Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИФОНИ САЙЁРАХО

РАДИФОНИ САЙЁРАХО

radifhoi-sayyoraho

РАДИФОНИ САЙЁРАХО, чисмхои Системаи офтобианд, ки тахти таъсири кувваи чозибаи сайёрахо дар атрофи онхо давр мезананд. Соли 1610 Г. Галилей бори нахуст 4 радифи Муштари (Ио, Европа, Ганимед, Каллисто)-ро кашф намуд. Зимин такмил ёфтан ва баланд шудани иктидори телескопхо дар хамаи сайёрахо (гайр аз Аторуду Зухра) радифхоро дарёфтанд ва холо (1982) микдори радифхои кашфшуда ба 43 расидааст. Хар кадоми Радифони сайëрахо вобаста ба замони кашфашон ном ва раками тартиби доранд . Исбот шудааст, ки ба радифхо, гайр аз кувваи чозибаи сайёра, аз тарафи Офтобу радифони массаашон нисбатан зиёд куввахои галаёновар низ таъсир мекунанд ва аз ин сабаб мадори радифхо аз эллипс каме фарк доранд. Радифони сайëрахо ба 3 гурух таксим мешаванд. Ба гурухи аввадифи галилейии Муштари, як радифи Зухал (Титан), як радифи Нептун (Тритон) ва Мох дохил ме­шаванд. Кутри радифони ин гурух 3—5 хазор км буда, аз руи хусусиятхои физикиашон ба сайёрахои гурухи замини (Аторуд, Миррих, Плу­тон) монанданд. Ба гурухи дуюм радифи бокимондаи Зухал, Нептун, Уран, Плутон (хамаги 16- то) ва ба гурухи сеюм радифони хурди Миррих ва  Муштари дохил мешавад. Ад.: Бакулин П. И., Кононович Э. В., Мороз В. И., Курс общей аст­рономии, 2 изд., М., 1970

Х. Ф. Абдуллозода

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …