Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Посёлкаи Октябр

Посёлкаи Октябр

Октябр, посёлкаи типи шахри, маркази райони  Коммунистии вилояти Кургонтеппа. Дар сари рохи мошингарди Вахш — Кургонтеппа вокеъ аст. Аз Октябр то наздиктарин стансияи рохи охан— Кургоптеппа 16 килолметр. Ахолиаш 4600 нафар (1981), асосан точикон, инчунин узбекхо, русхо ва гайра.

Мактаби миёна, хонаи маданият, кинотеатр, китобхона, 2 богчаи бачагон, шуъбаи алока, касалхона, дорухона, комбинати хизмати маиши, 13 нуктаи савдо ва гайра дорад. Дар Октябр редаксияи газетаи райони, идораи хочагии об, пунктхои кабули пилла ва пахта, Иттиходияи байнихочагии гусфандпарвари, Управленияи рохсозии ра­ками 32, Колоннаи сайёри механиконидашудаи раками 7, пункта вете­ринари, филиал дар Кургонтеппа будаи стансияи хизмати техникии мошин- хои сабукрав низ чойгиранд. Сохахои асосии хочаги: пахтакори, чорводори, богу токдори. Заминхо аз дарёи Вахш обёри мешаванд.

Октябр соли 1937 хамчун деха бунёд гардида, то соли 1959 маркази собик райони Октябри вилояти Кургонтеппа буд. Солхои 1959—67 — маркази Совети кишлоки Ок­тябр, аз 25 ноябр 1967 — посёлкаи типи шахр ва маркази С. п. Октябр, аз 17 октябр 1980 — маркази pайони Коммунисти.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …