Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЧАБИ Юнус

РАЧАБИ Юнус

rajabi-yu

РАЧАБИ Юнус (17. 1. 1897, Тошкент — 23. 4 1976), бастакор, сароянда ва навозандаи советии узбек.

Академики Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон. (1966). Артисти Халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон (1958). Рачаби дар мадраса, баъдтар дар Консерваторияи халкии Туркистон (1919—22), курси тайёрии Мактаби олии мусикии Тошкент (1934), курси бастакорони шахри Москва (1940—41) тахсил кардааст. Мусикиро аз Мирзокосими Хофиз, Ш. Шоумаров, Хочи Абдулазиз, Туйчии Хофиз ва Домулло Халим Ибодов омухтааст. Муаллими мусикии Омузишгохи педагогии Самарканд (1923 25), рохбари мусикии театри Самарканд (1925—26), рохбари бадеии Ансамбли асбобхои халкии назди Комитети радиои Узбекистон (1927—59), ташкилотчи ва рохбари бадеии Ансамбли макомхонони назди Комитети давлатии телевизион ва радиои Узбекистон. (1959—76). Рачаби дар ташаккули драмаи мусикии узбек сахми калон гузоштааст. Ба намоишномахои «Фарход ва Ширин»-и Хуршед (1922—25, бо хамкории Ш. Шоумаров), «Лайли ва Мачнун”-и Хуршед (1926), 4Рустам»-и У. Исмоилов (1933), «Аваз»-и А. Хидоятов (1935), «Холисхон»-и Хамза (1940), дар асоси сурудхои халки оханг эчод кардааст. Баъдтар мусикии драмахои «Кучкор Турдиев» (С. Абдулло ва Чусти, 1942, бо хамкории  Б. Надеждин), «Касос» (А. Умари ва Уйгун, 1941), «Фарход ва Ширин» (К. Яшин, 1944, бо хам- кории Г. Мушел), «Муканнаъ» (Х. Олимчон, 1943, бо хамкории С. Ча- лил), «Навои дар Астаробод» (И. Махсумов, 1968) ва гайраро офарид. Рачаби муаллифи охангхо, таронахо, асархо барои хор ва маршхо мебошад. Масалан, оханги сурудхои «Субхи Октябр», «Замони мо», «Ёр-ёр», «Туй дар Мирзочул», «Узбекистон», «Суруд ба васфи кахрамонон», «Дустии халкхо», «Бахор омад», «Барги гул», мусикии раксхои «Баёти ракс», «Дугохи ракс», «Пахта» ва гайра махсули эчодиёти у мебошапд. Рачаби хамчун сароянда ва навозанда низ машхур аст. Дар репертуари у тарона ва силсилаи охангхо аз макомхои «Гиря», «Нолиш», «Кучабоги», «Курд», «Каландари», «Шахнози Гулёр», «Баёт», «Дугохи Хусайни», «Чоргох», «Мискин» ва гайра мавкеи намоён доранд. Хизмати Рачаби хусусан дар чамъоварии мероси мусикии узбек калон аст. Солхои 1955—59 Рачаби асари панччилдаи «Мусикии халки узбек»-ро нашр намуд.

У нашри нави «Шашмаком»-ро (бо тахрири Ф. Кароматов) дар шаш чилд ба чоп тайёр кард (1966—74). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Хамзаи Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекитсон (1973).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.