Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Плани таълим

Плани таълим

Плани таълим, плани хониш хуччатест, ки фанхои таълимии донишгох таксимоти онхо ба солхои тахсил, микдори соатхои хафтаина ва солонаи хар фанро му­айян менамояд. Плани таълими мактабхои маълумоти умумии Россияи тореволютсиони асосан хусусиятхои синфи ва табакавиро ба назар мегирифт. Плани таълими мактабхои ашрофзодагон до­дани донишеро, ки барои гирифтани маълумоти оли зарур аст, пешбини мекард. Плани таълими мактабхое, ки дар онхо фарзандони мехнаткашон мехонданд, махдуд буд, маълумоти хаматарафа намедод. Мактабхои кухнаи аморати Бухоро тамоман Плани таълим надоштанд. Хар омузгор мувофики равияи дониши худ аз руи китобхои пешина дарс мегуфт. Микдори дарсхо, танаффус, таътил ва гайраро низ худи омузгор мукаррар мекард.

Дар СССР ва дигар мамлакатхои сотсиалисти дар мактабхои маълумо­ти умуми Плани таълими ягона чори шуда­аст. Плани таълими мактаби совети ба тарбияи коммунистии насли наврас, додани маълумоти умуми ва политехники, инкишофи хаматарафаи хо­нандагон, омода кардани онхо ба ха ёт, мехнат ва тахсил дар мактабхои миёнаи махсус ва оли нигаронда шудааст. Соатхо барои омузиши ин ё он фан дар Плани таълими вобаста ба ахамияти онхо чудо карда мешаванд, Плани таълимии мактабхоро вазоратхои маорифи халки республикахо тасдик мекунанд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР Плани таълими мунтазам такмил дода мешавад.

Дар як катор мамлакатхои капиталисти мактабхои маълумоти умуми Плани таълимии ягона надоранд. Дар Британиян Кабир, Республикаи Федеративии Германия ва дигар мамлакатхо Плани таълими факат барои кабулм фарзандони сарватдорон ба мактабхои оли рох мекушояд. Дар Штатхои Муттахидаи Америка хар штат барои худ Плани таълими  мураттаб менамояд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.