Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Пойтахти Неамей

Пойтахти Неамей

Неамей (Niamey), пойтахти Рес­публикаи Нигер. Маркази маъмурии департаменти Ниамей. Дар сохили дарёи Нигер вокеъ гаштааст. Иклимаш субэкватори; харорати миёнаи солона 25° С; боришоти солона 350 мм. Ахолиаш беш аз 250 хазор нафар (1980). Ниамей— маркази асосии сиёси, иктисоди ва мадании мамлакат. Узели мухи­ми наклиёт ва бандари дарёи; аэ­ропорташ дорои ахамияти байналхалкист.

Маркази савдои махсулоти хочагии кишлок (чорво, пуст, чарм, чавзи хинди, пахта ва гайра). Фабрикаи бофандаги, корхонахои саноати хуроквори (саллоххона, заводхои шир, орд, пиво ва гайра) ва масолехи бинокори, устохонахо ва стансияи электрии омави дорад. Хунарманди (заргари, кандакории чуб, кулолгари ва гайра) ривоч ёфтааст. Дар Ниамей унивеситет, Мактаби маъмурии милли, Мактаби миллии нигахдории тандурусти, муассисахои илми (Бюрои оид ба геология ва кухкори, Маркази тадкикоти ичтимои, Маркази техникии парвариши чангалхои тропи­ки ва гайра), китобхона, Музеи милли, боги хайвонот мавчуданд.

Ниамей аз августи 1960 пойтахти Республи­каи Нигер аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …