Маълумоти охирин

РАБОТ

rabot

РАБОТ дар ибтидои асрхои миёна яке аз чор кисми шахр дар Осиёи Миёна, Эрон ва Афгонистонро гуянд. Шахрхо дар ин давра аз кухандиз, шахристон ва кабристон иборат буданд. Одатан кисми нисбатан наву сарсабзи шахр ё берун аз онро Работ меномиданд. Дар он бозор, дуконхои савдою хунарманди ва гайра чой мегирифтанд. Ба сабаби афзудани нуфуси шахрхо одамон берун аз онхо манзилгох месохтанд. Баъди ободу афзунтар шудани манзилгоххо онхоро ба шахристон хамрох карда, атрофашонро девор ме­гирифтанд. Работ хамчун кисми шахр дар Осиёи Миёна хануз пеш аз истилои араб вучуд дошт. Дар давраи истилои араб дизу шахристонхо хароб гашта, марказхои маъмури ба Работ кучонда шуданд, ки ин боиси ривочу равнаки онхо гардид. Работхои наздисархади чанд кабат деворхои мудофиави, анбор, курхона, хавлии калон ва гайра низ доштанд; Асрхои 12—13 мафхуми Работ хамчун кисми шахр аз байн рафт; 2) мусофирхона, корвонсароест, ки дар сари рохи корвонхо бино ёфта, аз икоматгох, огил, анбор, чойхона, чох, хавлии калон ва гайра иборат буда, бо девори мудофиави ихота мешуд. Дар чунин Работхо як ё якчанд оила доими мезистанд; 3) истехкоми харби, хавлихои деворбаланди богу дехот, икоматгоххои гозиён, каландарон (хонахо, каландархона), чордеворхои барои нигахдории чорво ва коху хошок таъиншударо низ Работ меномиданд.

Ад.: К у р е н н о й В. Н., Рабады в свете общей проблематики среднеазиат­ского города VII—XII вв.. Л., 1970.

Ю. Ёхубов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …