактика, ки дар он зиёда аз 104 манбат радиоафканишот мушохида шуда, кпсми бештарашон галакти­каи хосае мебошанд, ки басо асрорангезанд. Радиоастрономия татбикхои амали хам дорад, ки асоситаринашон инхоанд: навигатсия (хангоми дар хавои тира истифода бурдани радиосекстантхо); локатсияи гайрифаъол (хосил кардани манзараи хароратии сатхи Замин); техникаи антени (хангоми мушохидаи манбаъхои маълуми радиоафканишот параметрхои антеннахон калонро чеп намудан). Астрономияи радиолокатсиони, ки дар он баъзе сайёрахо, Мох, метеорхо ва дигар объектхои кайхони бо усули радиолокатсиони омухта ме­шаванд, фасли мустакили Радиоастрономияро ташкил додааст. Бисёр расадхонаву институтхои астрономи дар сохаи Радиоастрономия тадкикот мебаранд. Дар СССР координатсияи кори онхоро Шурои илмии АФ СССР оид ба проблемаи «Радиоастрономия» ва Шурои астрономии АФ ССCP ба зимма дорад. Дар микёси байналхалки фаъолияти ташкилотхои радиоастрономиро Шурои байналхалкии астрономи рохбари менамояд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …