Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОАЛОКА

РАДИОАЛОКА

radioaloka

РАДИОАЛОКА, як навъ алокпи электрист, ки тавассути радиомавчхо сурат мегиранд. Барои Радиоалока хамаи диапозонхои радиомавчхо мешаванд. Истифодаи радиобасомадхо ва коидахои Радиоалокаро Конвенсияи байналхалки (аз 1 июли 1908 чорист) мукаррар намудааст. Барои мукаррар кардани Радиоалока дар пункти ирсолкунанда чихози ирсол (радиопе­редатчик ва антеннаи ирсол) ва дар пункти кабулкунанда чихози кабул (радиоприёмник ва антеннаи кабул) мегузоранд. Лаппишхои гармоникии дар передатчик генеронидашуда, ки мансуби ягон диапазони радиобасомадхоанд, вобаста ба ахбори ирсолшаванда модулятсия мешаванд (ниг. Модулятсия). Ин лаппишхои модулятсияшудаи радиодиапазон радиосигналхоро ташкил медиханд. Радиосигнал аз передатчик ба антен­наи ирсол меояд, ки тавассути он дар фазои атрофи антенна мавчхои электромагнитии мувофикан модулятсияшуда ангехта мешаванд. Ин мавчхо пахн шуда, то антеннаи кабул меоянд ва дар он лаппишхои электрие меангезанд, ки онхо сипас ба радиоприёмник дохил мешаванд. Радиосигнали кабулшуда басо суст аст, зеро то антеннаи кабул зиссаи ночизи энергияи ирсолшуда мерасад (ниг. Пахншавии радиомавчхо). Бинобар ин радтосигналро дар радиоприёмник тавассути тачхизоти махсус (пуркувваткунандахои элек­трони) пурзур мекунанд. Сигналхои пуркувватшуда сипас демодулятмияе детектиронида мешававд (ниг. Детектирони). Дар натича сигнале чудо мешавад, ки ба сигнали дар передатчик модулятсияшуда шабохат дорад. Минбаъд ин сигнал бо ёрии олати такрор ба ахборе табдил дода мешавад, ки он нусхаи ахбори ибтидои мебошад.

Соли 1885 A. С.Попов ва баъди як сол Г. Маркоги приёмникхои хассос, ки барои ирсоли бесимы ахбор, яъне барои Радиоалока кобили истифодаанд, сохтанд. А. С. Попов аппарати худро барои ирсоли бесими сигналхо аввалин бор 7 май 1895 намоиш дод, аз ин ру махз хамин рузро санаи тавлиди Радиоалока хисобидан мумкин аст.

Хатхои Радиоалока барои ирсоли ахбори телеграфи, телеграммахо, сели ахбори раками, тнчунин барои ирсоли баргомахот телевизион (одатан бо мавчхои метри ва аз ин кутохтар) истифода мешаванд. Аз руи таъинот ва дурии амал Радиоалока хатхои байналхалки ва хатхои дохилии умумииттифоки доранд. Хатхои умумииттифокии Радиоалока магистрали (байни пойтахти СССР ва пойтахтхои республикахои иттифокию марказхои кишвару вилоятхо ва байни ху­ди ин марказхо) ва з о н а в и (дар худуди вилоятхо, районхо) мешаванд. Инкишофи хатхои Радиоалокаро тавре ба план мегиранд, ки ба Систе­маи ягонаи автоматони да­шудаи алока дохил кардани онхо мумкин гардад. Тадбиру восилахои ташкили-техникие, кт барои мукаррар намудани Радиоалока ва таъмини кори oн истифода мешаванд, умури Радиоалокаро ташкил медиханд; умури Радиоалока дар навбати худ вобаста ба таъинот, дурии амал, сохт ва дигар аломатхояш гуногун мешавад. Macалан, умури Радиоалокаи доими (байни пунктхои муайян) ва сайёр (байни радиостансияи доими ва сайёр ё бай­ни худи радиостансияи сайёр), умури радиошунавони ва телевизион ва гайра шохахои умури Радиоалокаагд. Ниг. низ Алока, Алокаи кайхони.

Ад: Гукин В. И., Пчёлкин В. Ф., Радиосвязь с помощью искусственных спутников земли, Мм 1970; Гусятин- сний И. А., Пирогов А. А., Радио­связь и радиовещание. М.1974.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …