Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планкашии хочагии халк

Планкашии хочагии халк

Планкашии хочагии халк, методи асосии амалигардонии сиёсати иктисодии Партияи Коммунисти, ки ба хаматарафа баланд бардоштани куввахои истехсолкунандаи чамъият ва пурраю бештар конеъ гардонидани талаботи моддию мадании халк равона карда шудааст. Бо ёрии Планкашии хочагии халк давлат мураккабтарин просессхои мехнати чамъиятиро идора мекунад, истехсолот, таксимот ва мубодилаи неъматхои моддиро ташкил ва танзим менамояд. Методологиям планкаши ба наза­рияи марксисти-ленинии_ такрорис- техсоли васеи сотсиалисти ва истифодаи бошууронаи конунхои объективии иктисодии сотсиализм такя мекунад. Аз рун план на мутаносибан инкишоф ёфтани иктисодиёти сотсиалисти конунияти объективиест, ки аз тарафи истехсолоти чамъияти муайян карда шудааст.

Планкашии хочагии халк тараккиёти тези иктисодиётро таъмин намуда, ба дуруст чо ба чо кардани куввахои истехсолкунанда, самаранок истифода бурдани комёбихои илму техника, сарфакорона ба кор андохтани захирахои модди, мехнати ва молиявии чамъият имкониятхои хуб фарохам меоварад. Планкаши конуни тараккиёти мунтазами хочагии халц ва дигар конунхои иктисодии сотсиализм буда. факат дар шароити моликияти чамъияти будани воситахои истехсолот имконпазир мегардад.

Вазифаи асосии плакаши тараккиёти мутаносиби хочагии халк ва кисмхои чудогонаи онро таъмин намудани ва бо хамин дарачаи самаранокии истехсолотро баланд бардоштан аст. Хангоми тартиб додани планхои хочагии халк комёбихои илм ва техника ба назар гирифта мешаванд. Планхои тараккиёти хо­чагии халк характери директиви дошта, баъд аз тасдик шудан ба хукми конун медароянд ва ичрояшон хатми мегардад. Принсипи асосии планкаши дар идоракунии хочаги сентрализми демократи мебошад. Дар вакти тартиб додани планхои хочагии халк ягонагии планкашии чори ва планкашии перспективи риоя карда мешавад.

Плани давлати чихатхои гуногуни хочагии халкро дар бар мегирад. Дар план супоришхои оид ба истехсолот, таксимот, боркашони, чори намудани техникаи нав, сохтмони асоси, таъмин кардани истехсолот бо ашёи хом, супоришхои сохаи мехнат ва музди кор, гардиши мол, таъмини тараккиёти босуръати сохахои мухимтарин, тараккии республикахои иттифоки ва районхои иктисоди инъикос меёбанд. Хамаи чихатхо ва кисмхои хочагии халк бо хамдигар узван алокаманданд. Ин алокаманди бояд дар планхои тараккиёти хочагии халк низ инъикос ёбад.

Асоси Планкашии хочагии халкро аз рузхои аввали галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр гузоштанд. Декабри 1917 Совети Олии Хочагии Халк (ВСИХ) ташкил шуд, ки он аввалин органи планкашии Давлати Совети буд. Феврали1920 Комиссияи давлатии электриконии Рос­сия — ГОЭЛРО ташкил ёфт. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани таносубхои хочагии халк барои таъмин кар­дани зиёдии махсулот, бо тезй ама­лигардонии чойгиронии минтакави саноат тагйир ёфт. Шакли асосии планхо дар ин давра планхои бехтар оперативонаи квартали, мохона ва дахрузаи хочагии халк буд. Вазифахоро аз руи мухимтарин шаклхои махсулоти харби Комитети давлатии мудофиа (ГКО) барои заводхо бевосита муайян мекард. Баъди чанг дар асоси планхои панчсолаи перс­пективи вазифахои аз нав баркарор намудани хочагии халк, гузаштан ба дарачаи баланди тараккии иктисоди ва ичтимои хал карда мешуданд.

Дар давоми чор панчсолаи баъди- чанги (1946—1965) программаи азими такмили техникии истехсолот, афзудани суръати хосилнокин мехнат, баланд бардоштани некуахволии халк амали гардонида шуд. Планкашии хочагии халкро бевосита органхои маркази (Госплани Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, вазоратхо), Комитетхои планкашии давлатии респуб­ликахои иттифокию автономи, органхои плании махалли — комиссияхои плании комичроияхои кишвари, вилояти, шахри ва Советхои районии депутатхои халки ва аппарати пла­ни дар корхонахо амали мегардонанд.

Планхои тараккии хочагии халк характери директиви доранд. Ин планхоро дар сессияхои Совети Олии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР тасдик мекунанд ва ичрои онхо на танхо барои корхонахо, балки барои органхои болои низ хатми мегарданд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР барои инкишофи базаи планкашии хозиразамони техники, дар навбати аввал бо рохи истифодаи харчонибаи ЭВМ (MХЭ.) кори зиёдеро анчом медиханд. Махсусан карорхои Пленуми сентябрии (1965) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ва съездхои 24, 25 ва 26-уми партия ба ин басо мусоидат намуданд.

Адабиёт: Материалхои съезди 26 Пратияи Коммунистии Иттифоуи Совети КПСС. Душанбе, 1981; Экономическое планирование в Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1967; Планирование народно­го хозяйства СССР, под редактированием Л. Я. Бер­ри. Москва 1973.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.