Маълумоти охирин

РАДИФ

РАДИФ (араби касе, ки дар як асп аз паси каси дигар менишинад), дар илми кофия хичо, калима ё ибораеро гуянд, ки дар охири мисраъхо баъд аз кофия такрор мешавад. Масалан, дар ин шоъри Рудаки «марди» Радиф аст;

Гар бар сари нафси худ ямири, марди,

Бар куру кар ар нукта нагири, марди.

Марди набувад фитодаро пой задан

Гар дасти фитодае бигири, марди.

Радиф дар эчодиёти шоирони гузаштаи форс-точик, махсусан дар газал бисёр истеъмол гардидааст. Адабиётшиносон шеъри «мураддаф» — радифзорро хушоянду муассир гуфта, дар шеър овардани Pадифро хунари шоири донистаанд. Радиф дар назми имрузаи точик низ мустаъмал аст.

Ад.: С и р у с Б., Кофия дар назми то­чик сталинобод, 1955.

С. Давронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …