Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планхои панчсолаи тараккии хочагии халки СССР

Планхои панчсолаи тараккии хочагии халки СССР

Планхои панчсолаи тараккии хочагии халки СССР, шакли асосии кашидани плани тараккии ичтимоию иктисодии мамлакат, кисми таркибии системаи планхои дарозмуддат, миёнамухлат (панчсо­ла) на планхои чории хочагии халк, мебошад. (Нигаред Планкашии хочагии халк). Планхои панчсола максади плани дарозмуддатро аниктар карда, мухлати ичрои мунтазами онро муайян мекунанд, барои аз чихати техникию иктисоди пурра асоснок кардани вазифахое, ки дар солхои минбаъда дар назди хочагии халки .мамлакатамон истодаанд, тадбирхо пешбини мекунанд. Хар як плани панчсола вазифаи асосии иктисоди дорад, ки ба чихатхои хоси хамин давра мувофикат мекунад ва дар тараккии хочагию сиёсии мамлакат зинаи наве мебошад. Давлати Совети тавассути планхои панчсола захирахоро ба халли вазифахои барпо кардани базаи моддитехникии комму­низм ва баланд бардоштани дарачаи накуахволии моддии халк равона мекунад.

Хангоми тартиб додани планхои панчсола, пеш аз хама, ба талаботи конунхои объектвии иктисодии со­тсиализм мувофик будани онхо — ба комёбихои хозиразамон ва перспективахои инкишофи илму техника, ба талаботи чамъият ва имкониятхои реалии конеъ гардонидани ин талабот асос ёфтани планхо таъмин карда мешавад. Дар планхои панчсола суръату таносуб, хачми истехоолу сохтмони асосии сохахо ва территорияхои алохида, вазифахои кор кар­да баромадан ва чори намудани техникаю технологияи нав дар хочагии халк инкишофи консентрасия, такмилу васеъ намудаии махсусгардониву кооперативонии истехсолот, окилона чобачокунии куввахои истехсолкунанда, инкишофи робитахои иктисодии беруни (махсусан бо мамлакатхои аъзои СЭВ), тадбирхои ба­ланд бардоштани дарачаи моддию мадании зиндагонии халки совети ва гайра муайян карда мешававд.

Талабхои мухимтарини планхои панчсола инхоянд: дар асоси тезонидани суръати прогресси техники ва бехтар истифода намудани захирахои моддию молияви ва мехнати ба­ланд бардоштани истехсолоти чамъияти, паст кардани арзиши аслии махсулот, афзоиши хосилнокии мехнат, истифодаи пурраи иктидори истехсоли, кам кардани сарфи ашёи хом, сузишвори, масолех ба вохиди махсулот, муттасил ‘бехтар намудани сифат, тезонидани суръати сохтмони объектхои нав ва ба истифода до­дани онхо.; чихатхои милли ва дигар хусусиятхоро ба хисоб гирифта, та­раккии комплексии хочагии республикахои иттифоки ва нохияхои иктисодиро таъмин кардан. Супориши планхои панчсола рафти тараккии иктисодиёти мамлакат, дигаршавии талаботи чамъият ба ин ё он махсу­лот, захирахои молиявию моддиро ба хисоб гирифта дар планхои солонаи хочагии халк муайян карда ме­шавад.

Планхои панчсоларо бо супориши Партияи Коммунисти ва Хукумати Совети органхои планкашии давла­ти, маъмурию истехсоли ва муассисахои илми тартиб медиханд ва он аз ду мархала иборат аст: 1) муай­ян кардани роххои асосии тараккии хочагии халки мамлакат дар давраи планкаши. Вазифаи асосии он му­айян кардани проблемахои асоси ва мухимми давраи планкаши ва нишон додани роху воситахои халли ин проблемахо; 2) дар асоси Директивахои тасдикнамудани съезди Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС тартиб додани плани панчсолаи тараккии хочагии халки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ва таксими супоришхои солонаи вазоратхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, республикахои иттифоки ва нохияхои иктисодии мамлакат.

Аз охирхои соли 1928 хочагии халки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР дар асоси планхои панчсолае, ки идеяхои ленини ва нуктахои назарии планкашии перспективи, сиёсати ичтмоию иктисодии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС-ро тачассум мекунанд, таракки меёбад. Хар як плани панчсола дар тараккии ичтимои, иктисоди ва техникии мам­лакат давраи мухим буда, дар таносуб ва структураи истехсолоти чамъияти пешравии сифатан навест.

Плани панчсолаи  якум(1929—32) дар асоси Директивахои Съезди 15-уми Вакилони Комитети Партиявии(б) (1927) тартиб дода шуд ва онро Съезди 5-уми умуиттифокии Советхо (1929) тасдик намуд. Вай давоми мантики ва инкишофи идеяи плани даррозмуддати ГОЭЛРО буд. Вазифаи асосии плани панчсола аз бунёди тахкурсии иктисодиётй сотсиалисти, минбаъд махдуд кардани унсурхои капиталисти дар шахру дехот, мустахкам наму­дани кобилияти мудофиавии мамла­кат иборат буд. План вазифа ва тад­бирхои аз мамлакати аграри ба давлати мутараккии саноати табдил до­дани Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, коллективонии кисми зиёди хочагихои дехкононро пешбини кард.

Кисми асосии планро программаи сохтмон ташкил дод, ки он ба таъмини пешравии чиддии техникаи истехсолот, ташкил ва чобачокунии он равона шуда буд. Хачми умумии маблаги плани панчсолаи якум 7,8 миллиард сум ва нисбат ба 11 соли гузашта (1918—28) 2 баробар зиёд буд. Нисфи маблаги умуми ба тараккии саноат (бештар аз 75% он ба сохахои индустрияи вазнин) ва наклиёт пешбини шуда буд.

Якчанд супоришхои истехсоли ва сохтмони плани панчсолаи 1-ум — сохтани базаи 2-юми ангишту ме­таллургия дар Урал ва Сибир дар съезди 16-уми партия пурра ва аник карда шуданд.

Манбаъхои асосии маблаггузории асоси фоида ва даромади рентаи кор- хонахои давлатию кооперативи буд. Барои ичрои программаи сохтмон хиссаи андухт дар даромади милли зиёд карда шуд: аз 21,3%’ (1928) то 26,9% (4932). Мусобикаи сотсиалисти барои пеш аз мухлат ичро намудани супоришхои панчсола вусъат ёфт. Дар натича ин плани панчсола дар 4 солу 3 мох ичро шуд.

1500 корхонаи наву калони саноатии давлати ба кор андохта, якчанд сохахои нав — трактору автомобил, дастгоху. асбобсози, истехсоли алю­минию саноати авиасия ва химия аз нав сохта шуданд. Дар металлургияи сиёх, — сохаи хеле мухимми саноати вазнин, ки ба индустрикунонии мамлакат асос шудааст, сохахои электрометаллургия, истехсоли хулахои сахту бадошт, пулоди хушсифат ба вучуд омаданд. Саноати нефт ва дигар. ‘Сохахои саноати вазнин куллан аз нав сохта шуданд.

Днепрогэс-л ба номи Владимир Илич Ленин, стансихои электрии олавии районии Зуево, Челябинск, Сталинград ва Белоруссия ба кор даромаданд. Дар шарки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти базаи 2-юми ангишту металлургия—Комбинати Урало-Кузнеск сохта шуд. Комбинати ме­таллургии Кузнеск ва Магнитогорск, дар Донбасс, Кузбасс ва Караганда конхои калонтарини ангишт, заводи тракторсозии Сталинград, Харков, заводхои автомобилсозии Москва, Горкий, комбинатхои селлюлозаи когази Кондопогаю Вишерск, 3аводи нурихои нитрогендори Березники, Комбинати меланжи Иваново, 3аводи 1-уми подшипниксозии давлатии Москва ва корхонахои зиёде бино ёфтанд.

Даромади миллии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР такрибан 2 баробар, истехсолоти саноати бештар аз 2 баробар, хосилнокии мех- нат дар саноат 41 % афзуд. Дар структураи саноат ва тамоми сохахои иктисодиёти мамлакат пешравии калон ба амал омад. Таносуби махсулоти гурухи «А» дар хачми умумии махсулоти хама сохахои саноат аз 39,5% (1928) ба 53,4% (1932) ра- сид. Махсулоти мошинсози ва коркарди металл 4 маротиба зиёд шуд. Соли 1932 такрибан 78% замини кишт ба колхозу совдозхо ва дигар хочагихои давлати тааллук дошт, ки 84%-и махсулоти галлаи мамлакатро медоданд.

Дар давоми панчсола бо максади ичрои плани ГОЭЛРО корхои асоси анчом дода шуданд. Программаи сохтмони стансияхои электри, ки дар план пешбини шуда буд, барзиёд ичро гардид. Иктидори стансияхои электрии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР дар ин солхо кариб 2,5, истехсоли кувваи электр 2.7 ба­робар афзуд.

Дар натачаи индустронии сотсиа­листии мамлакат ва коллективонии хочагии кишлок  базаи мадани хеле васеъ ва шумораи ‘коргарону мутахассисони баландихтисос зиёд шуд. Солхои хониши1932/33 шумораи хонандагони мамтабхои оли нисбат ба солхои 1927/28-ум 3 баробар талабагони техникумхо зиёда аз 3 маротиба, микдори хонандагони мактабхои ибтидои 2 баробар зиёд шуд.

Дар натичаи ичрои супоришхои панчсолаи 1-ум тахкурсии иктисо­диёти сотсиалисти — индустрияи пуриктидори вазнин ва хочагии уишлоки коллек- тивии механиконидашуда бунёд гардид, ки ин устувор гардидани моликияти сотсиалисти будани воситахои истехсолотро нишон медод. Дар мамлакат бекори аз байн рафт, рузи кории 7-соата чори шуд.

Хусусан, хаёти хочагию мадании республикахо  ва вилоятхо хеле пеш рафт. Истехсоли махсулот дар Иттифоки Совети 2 маротиба ва дар республикахо ва вилоятхои милли бошад, 3,5 баробар афзуд. Рохи тезонидани суръати индустронии республикахою вилоятхои милли дар панчсолахои минбаъда низ давом дода шуд.

Плани панчсолаи дуюм (19.33—37)-ро Съезди 17-уми Вакилони Комитети Партияи(б) (1934) тасдик намуд. План вазифахои мухимми ичтимоию иктисодии зеринро ба миён гузошт: тамоман бархам додани унсурхои капиталисти, пурра бартараф намудани сабабхои истисмори одам аз тарафи одам, ба охир расонидани сохтмони базаи техникии хамаи сохахо. Дар натичаи ичрои план чамъияти сотсиалисти, базаи моддию техникии сотсиализм асосап барпо карда шуд, структураи нави синфии чамъияти сотсиалисти таркиб ёфт, хамкории бародаронаи халкхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР мустахкам гардид.

Системаи хочагии сотсиалисти хукмрон гардид. Таносуби сектори сотсиалисти дар истехсоли фондхои мамлакат 99%, аз он чумла дар ис­техсоли фондхои давлати 90% -ро ташкил кард. Кариб 95%-и ахоли дар хочагихои сотсиалисти кор мекард ва бо он алокаи зич дошт. Соли 1937 хочагии сотсиалисти 99%-и даромади миллй, 99,8%-и махсулоти умумии саноат ва 98,5%-и махсулоти умумии хочагии кишлокро истехсол кард. 100%’ муомилоти моли чаканаро савдои давлати ва кооперативи ташкил мекард. Ун­сурхои капиталистии шахру дехот тамоман бархам хурданд. Даромади милли назар ба соли 1932 2,1, махсулоти саноат 2,2, аз он чумла махсулоти мошинсози 2,8, махсулоти саноати химия 3 баробар афзуд. Истехсоли кувваи электр 2,7 маротиба зиёд шуд. Сохахои саноати сузишвори дар заминаи базаи мустахками техники таракки карданд. Баробари дучанд шудани истехсоли ангишти мамлакат истехсоли он дар Кузбасс 2,6 маро­тиба афзуд. Истехсоли нефт умуман 37%, дар Бошкирдистону Казокистон такрибан 4 баробар афзуд.

Микдори махсулоти саноат дар хачми умумии махсулоти саноат ва хочагии кишлок аз 70,2% (1932) ба 77,4% (1037) расид. 80%-и махсулоти саноатро кор­хонахои наве доданд, ки дар сол­хои панчсолахои 1-ум ва 2-юм сох­та шудаанд. Боркашонии наклиёти рохи охан дар давоми панчсола зиёда аз 2 маротиба афзуд. Хосилнокии мехнат дар саноат 90%- афзуд, ки ин натичаи баланд шудани дарачаи тех­ники ва истифодаи босамари техникаи нав буд. Коллектнвонии хочагии кишок ба охир расид ва сохти колхози барпо карда шуд. Охирхои соли 1937 дар хочагии кишлок 456 хазор трактор ва такрибан 129 хазор комбайн кор мекард. Мах­сулоти хочагии кишлок 1,3 баробар, аз чумла хосили умумии зироати галладона 1.7, пахта 2 баробар зиёд шуд. Соли 1937 киштзори зироати хочагии кишлок ба 135,3 миллион гектар расид. Истехсоли молхои истеъмолии халк 2 баробар афзуд.

Ба туфайли ичрои программаи сохтмони панчсолаи 2-юм хачми маб- лаггузории асоси 19,9 миллиард сумро ташкил дод, ки назар ба панчсолаи 1-ум 2,3 баробар зиёд буд. 4500 корхонаи калони саноатии давлати ба истифода дода шуд. Корхонахои калонтарини сохташуда инхоянд: заводхои мошинсозии вазнини Уралск на Краматорск, заводхои вагонсозии Уралск ва тракторсозии Челябинск, заводхои металлургии Кривой Рог, Новолипеск, Ковотулск, «Азовстал» ва «Запорожстал», комбинатхои бофандагии Тошкент, матоъхои пахтагини Барнаул ва якчанд корхонахои дигар. Программаи сохтмони рохи охан ичро гардид, иншоотхои калони наклиёти оби — Канали Беломору Бал­тика ва Канали ба номи Москва ба кор даромаданд. Стансияхои элект­рии олавии райони Дубровка, Но­вомосковск, Кемерово, Среднеуралск ва стансияхои электрии обии Ниж­несвирск, Рионск, Канакёрск ба истифода дода шуданд. Соли 1935 навбати якуми метрополитени Москва ба кор андохта шуд.

Сохтмони манзил ва ичтимоию ма­дани хеле вусъат ёфт. Дарачаи мод­дию мадании хаёти мехнаткашон баланд гардид. Таълими ибтидоии умуми чори карда шуд, маълумоти умуми, миёнаи махсус ва оли инкишоф ёфт. Ба ташаккули интеллигенсияи нави совети, ки ва синфн коргар ва дехконон баромадаанд, дикка- ти калон дода шуд, просесси револютсияи мадани давом мекард. Соли 1934-ум 40% донишчуёни мактабхои оли хатмкунамдагони рабфакхо бу­данд. Микдори театрхо, кино, клубхо ва китобхонахо, шифохонахо ва хонахои истирохат хеле афзуд.

Плани панчсолаи сеюм (1938—42)-ро Съезди 18-уми Вакилони Комитети Партиявии(б) (1939) тасдик намуд. Дар ин панчсола пешбини шуда буд, ки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР бояд аз руи истехсоли махсулот ба дар сари ахоли ба мамлакатхои ин­дустриалии мутараккии капиталис­ти баробар шавад ва аз он пеш гузарад. Дар карорхои съезд гуфта ме- шуд, ки СССР асосан сотсиализмро барпо намуда, ба давраи анчоми сохтмони чамъияти сотсиалисти ва тадричан аз сотсиализм ба комму­низм гузаштан кадам гузошт. Азбаски вазъияти байналхалки му­раккаб буд, дар план на танхо масъ- алахои баланд бардоштани иктидори индустриали, мустахкам кардани сох­ти колхоази, баланд бардоштани да­рачаи моддии зиндагии оммаи халк, инчунин масъалаи минбаъд баланд бардоштани иктидору кобилияти мудофиавии мамлакат ба вучуд овардани захирадхои калони давлати низ пешбини шуданд.

Дар 3 соли аввали панчсола мах­сулоти умумии хама сохахои сано­ат 45% ва мошинсози зиёда аз 70% афзуд. Дар зарфи сеюним соли панч­сола (1938 ва нимсолаи аввали 1941) маблаггузори ба хочагии халк 21 миллиард сумро ташкил дод, 3000 корхонаи нави калони саноатии давлати ба истифода дода шуд. Стансияхои электрии олавии районки(Кураховск, Куввасой ва Ткварчели, стансияхои электрии обод Угличу Комсомол ба кор даромаданд. 3аводхои металлургии Новотагил ва Петровск-Забайкалский, заводхои мисгудозии Средне- Уралск ва Балхаш, 3аводи коркарди нефти Уфимский, 3аводи автомобили камлитражи Москва, 3аводи сементи Енакиева, комбинатхои селлюлозаю когази Сегежаю Мариес сохта шуданд. Шумораи коргарону хизматчиёни хочагии халк аз 11,4 миллион (1928) ба 31,2 миллион (1940) расид. Муассисахои касбхои техникии навъи умуми ташкил шуданд, ки барои ха­маи сохахои истехсолот ва хизмати маиши кадрхои баландихтисос тайёр мекарданд. Охири солхои 30-юм таълими 7-сола асосан чори шуд. Микдори донишчуёни мактабхои оли ва миёнаи махсус хеле афзуд. Ас­пирантураи назди мактабхои оли ва институтхои тадкикоти илми хеле инкишоф ёфт.

Хучуми ахдшиканонаи Германияи фашисти (июни 1941) ба Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР кори ичрои бомуваффакияти планхои панчсолаи 3-юмро халалдор кард. Иктидори иктисодии рузафзуни мамлакат, ки натичаи ичрои планхои панчсолаи 1-ум ва 2-юм буд, талабаи оламшумули таърихии халки советиро бар душмани пурзур таъ- мин кард. Чунончи, соли 1940 фондхои асосии истехсолии хочагии халк нисбат ба соли 1928-ум 2,4, даромади милли зиёда аз 5, махсулоти умумии саноат 6,5, аз чумла истехсоли воситахои истехсолот 10 баробар афзуд. Махсулоти умумии хочагии кишлок 32% зиёд шуд, соли 1940 киштзори зироати хочагии кишлок аз 113 миллион (1928/ ба 150,6 миллион гектар расид. Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ба туфайли афзалияти суръати тараккии иктисодиёташ дар арафаи Чанги 2-юми чахон (1939— 45) аз руи хачми истехсоли махсу­лоти саноат дар Европа чои 1-ум ва дар чахон чои 2-юмро ишгол кард. Солхои Чанги Бузурги Ватани дар акибгох ва баъдхо дар нодияхои аз фашистони истилогар озодшудаи мамлакат тараккии иктисодиёти совети дар асоси планхои солона, семоха ва мохона ба рох монда шуд.

Солхои чанг (аз 1 июли 1941 то 1 январи 1946) 3500 корхонаи нави калони саноати бино ва 7500 корхона аз нав баркарор карда шуд.

Баъди ба охир расидани чанг плани панчсолаи чорум (1946— 50) тартиб дода шуд ва онро мохи марти 1946 Совети Олии СССР тасдик намуд.. Ин панчсола баркарор кардани районхои вайроншудаи мам­лакат, ба дарачаи пешазчангии та­раккии саноат ва хочагии кишок расидан ва минбаъд дар ин асос бехтар кардани зиндагии халки советиро вазифахои асосии хочагию сиёси донист. Супоришхои плани панчсола пеш аз мухлат ичро гардиданд. Иктидори ис- техсолии мамлакат пурра баркарор шуд ва хеле афзуд. Соли 1950 махсуло­ти умумии саноат назар ба соли 1940-ум 73%, фондхои асосии истехсоли 24%, даромади милли 64% зиёд шуд. Маблаггузории асосии хочагии халк 48 миллиард сумро ташкил дод. Мошинсози ва саноати химия, сохахои ашёи хоми саноат таракки карданд, базаи моддию техникии хочагии кишлок мус­тахкам гардид.

Дар давоми панчсола якчанд корхонаи нави калони саноатии давлати сохта ва 6200 корхонаи солхои чанг вайроншуда баркарор карда шуданд. Стансияхои электрии олавии районии Нижнетуринск, Щёкино, стан­сияхои электрии обии Фарходу Храмск, Нива-ГЭС Ш, 3аводи металлур­гии Закавказия, Комбинати сурбу руди Уст-Каменогорск ба кор даромаданд. 3аводи турбинасозии Калуга, заводхои дастгохи вазнинсозии Коломнаю Рязан ва автомобилсозии Ку­таиси махсулот доданд. Газопроводхои Саратов — Москва, Кохтла-Ярве — Ленинград, Дашава — Киев сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони иншоотхои калонтарини энергетики, каналхо ва системахои нави обёри, ба вучуд овардани минтакахои бешазор дар нохияхои дашти мамлакат cap шуд.

Илми совети ба муваффадиятхои калон ноил гашт, дар сохахои гуногуни илму техника кашфиёт ва ихтироъхои бузург карда, барои ба­ланд бардоштани дарачаи зиндагии халк тадбирхои чидди андешида шу­данд. Дар шахру посёлкахои коргарнишин зиёда аз 100 миллион метр2 (дар дехот 2,7 миллион метр2) хонахои истикомати сохта шуданд. Системаи кар­точка ба молхои истеъмолии халк (1947) бекор карда шуд, нархи уму­мии ин молхо такрибан 2 баробар паст фуромад. Дар хама чо гузаштан ба таълими хатмии 7-сола cap шуд.

Съезди 19-уми  Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1952) чунин вазифахои асосии плани панчсолаи панчум (1951—55)-ро муайян кард: дар асоси инкишофи саноати вазнин ва суръати баланди афзоиши махсулнокии мехнати чамъияти минбаъд хам таракки додани хама сохахои хочагии халк; бехтар кардани сифат ва навъи махсулот. План программаи васеи баланд бардоштани дарачаи зиндагии халкро пешбини намуд.

Дар натичаи ичрои план даромади милли 71%, фондхои асосии истех­солии хочагии халк 62%, махсулоти саноат 85 %\ махсулоти хочагии кишлок 21% афзуд. Ба сохтмони якчанд сохахои нави мошинсози, инчунин энергияи атом замина гузошта шуд. Хачми маблагтузории асоси ба 90%’ расид. Махсулоти мошинсози ва металлкоркуни назар ба соли 1950-ум 2,2 баробар, хосилнокии мехнати 1 коргари са­ноат 49%’ зиёд шуд. Супоришхои бештар истехсол кардани молхои ис­теъмолии халк барзиёд ичро гардид. Хусусияти мухими плани панчсолаи 5-ум ба хам наздик шудани суръати инкишофи истехсоли воситахои ис­техсолот ва истехсоли молхои истеъмоли буд. Агар дар панчсолаи 4-ум суръати афзоиши махсулоти гурухи «А” аз суръати афзоиши махсулоти гурухи «Б»- 36% баланд бошад, пас дар панчсолаи 5-ум ин ракам 4% шуд. Барои таракки додани хочагии кишлок тадбирхои мухим анде­шида шуданд. Соли 1955 киштзор аз 146,3 миллион гектар (1950) ба 186 миллион гектар расид. Зироати заминхои навкорам ва бекорхобида, аз кадр таъмин кар­дани колхозхо, баланд бардоштани мавкеи принсипи хавасмандии моддии колхозчиён ва дигар тадбирхо афзоиши истехсоли махсулоти хочагии кишлокро таъмин намуданд.

3200 корхонаи нави калони сано­атии давлати сохта шуд. Стансияхои электрии олавии районни Приднепровск, Черепет, Кузбасси Чануби, Серово ва Урали Чанубй ба кор даромаданд. Соли 1954 аввалин дар чахон стансияи электрии атоми ба кор даромад. Стансияхои электрии обии Кама, Горкий, Симлянск, Каховка, Усть-Камевогорск, Мингечаурск, Гюмуш ба истифода дода шуданд. Комбинати металлургии Орско-Халллово, 3аводи металлургии Череповеск, ком­бинатхои калийи Березники, нефткоркунии Новокуйбишевск ва гайра сох­та шуданд. Сохтмони Канали киштигарди Волгаю Дон ба номи Владимир Илич Ленин ба охир расид. Музди мехнати реалии коргарону хизматчиён 39%, даромади дехконон ба хисоби 1 коргар 1,5 баробар афзуд. Хамкории иктисоди бо мамлакатхои сотсиалисти, махсусан дар доираи СЭВ хеле вусъат ёфт.

Ичрои планхои панчсолаи 4-уму 5-ум имкон дод, ки аз дарачаи пеш- азчангии тараккии иктисодии мам­лакат хеле пеш равем. Соли 1955 арзиши хамаи фондхои асосии истехсоли назар ба соли 1940-ум 2 баробар ва даромади милли 2,8 маротиба афзуд.

Вазифаи асосии иктисодии пла­ни панчсолаи шашум (1956— 60) аз он иборат буд, ки дар заминаи бештар таракки додани саноати вазнин, прогресси бемайлони техники, афзоиши хосилнокии мехнат, инки­шофи минбаъдаи хочагии халк, алалхусус сохахои прогрессивии саноат, тараккии хочагии кишлок ва дар ин асос дарачаи баланди некуахволии моддии халк таъмин карда шавад. Дар  панчсолаи 6-ум даромади милли 54%, махсулоти умумии саноат 64%, мах­сулоти хочагии кишлок 32% зиёд шуд. Хачми умумии маблаггузори аз 91,1 миллиард сум (панчсолаи 5-ум) ба 170,5 миллиард сум расид, ё 87% афзуд. Сохахои на­ви истехсолот — дастгохсози, радио­техника ва электротехника, истехсоли молхои маиши ва асбобхои рузгор (яхдон, мошинхои чомашуй ва гайра) ба вучуд омаданд. Хосилнокии мехнати 1 коргари саноат 37%, сохтмон 54% ва наклиёти рохи охан 48% афзуд. Хачми муомилоти моли чакана 57 зиёд шуд. Программаи азими зироати заминхои навкорам ва бекорхобида давом дода шуд. Соли I960 за- мини кишт ба 203 миллион гектар расид.

Дар тули солхои 1956—58-ум 2690 корхонаи калони саноатии давлати ба истифода дода шуд, сохтмони Стансияи электрии обии Волга ба номи Владимир  Илич Ленин ба охир расид ва хати баландшиддати электргузаронии ГЗС-и Волга — Москва ба кор даромад. Стансияхои электрии обии Иркутск, Новосибирск, Кайроккум, Тнибули, Арзни ва стансияхои элект­рии олавии районки Том — Усинск, Верхпетагил ба кор даромаданд. 3аводи хулахои бадошти Серов, заводхои нефткоркунии Новогорковск ва Вол­гоград, Комбинати химияи Саратов ва дигар корхонахо ба истифода дода шуданд. Соли 1950 газопроводи Став­ропол — Москва ба кор даромад.

Зарурати халли чанд проблемахои мухимми аз доираи плани панчсола берунмондаи хочагии халк, дарёфти воситахои иловаги барои сохтмони ичтимоию мадани, инчунин кашфи конхои самарабахши сарватхои табии такозо намуданд, ки супоришхои 2 соли охири панчсолаи 6-ум дигар карда ва плани хафтсола (1959—65) тартиб дода шавад. Съез­ди 21-уми гайринавбатии  Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1959) таракки додани куввахои истехсолкунандаи хама сохахои иктисодиёт, хеле зиёд намудани иктидори иктисодии мамлакат, муттасил баланд бардоштани дарачаи некуахволии халкро вазифаи асосии ин план донист. Махсусан ба тараккии сохахои хеле самарабахши истехсолот диккати чидди дода шуд. Про­граммаи васеи прогресси техники ва минбаъд баланд бардоштани дарачаи консентрасия, махсусгардони ва кооперативонии истехсолот, танзими музди мехнат, вусъат додани сохтмони манзил пешбини шуд.

Аз руи нишондихандахои асоси план ичро гардид. Соли 1965 даромади милли назар ба соли 1958-ум 53%,, фондхои асосии истехсоли 91%, аз он чумла дар саноат 2 баробар, истехсоли махсулоти саноат 84%, хочагии кишлок 15% зиёд шуд. Хосилнокии мехнат дар хочагии халк 40%, саноат 42%, хочагии кишлок 30% ва сохтмон 53% афзуд. Маблаггузори ба хочагии халк 281 миллиард сум, яъне назар ба солхои 1918— 5 8-ум 22,2 миллиар сум зиёд буд.

5470 корхонаи калони саноатии давлати, аз чумла стансияхои элект­рики олавии районии Белово ва На­зарово (Сибир), Троиский ва Нива (Урал), Конаковои вилояти Калинки ва гайра сохта шуданд. Стансияхои элект­рии атомии Нововоронежу Белоярск ба кор даромаданд. Дар ин муддат Стансияи электрии обии Братск (калонтарин дар чахон), хамчунин стансияхои электрии обии Воткинск, Днепродзержинск, Бухтарминск, Кро­менчуг, Киев, заводхои металлургии Сибири Гарби ва Караганда, комбинатхои маъдантозакунии Качканар дар Урал, титану магнийи Уст-Ка­меногорск, шинасозии Барнаул, хи­мики Щёкино, комбинат калийи Со­лигорск, заводхои суперфосфати Сумгаити, Чорчуй, Гомел ва гайра сохта шуданд. Газопроводи Бухоро — Урал гузаронида шуд.

Метрополитени Ки­ев ба кор даромад. Доир ба зиёд кар­дана музди минимаалии коргарону хиаматчиён тадбирхои мучим андешида шуданд. Андоз аз музди мехнатии ками зиёди коргарону хизматчиён бекор ё кам карда шуд. Барои колхозчиён нафака мукаррар гардид. Хачми минималии нафака зиёд, рузи кори ва хафтахои кори кутох, хизматрасонии тибби, мадани ва маишии ахоли бехтар шуд. Даромади реали ба хисоби як коргар 33%, аз чумла даромади колхозчиён 49% афзуд. Хачми муомилоти моли чакана 1,6 маротиба зиёд шуд. 558 миллион метр* манзил, инчунин дар колхозхо 3510 хазор хона сохта шуд. Соли 1959 таълими умумии хатмии 8-сола чори гардид. Шумораи коргарони баландихтисос, мутахассисони        дорои маълумоти олию миёна, инчунин микдори кор­мандони илми хеле афзуд.

Плани панчсолаи хаштум (1966—70) аз руи Директивахои Съезди 23-юми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1966), инчунин карорхои пленумхои октябри (1964), марти ва сентябри (1965) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС тартиб дода шуд, ки дар онхо программаи дарозмуддати та­раккии иктисодиёти мамлакат пешбини шуда буд. Чихати мухимтарини ин программа гузаштан ба принсини идоракунии сохавии хочагии халк, хавасмандгардонии харчонибаи иктисодии инкишоф ва такомули ис- техсолот мебошад. Вазифаи асосии иктисодии панчсола аз он иборат буд, ки ба туфайли истифодаи комёбихои илму техника, тараккии индустрналии хамаи истехсолоти чамъияти, самарабахшии истехсолот, хеле таракки додани саноат, суръати ба­ланду устувори тараккини хочагии кишлок ва болоравии катъии дарачаи зиндагии халк таъмин карда шавад. Хусусияти мухими ин план дар як вакт тезонидани суръати тараккии иктисодиёти мамлакат ва баланд бардош­тани дарачаи зиндагии мехнаткашон буд. Дар план вазифаи чори кардани таълими миёнаи умуми гузошта шуд.

Супоришхои асосии панчсола аз руи якчанд нишондихандахои асоси ичро шуданд: даромади милли ба чои 38,4%-и план 41,5%, даромади ре­али ба хар сари ахоли 33% (дар план 30%), истехсоли махсулоти са­ноат 50,5% (дар план 47—50%) аф­зуд. Суръати афзоиши махсулоти хочагии кишлок тез шуд. Истехсоли солонаи ин соха ба хисоби миёна 21% (дар панчсолаи гузашта 12%) зиёд гардид. Фондхои асосии истехсоли хочагии халк 48% афзуд. Коэффисиент навкунии ин фондхо 44%, дар хочагии кишлок, бошад, 54%-ро ташкил дод. Хачми маб­лаггузори ба сохтмони асоси назар ба солхои 1961—65-ум 43%, суръати афзоиши хосилнокии мехнати чамъяти 37% (дар панчсолахои гузашта 29%) зиёд шуд.

1900 корхона ва объектхои калони саноати, аз чумла Стансияи элект­рии обии районии Преднепровск, 3аводи трубасозии Волжск, печхои домнагии зарфияташон 27СО—3000 метр3, фабрикахои калобаи рангаи Донеск, три­котажии Волгоград, Шахтёрск, Лениногорек, пойафзоли Волгограду Череповес ва гайра сохта шуданд. Сохт­мони системаи ягонаи энергетии кисми европоии Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ба охир расид. Системаи энергетии муттахидаи Си­бири Маркази сохта шуд. Омилхои интенсиви дар афзоиши даромади миллй мавцеи калон доштанд, ки ин ба афэудани досил ионии мехнат, камшавии масолехталабии махсулот, бехтар истифода кардани фондхои асосии истехсоли дар сохахои гуногун таъсир расонд.

Плани панчсолаи нухум (1971—75) аз руи Директивахои Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1971) тартиб дода шуд ва онро худи хамон сол сессияи Совети Олии Республикахои Советии Сотсиалисти СССР тасдик намуд. Вазифаи асосии панчсола дар асоси суръати баланди тараккии ис- техсолоти сотсиалист, бехтар карда­ни махсулнокии он ва тезондани суръати афзоиши хосилнокии мех­нат хеле баланд бардоштани дара­чаи моддию мадании зиндагии халк буд.

План программаи мукаммалу харчонибаи афзоиши дарачаи некуахволии моддию мадании мехнаткашон, бо рохи зиёд кардани хакки мехнат ва музддихи аз хисоби фондхои истеъмолии чамъият зиёд намудани даромади ахоли, бехтар намудани шароити манзил, бехтар кардани таъминоти моддии оилахои серфарзанд, нафакахурону студентон, ташкили дурусти мехнати занони кудакдор, зиёд кардани сохахои хизматрасони, инкишофи системахои нигахдории тандурусти, истирохати муташаккилонаи мехнаткашон, тараккии хаматарафаи маорифи халк, ва маданияти сотсиалисти, анчом до­дани гузариш ба маълумоти миёнаи умуми, наздик намудани дарачаи зиндагии ахолии шахру дехотро пешбини намуд. Дар план ба тараккии сохахои нав — мошинсозии сохаи атом, истехсоли воситахои автоматони ва техникаи хисоббарор диккати калон дода шуд. Шакли нави мусобикахои сотсиалисти — планхои истикболи ба вучуд омад.

Дар давоми панчсола (1971—75) даромади милли 28%, махсулоти са­ноати 43%, хачми солонаи махсулоти хочагии кишлок нисбат ба панчсолаи гузашта ба хисоби миёна 15% афзуд. Ба хочагии халк бештар аз 500 милиард сум пешбини шуд. Фондхои асосии истехсоли 1,5% афзуд. Такрибан 1700 корхона ва объектхои саноати, инчунин шумораи зиёди сеху сохахои корхонахои амалкунанда ба кор даромаданд. ГЭС-и Красноярск (иктидораш 6 Гит), 3аводи автомобилхои са- букрави Волга, аввалин дар чахон стансияи электрии атомии дорои нейтронхои босуръат, дар 3аводи ме­таллургии Кривой Рог печи домнагии зарфияташ 5009 метр3 сохта шуданд. Сохтмони комплекси корхонахои истехсолкунандаи автомобилхои боркаш (КамАЗ), магистрали рохи охани Байкалу Амур (БАМ) ва бисёр корховаю объектхои калони дигар cap шуд.

Истехсоли зиёда аз 15 хазор навъи махсулоти саноати ба рох монда шуд. Дарачаи техники ва сифати махсулот, аз чумла молхои истеъмолии халк баланд гардид, кисми зиёди махсулот Нишони давлатии сифат гирифт. Структураи истехсолоти саноати бехтар гардид. Соли 1975 хиссаи махсулоти мошинсози, саноати химия ва электроэнергетика назар ба 31%-и соли 1970 то 35% зиёд шуд. Дар ин солхо истехсоли нурихои минерали 1.6 баробар афзуда, соли 1975-ум ба зиёда аз 90 миллион тонна расид. Зифти сунъи ва пластмасса 49%, наххои химияви 42%, асбоб ва воситахои автоматони бештар аз 2, воситахои техникаи хисоббарор 4,3, дастгоххои металлбури 2,8 баробар афзуд. Истехсоли энергияи электр ба 1039 миллиард килоВатт-соат, пулод 141 миллион тонна,   семент 122 миллион тонна, нефт 491 миллион тонна, газ 289 миллиард метрэ расид. Дар тараккии истехсоли молхои истеъмолии халк пешравихои кулли ба даст омад. Ис­техсоли матоъхои пахтагин ба 6635 миллион метр2, пойафзоли чармин 698 миллион чуфт, соат 55 миллион, радиоприёмнику радиола 8376 хазор, яхдонхо 5606 хазор, автомобилхои сабукрав 1201 хазор (ё 3,7 баробар); расид.

Истехсоли молхои химияи маиши 42%, масолехи хуроквори 37%- афзуд. Барои чори кардани снстемахои гуногуни авто­матикидоракуни ва ташкили марказхои хисоббарор корхои зиёде анчом дода шуданд. Дар охирхои панчсола зиёда аз 2328 системаи ав­томатии идоракуни (АСУ) ва 2600 маркази хисоббарор кор мекард. Ба- робари афзоиши истехсоли махсуло­ти саноати сифати онхо бехтар ва истехсоли навъхои нави махсулот ба рох монда шуд. Дар ин солхо 14,2 хазор навъи нави махсулоти саноати аз худ ва барои омма истехсол кар­да шуд, 5,8 хазор намунаи кухнаи мах­сулот аз истехсолот баромад. Ба 23,3 хазор навъи махсулот Нишони давлатии сифат дода шуд. Барои баланд бардоштани дарачаи модди ва мадании зиндагии ахоли тадбирхои зиёде андешида шуданд. Даромади реали ба хар сари ахоли 24% афзуд, музди мехнати бештар аз 75 миллион кас зиёд гардид. Аз хисоби зиёд кардани нафака, ёрдампули ва стипендия да­ромади такрибан 40 миллион кас зиёд шуд. Пардохти пешазмухлати облигасияхои заёмхои давлати огоз ёфт. Даромади милли ба хар сари ахоли зиёда аз 19%’ афзуд. Дар 544 миллион метр* манзил сохта шуд, ки дар натичаи ин шароити зипдагии такрибан 45 миллион кас бехтар гардид. Маълумоти миёнаи умуми чори шуд.

Дар тараккии хочагии республикахои иттифоки муваффакиятхои калон ба даст омад. Иктисодиёти нохияхои шимоли мамлакат ру ба таракки ниход. Сохахои энергетикии саноат, саноати металлургияи сиёху ранга, химия, чангал, коркарди чуб, селлюлозаю когаз, хочагии кишлок мисли сохахои галлакори, пахтакориву чорводории ин районхо бо суръати баланд таракки карданд. Дар Сибири Fapби базаи калонтарини нефт сохта шуд. Сохтмони азими БАМ огоз ёфт ва анчоми он барои тараккии минбаъдаи иктисодиёти Сибири Шарки ва Шарки Дур истифодаи захирахои бои табии зами­наи мустахкамест.

Плани панчсолаи дахум (1976—80) дар асоси роххои асосии тараккиёти хочагии халки СССР тартиб дода шуд ва онро Съезди 25-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС тасдик намуд. Вазифаи асосии панчсолаи 10- ум собиткадамопа пеш гирифтани рохи Партияи Коммунисти дар бобати дар заминаи тараккиёти динамики ва мутаносиби истехсолоти чамъияти ва зиёд кардани самараи он, тезондани прогресси илмию техники, ба­ланд бардоштани хосилнокии мехнат, дар хамаи сохахои хочагии халк хамачониба бехтар намудани сифати кор баланд бардоштани дарачаи моддию мадании халк буд.

Панчсолаи 10-ум давраи нави мухимми барпо кардани базаи моддию техникии коммунизм, такмили муносибатхои чамъияти ва ташаккули одами нав, тараккии тарзи зиндагии сотсиалисти хисоб меёфт. Ин давраи пурзур кардани интенсивонии истехсолоти чамъияти, истифодаи пурраи имкониятхои хочагии халк барои афзунгардонии сарватхои милли, барои мустахкам наму­дани иктидори иктисоди ва кобилияти мудофиавии мамлакат буд. Дар панчсолаи 10-ум низ, мисли панчсолахои гузашта, ба минбаъд хам таракки додани сохахои гуногуни саноат, хочагии халк диккати чидди дода шуд. Истехсоли махсулоти са­ноат дар панчсола 35—39%, аз чумла воситахои истехсолот 38—42% ва молхои истеъмоли 30—32%, хосил­нокии мехнат дар саноат 30—34% зиёд гардид.

Хосилнокии мехнати коркунони саноат аз хисоби про­гресси илму техника хеле афзуд. Дар давоми солхои 1976— 78 истехсоли зиё­да аз 10 хазор навъи махсулоти саноат ба рох монда шуд. Охирхои соли 1980 фонди асосии истехсолот аз 1 триллион сум гузашт. Истехсоли энергияи электр ба 1295 миллиард килоВатт-соат расид, сохтмони стансияхои электрии олави ва атоми давом дода, стансияхои электрии олавии Экибастуз, Канско-Ачинск сохта шу­данд. Кори барпо намудани систе­маи ягонаи энергетии Сибир ва Осиёи Миёна бо сохтани хатхои электр- гузарони 500, 750 ва 1150-волта да­вом ёфт. Хосилнокии мехнат дар сохаи электроэнергетика 27—29% афзуд. Соли 1980 истехсоли нефт (якчоя бо кондесати газ) ба 603 миллион тонна расид. Хосилнокии мехнат дар саноати нефт 28—30% афзуд. Дар саноати нефткоркуни хачми коркарди нефт 25—30%, истехсоли бензинхои сероктан, сузишвории дизели, равганхои аълосифат зиёд шуд. Соли 1980 истехсоли газ ба 435 миллиард метр’* расид, 35 хазор километр газопровод ба кор андохта, истифодаи комплексии сис­темаи ягонаи таъмини газ дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ба вучуд оварда шуд. Хосилнокии мехнати ин соха (43—45% афзуд. Охири панчсола истехсоли ангишт ба 716 миллион тонна расид. Конхои мавчудаи ангишт таракки ва корхои зудтар барпо намудани комплекси сузишвории энергетикии Канско- Ачинск вусъат ёфт.

Дар саноати сабук истехсоли мах­сулот 26—28%’ афзуд. Соли 1980 истех­соли матоъ ба 10,7 миллиард метр2, маснуоти трикотажи ба 1623 миллион адад ра­сид. Истехсоли матои нобофта 3,4— 3,5, колину пояндоз 2,1 баробар, ис­техсоли хелхои нави газвор, либос, маснуоти трикотажи ва дузандаги, пойафзол, маснуот аз муинаи табии ва сунъи ва навъхои онхо афзуд. Истехсоли молхои маданию рузгор 1,6 баробар зиёд шуд. Микдори яхдонхои як ва серкамераи зарфияташон то 300 литр, кондисионерхо, телевизорхои ранга ва сайёр, радиою ра­диола, мошиндор гуногуни рузгор афзуд.

Xочагии кишлок, талаботи ахолиро аз хурок­вори ва саноатро аз ашъёи хом конеъ гардонда, боз хам таракки кард. Хачми миёнаи солонаи истехсоли махсулоти хочагии кишлок назар ба панчсолаи гузашта 14—17% афзуд. Соли I960 мах­сулоти хочагии кишлок 121,2 миллиард сумро ташкил намуд, ки он аз истехсоли миёнаи солонаи панчсолаи 9-ум 13% зиёд аст. Соли 1960 галлакорон ба анбори мамлакат 189,1 миллион тонна галла рехтанд. Дехконон солхои 1961—65 ба давлат соле 130,3 миллион тонна галла, 4,99 миллион  пахта додаанд, ин нишондихандахо солхои 1976—80 мувофикаи ба 205; 8,93 миллион тонна расид. Соли 1980 истехсоли солонаи пахта ба 9,96 миллион тонна, лаблабуи канд ба 79,6 миллион тонна расонда шуд. Мелиоратсияи замин бехтар гардид; 4 миллион гектар замин обёри, 4,7 миллион гектар замин хушконда, 37,6 миллион гектар чарогох обшор карда шуд. Маблаггузори ба хочагии кишок ба 170 миллиард  сум расид. Дар давоми панч сол хочагии кишлок 1,8 миллион трактор, 1,3 миллион автомобили боркаш, кариб 540 хазор комбайни галладарав, 1580 присепи трактор гирифт. Соли 1980 хочагии кишлок 111 миллиард  килоВатт-соат энергияи электр истеъмол намуд, парки тракторхо ба 2562 хазор, парки автомобилхои боркаш ба 1596 хазор адад, микдори нурин минерали ба 82 миллион тонна, заминхои оби ва хушконида бошад. ба 35 миллион гектар расид.

Наклиёт барои конеъ гардонидани талаботи хочагии халк ва ахоли, бехтар намудани алокахои наклиётии байни нохияхои иктисодии мамлакат сохаи мухим аст. Дар давоми панчсола хакми боркашонии хамаи навъхои наклиёт такрибан 30%*, пассажиркашонии наклиёти истифодаи умум 23% афзуд. Бештар ба тараккии наклиёти рохи охан ва бехтар кардани кори он диккат дода шуд. Дар давоми панчсола 3,5 хазор километр роххои нави охан сохта, наклиёти бахри, дарёи, трубопроводи, автомобили ва хавои такмил дода шуд. Соли 1980 хачми боркашонии наклиёти трубопро­воде (нефт ва махсулоти он) 1196,8 миллиард, наклиёти автомобилии хочагии халк 432,3 миллиард, наклиёти ха­вои (якчоя бо почта) 3.09 миллиард тонна-киллометрро ташкил намуд. Агар хачми боркашонии хамаи намудхои наклиёти истифодаи умум соли 1970 3829, 2 миллиард тонна-километр ва пассажиркашонии хамаи намудхои наклиёти истифодаи умум 553,1 пассажир-километр бошад, пас соли 1980 ин нишондиханда мутобикан 6165,3; 891,1 буд. Соли 1980 микдори корхонахои алока (почта, телеграф ва телефон) аз 11 хазор (1913) ба 91 хазор расид. Охири соли 1980 дар мамлакат чамъ 29,1 миллион аппарати теле­фон кор мекард.

Иктисодиёти хамаи республикахои иттифокию автономи низ хеле таракки кард. Суръати афзоиши хачми умумии махсулоти саноати Республикаи Советии Сотсиалистии  Точикистон соли 1978 нисбат ба соли 1913-ум 138 баробар ва нисбат ба соли 1970-ум 51 маротиба афзуд. ‘

Дар давоми панчсолаи 10-ум про­граммаи азими тараккии ичтимои ва боз хам бехтар кардани зиндагии халк ичро гардид. Дар панчсола музди миёнаи кори коргарон ва хизматчиён 16—18% зиёд шуда, дар охири панчсола ба 168,9 сум расид. Даромади колхозчиён низ аз ходчагии чамъиятии колхозхо ба хисоби миёна 24—27%, ёрдампули ва имтиёздихи ба ахоли аз хисоби фондхои чамъиятии истеъмол 28—30% зиёд шуд. Даромади реалии коргарону хизматчиён ба хисоби як коркун соли 1980 нисбат ба соли 1940-ум 4 баробар, даромади реалии колхоз- чиён 6,9 маротиба афзуд. Соли 1980 да­ромади реали ба хисоби дар як кас нисбат ба соли 1979-ум 3,5% зиёд шуд. Агар музди кори коргарону хизматчиёни сохахои хочагии халх соли 1965- ум 90,5 сум бошад, пас соли 1980 вай ба 168,9 сум расид. Музди миёнии кор бо якчоягии ёрдампули ва имтиёзхо аз фондхои чамъиятии ис­теъмол соли 1980 ба 232,8 сум расид. Муомилоти моли савдои чаканаи давлати ва кооперативи 27—29%, хачми адои хизмати маишии ахоли 1,5 баробар, аз чумла дар дехот 1,7 баробар зиёд гардид.

Солхои 1976—80 сохтмони манзил хеле инкишоф ёфт. Дар панчсолаи 10-ум ба масохати умумии 530 миллион метр* манзил сохта шуд ва ин имкон дод, ки шароити манзили 50 миллион кас бехтар карда шавад. Солхои 1980-ум 80%-и сокинони шахрхо дар квартирахои алохида зиндаги мекарданд. Давлат ба сохаи тандурусти соли 1940- ум 0,9 миллион сум сарф карда бошад, пас соли 1978 ин маблаг ба 13,5 миллиард сум расид. Дар Республикахои Советии Сотсиалистии СССР аз се як кисми духтурони чахон (соли 1980-ум 995,6 хазор) кор мекунанд, ба хар 10 хазор кас такрибан 36 нафар духтур рост омад. Соли I960 шумораи умумии катхои беморхонахо ба 3,3 миллион расид, дар шахру дехот, посёлкахо амбулато­рияю) поликлиника, дорухона ва касалхонахои нав сохта шуданд.

Сис­темаи маорифи халк мувофики прогресси илму техника ва замон минбаъд инкишоф ёфт. Барои камаш 7 миллион  нафар талаба, аз чумла дар дехот барои такрибан 4,5 миллион нафар хонанда мактабхои нави маълумоти умуми сохта шуданд, кабул ба омузишгоххои касбхои техники 2 ба­робар зиёд ва тавассути ин система 11 миллион нафар коргарони ихтисоснок тайёр карда шуд. Алхол 77%-и сту- дентони рузхони мактабхои оли ва 72%-и хонандагони омузишгоххои миёнаи махсус стипендия мегиранд. Дар соли хониши 1979/80 дар мак­табхои СССР 100,2 миллион нафар мехонд. Мактабхои оли ва миёнаи махсусро худи хамин сол 2092 хазор нафар хатм карданд. Дар давоми солхои панчсола 9,9 миллион нафар мутахассисони дорои маълумоти оли ва миёнаи мах­сус тайёр карда шуданд.

Ба туфайли ичрои программахои панчсолаи 10-ум иктидори сиёси, иктисоди ва харбии Давлати Совети афзуд, дунёи маънавии одами со­вети боз хам бойтар, тарзи зиндагии сотсиалисти устувор гардид.

Плани панчсолаи 10-ум аз планхои панчсолаи гузашта бо он фарк мекард, ки хачму микёси корхо хеле калон буд, хамаи сохахои хочагии халк мунтазам таракки кард, программаи азими ичтимои ичро, баланси хочагии халк бехтар, структураи идоракуни мукаммал ва сиёсати аграрии партия амали гардид. Ин панчсолаи сифат ва Самара буд.

Плани панчсолаи ёздахум аз»руи роххои асосии тараккиёти иктксоди ва ичтимоии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР дар солхои 1981—85 ва дар давраи то соли 1990 тартиб дода шуд ва онро Съезди 26-уми Пратияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС тасдик намуд. Вазифаи асосии панчсолаи  11-ум минбаъд хам баланд бардоштани дарачаи некуахволии одамони совети дар асоси тараккиёти бардавому пуравчи хочагии халк, тезонидани прогресси илмию техники ва гузаронидани иктисодиёт ба рохи ривочу равнаки босуръат, окилонатар ва дурусттар истифода бурдани неруи истехсолии мамлакат, харчониба сарфа кардани хамаи захирахо ва бехтар намудани сифати кор мебошад.

Дар пандсолаи 14-ум тараккиёти хаматарафаи хама сохахои саноат пешбини шудааст. Истехсоли махсу­лоти саноат дар панч сол 26—28%, аз он чумла воситахои истехсолот 26—28% ва молхои истеъмоли 27— 29% меафзояд. Хосилнокии мехнат дар саноат 23—25% баланд бардошта мешавад. Дар электроэнерге­тика соли 1985 ба 1550—1600 миллиард килоВаттсоат, аз он чумла дар стансияхоиои электрии атоми ба 220—225 миллиард килоВатт-соат ва стансияхои электрии оби ба 230— 235 миллиард килоВатт-соат расонидани энергияи электр пешбини шудааст. Сохтмони стансияхои электрии олави давом дода, навбати якуми хатти электрии чараёни доимии Экибастуз — Марказ (шиддаташ 1600 киловатт) ва хатти элект­рии чараёни тагйирёбандаи Экибас- туз— Урал (шиддаташ 1150 киловатт) ба кор андохта мешаванд. Хосилнокии мехнат дар сохаи электроэнергети­ка 18—20%’ меафзояд. Соли 1985 истех­соли нефт (якчоя ба конденсати газ) ба 6(20—645 миллион тонна мерасад. Са­ноати истихрочи нефт дар нохияхои Сибири Гарби, Республикаи Советии Сотсиалистии Казокистон  ва шимол. Кисми европоии мамлакат босуръат таракки меёбад, конхои нави нефт ба кор медароянд. Соли 1985 истехсоли газ ба 600—640 миллиард метр3 расонида. газопроводи пуриктидори ба дара­чаи баланд автоматиконида ва барои истифодаи магистрали эътимоднок сохта мешавад. Хосилнокии мехнати ин соха 33—35% меафзояд. Охири панчсола истехсоли ангишт ба 770— 800 миллион тонна мерасад. Дар Кузбасс барпо намудани иктидорхо, сохтмони объектхои комплексхои сузишворию энергетикии Канско-Ачинск ва Экибастуз вусъат меёбад.

Дар саноати сабук истехсоли махсулот 18—20%* зиёд мешавад. Ис­техсоли молхои маданию рузгор ка­маш 1,4 баробар зиёд шуда, сифати онхо хеле бехтар мегардад.

Дар хочагии кишлок барои тараккиёти бо­суръат, афзун гардонидани самараи хамаи сохахо, бештар истехсол кар­дани махсулот ва бехтар гардидани сифати онхо диккати чидди дода мешавад. Дар давоми панчсола ис­техсоли миёнаи солонаи махсулоти хочагии кишлок 12—14%’, хосилнокии мехнат дар хочагии чамъияти 22—24%- ме­афзояд. Истехсоли миёнаи солонаи галла ба 238—243 миллион тонна, пахта ба 9,2 – 9,3 миллион тонна, лаблабуи канд 100— 103 миллион тонна, гушт ба 17—17,5 миллион тонна, шир ба 97—99 миллион тонна, тухм камаш ба 72 миллиард дона, пашм ба 470—430 хазор тонна мерасад. Мелиорасияи замин инкишоф меёбад:) 3,4—3,0 миллион гектар замини оби ва 3,7—3,9 миллион гектар зами­ни хушконда ба кор андохта, дар биёбонхо, нимбиёбонхо ва кухсор 26—28 миллион гектар чарогох, обшор карда мешавад. Xочагии кишлок соли 1985 камаш 115 миллион тонна нурихои минерали, 5 миллион тонна моддахои иловагии химиявии хуроки чорво, 650—680 хазор тонна воситахои самарабахши мухофизати растани, дар панчсола 1870 хазор трактор, 1450 хазор автомобили боркаш, 600 хазор комбайни галладарав ва дигар техникаи хочагии кишлок мегирад. Бо энергияи электр таъмин будани мехнат дар хочагии кишлок 1,4—1,6 баробар зиёд мешавад.

Дар давоми панчсола зиёд кардани самара ва баланд бардоштани сифати кори системаи наклиёт пешбинй шудааст. Солхои 1981—85 ка­маш 5 хазор километр рохи охани дуюм ба истифода дода, беш аз 6 хазор километр рохи охан электриконида, зиёда аз 15 хазор километр рохи охан бо блокировкаи автомати ва сентрализасияи диспетчери тадхи- зонида, Камаш 3,6 хазор км рохи охани нав сохта мешавад. Боркашонии наклиёти рохи охан 14—45%, пассажиркашони 9%, хосилнокии мехнат 10—12% меафзояд. Наклиёти бахри, дарёи, трубопроводи, автомобили ва хавои такмил меёбад. Боркашонии накли­ёти автомобилии истифодаи умум 1,4 баробар, пассажиркашонии автобусхои истифодаи умум 16— 18%, пассажиркашонии наклиёти хавои такрибан 1,3 баробар зиёд мегардад. Дар давоми панч сол масофаи ка­налхои байнишахрии телефон такрибан 1,8 баробар дароз карда мешавад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.