Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАБЛЕ Франсуа

РАБЛЕ Франсуа

francois-rabelais РАБЛЕ (Rabelais) Франсуа (1494, наздикии Шинон —9. 4. 1553, Па­риж), нависандаи франсави. Аз оилаи хукукшинос. Дар чавони рохиб буда, сипас дар унивепситетхои Франсия тахсил карда, илмхои гуногунро омухтааст. Доктори илмхои тиб (1537). Дар ибтидои фаъолияти эчодиаш (1532) «Афоризмзо»-и Букротро бо тавзехот ба нашр тайёр кардааст. Сипас ба эчоди асари мухими худ «Гаргантюа ва Пантагрю­эл» (иборат аз 5 кисм) пардохта, то охири умраш таълифи онро идома медод. Чор чилди аввали асар солхои 1533—1552 нашр шудааст. Рабле, ки аз илмхои хукук, тиб, филология, педагогика ва археологияи замонаш вукуфи комил дошт, асари энсиклопедие офаридааст, ки тамоми хаёти мадании давраи Эхёи Франсияро дарбар мегирад. Дар роман ахлок, илм, бехукуки ва таназзули дунёи фарсудаи феодали мазаммат шудааст. Рабле дунёи кухнаро зери танкид гирифта, гуманизм, тахаддуди хаёт, инсон ва имкониятхои беохири уро васф кардааст; чамъияти хаёлии озоду пешкадамеро тасвир намудааст. Рабле ва кахрамонони у бар зидди дунёбезори, барои инкишофи хамачихатаи шахсияти инсон мубориза мебаранд. Рабле яке аз устодони бузурги мазхака дар адабиёти дунёст. Таъсири у ба эчодиёти Ла­фонтен, Молер, Р. Роллан калон аст. Ос.: Гаргантюаи Пантагрюэл, М., 1966. Ад.:       Ба х т и н и., Творчество Ф. Рабле и народная культура Средневе­ковья и Ренессанса, М„ 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.