Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планхои панчсолаи тараккии хочагии халки РСС Точикистон

Планхои панчсолаи тараккии хочагии халки РСС Точикистон

Планхои панчсолаи тараккии хочагии халки РСС  Точикистон, шакли асосии планкашии ичтимоию иктисодии тараккии рес­публика, чузъи таркибии системаи планхоест, ки планхои дарозмуддат, миёна (панчсола) ва чории хочагии, халкро дарбар мегирад. Планхои тараккии хочагии халк дар хаёти халки совети роли басо бузург бозидаанд. Онхо дар давраи гузариш аз капитализм ба сохти нави беистисмор, сохтмони чамъияти сотсиалистии мутаракки, барпо кардани базаи моддию техникии  коммунизм омили халкунандаанд.

Партияи Коммунисти ва Давлати Совети баъди ба охир расидани давраи баркароркунии хочагии халки мамлакат (1921—25) ба тахияи лоихаи плани панчсолаи 1-ум шуруъ намуданд. хангоми тартиб додани планхои панчсола, пеш аз хама, перс­пектива ва проблемахои тараккиёти тамоми мамлакат ва дар айни замон манфиату талаботи дар як респуб­ликаи иттифоки ба инобат гирифта мешавад. Аз ни ру, планхои панчсолаи республикахои бародар Партия кисми узвии планхои тараккии хочагии халки СССР мебошанд. Соли 1927 дар асоси директивахои Съезди 15 ВКП(б) ба тартиб додани плани панчсолаи 1-уми тараккии хочагии халки СССР (1928—32) шуруъ карданд. Вазифан асосии панчсола гузоштани тахкурсии иктисодии сотсиализм буд.

25 ноябри 1928 хукумати Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон лоихаи плани панчсолаи 1-уми тараккии хочагии халки рес- публикаро мухокима карда, маъкул донист ва онро Конференсияи 2-юми вилоятии партиявии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон  (феврали 1929) тасдик намуд. План ба «афзудани суръати тараккии зироат», хусусан пахтакори, вусъат додани коллективонии хочагии кишлок диккати махсус дод. Махсулоти умумии хочагии кишлоки республика дар панчсола мебоист аз 65 миллион сум то 112 миллион сум меафзуд. Хангоми тартиб додани план шароити хоси Точикистонро ба инобат гирифта, пеш аз хама, ба бунёди чунин сохахои саноат, монанди сузишвори, хуроквори, бофандаги, сохтмон, ривоч додани наклиёту рохсози эътибор доданд. Плани панчсо­лаи 1-ум ба сохтмони мадани. баланд бардоштани дарачаи некуахволии мехнаткашон низ диккати чидди дод. ’ Каpopхои Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии Точикистон. (1930) дар сафарбар намудани омма ба ичрои вазифахои панчсолаи 1-ум роли бузург бозид. Плани панчсолаи 1-ум, ки пеш аз мухлат, дар 4 солу се мох ичро гардид, дар Пленуми январии (1933) Комитети Марказии ВКП(б) чамъбаст карда шуд. Мехнаткашони точик дар панчсолаи 1-ум ба муваффакиятхои калон ноил гардиданд: аз нисф зиёди дехконони яккадаст дар 2200 ТОЗ ва артелхои хочагии кишлок муттахид шуданд, 19 МТС (1284 трактор) таъсис ёфт, пахтакори хеле ривоч ёфт. Соли 1932 хосили умумии пахтаи республика аз 38,6 хазор тонна (1928) то 50,6 хазор тонна афзуд. Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ба манбаи асосии истехсоли пахтаи дарознахи СССР табдил ёфт. Индустрикунонии мамлакат ба саноати сотсиалистки серсохаи Точикистон асос гузошт, просесси ташаккули синфи коргари милли авч гирифт. Дар панчсолаи 1-ум як катор муас­сисахои калони замонави, аз чумла Комбинати шохибофии Хучанду, Фаб­рикаи шохибофии Душанбе, якчанд аводхои пахтатозакуни, комбинатхои консерви Хучанду Конибодом, кони нави ангишти «Первомайская»-и Шуроб, якчанд стансияхои на чандон кало­ни электри ва гайра сохта шуданд. Дар колхози Каромазор тадкик ва истехсоли маъданхои ранга огоз ёфт. Соли 1929 рохи охани Душанбе — Тирмиз ба кор да­ромад, ба сохтмони хазорхо километр родххои наклиёти автомобили, аз чумла рохи Уш — Хоруг асос гузошта шуд. Дар натичаи револютсияи мадани дар Точикистон даххо мактабхои нави совети ва муассисахои маданию маърифати кушода шуданд, мубориза барои махви бесаводи авч гирифт. Январи 1934 Съезди 17 ВКП(б) шуда гузашт, ки он гузоштани тахкурсии иктисодии сотсиализмро таъкид намуда, «Дар бораи плани панчсолаи 2-юми та­раккии хочагии халки СССР» (1933— 37) карор кабул кард.

Плани панчсолаи 2-юми тараккии хочагии халки Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1933—37)-ро Съезди 2-уми Партияи Коммунистии (б) Точикистон (январи 1934) мухокима намуд. Дар план ба масъалахои пешрафти сохаи саноат, равнаки минбаъдаи муассисахои мавчуда, аз чумла пурра ба кор даровардани комбинати полиметаллии Каромазор, ба итмом расонидани сохтмонп ГЭС-и Варзоб, рохсози, ба истифода додани конхои нави Шуроб диккати чидди дода мешуд. Дар солхои 1933—37 пурра ба итмом расонидани коллективонии хочагии кишлоки республика, аз чихати ташкилию хочаги мустахкам намудани колхозхо пешбини шуда буд. Дар панчсолаи 2-юм маблаги умумии харочоти бючети Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ба 360,8 миллион сум расид (соли 1933 140,2 миллион сум буд). Аз ин маблаг 62,9 миллион сум барои ривочи саноат чудо карда шуд. Плани панчсолаи 2-юм ба мустахкам намудани базаи энергетикаи хочагии халк низ ахамияти калон дод. Соли 1937 ГЭС-и Варзоб ба истифода дода шуд, то охири панчсола бошад, боз як катор стансияхои электрии райони ба кор даромаданд. Дар районхои шимоли Точикистон муассисахои замонавии маъдан ва сузишвори (кони нави Шуроб. конхои нефти «КИМ» ва «Нефтобод», кони Консой), дар Ду­шанбе аввалин заводи механикии ба номи С. Ордоникидзе (1933) ба кор даромаданд; 8 заводи пахтатозакунии республика соли 1937 31,4 хазор тонна махсулот бароварданд. Соли 1937 саноати шохибофи 700 хазор метр матоъ истехсол кард, муассисахои хуроквори (заводхои консерви Ленинобод, Исфара, Кис­такуз, 18 заводи нонпази ва гайра) ба маблаги 52,3 миллион сум махсулот баро­варданд, ки ин нисбат ба 1932 6 маротиба зиёд буд. Дар намоишгохи умумичахони (1937, Париж) консерв- хои меваи Ленинобод мукофоти дарачаи якумро гирифт. Дар давраи панчсолаи 2-юм низ саноати кооперативии махалли ривоч ёфт. 38% (47 миллион сум) махсулоти умумии са­ноати республикаро саноати кооперативии махалли медод. То охири панчсола бештар аз 7 хазор километр рохи автомобилгард сохта шуд. Дар рафти индустрикунонии сотсиалисти синфи коргари точик меафзуд, камол меёфт. Соли 1937 шумораи коргарони тамоми сохахои хочагии халк аз 63 хазор нафар гузашт. Дар коллективхои коргари харакати стаханови ва навоварон пайравони зиёде пайдо кард. Ин харакат дар бобати пеш аз мухлат ва пурсамар ичро кардани вазифахои панчсола, баланд бардоштани маданияти истехсолот роли калон бозид.

Дар панчсолаи 2-юм коллективонии хочагии кишлоки республика (гайр аз Бадахшони Кухи) бомуваффакият анчом ёфт, сохти колхози галаба кард. Дар Точикистон то тобистони 1937 3862 хочагихои коллективи ташкил шуданд, ки 89,9%- хочагихои дехкононро дарбар мегирифтанд. Колхозхо 98,3% замини корами мавчударо кишт мекарданд. Базаи техникии зироати Точикистон аз 45 МТС (3217 трактор ва дигар техникахои хочагии кишлок) иборат буд. Яке аз комёбихои барчастаи ин давраи халки точик ободонии водии Вахш аст. Дар ин чо якчанд колхозу совхозхо ба вучуд омаданд, ки дар афзудани истехсоли пахтаи махиннахи совети роли халкунанда бозиданд. Соли охири панчсола Точикистон ба Ватан 1784 сентнер «тиллои сафед» фурухт. Сохахои дигари хочагии кишлок— чорводори, галлакори, току богдори, кирмакдори низ ру ба таракки ниходанд. Револютсияи мадани га­лаба кард. Ба эхтиёчоти маорифи халки Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  дар панчсолаи 2-юм 447,5 миллион сум харч карда шуд, 241 мактаби нав ба кор шуруъ намуд. Солхои 1937—38 дар республика 4224 мактаби маълумоти умуми амал мекард, 8144 муаллимон ва 221 хазор нафар хонандагон буданд, кариб 800 хазор кас савод баровард. Дар 5 донишкадаи оли ва 28 техникум 4,6 хазор нафар студентон тахсил менамуданд. Адабиёт, санъат, матбуот, илм ва нигахдории тандурусти ру ба инкишоф ниход, некуахволии мехнаткашон боз як дарача баланд шуд. Хамин тавр, ба туфайли ичрои плани панчсолаи 2-юм дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, чун дар тамоми мамлакат, чамъияти сотсиалисти асосан барпо карда шуд. Точикистон ба республикаи индустриалию аграри табдил ёфт. Натичаи музаффариятхои халки точик дар сохтмони сотсиализм дар Конститутсияи нави Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, ки онро Съезди 6-уми Советхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1 марти 1937) кабул кард, равшан инъикос ёфт.

Плани пандсолаи 3-юм (1938 —42)-ро Съезди 18-уми Вакилони Комитети Партиявии (б) (мар­ти 1939) тасдик кард. Партия таъкид кард, ки дар ин панчсола ба итмом расонидани сохтмони сотсиа­лизм вазифаи таъхирнопазири халки совети аст.

Съезди 5-уми Партияи Коммунисти Точикистон (феврали 1939) тезисхои Комитети Марказии Вакилони Комитети Партиявии ВКП(б)-ро оид ба пла­ни панчсолаи 3-юми тараккии хо­чагии халки СССР якдилона маъкул дониста, вазифахои азими дар назди республика истодаро мукаррар кард. Мувофики плани панчсолаи З-юм ба хочагии халки республика 388 миллион сум маблаг чудо карда шуд. Кисми асосии ин маблаг ба ривочи минбаъдаи саноати вазнин, хусусан муассисахои маъдану сузишвори (Консой, Такалй, Такоб, Шу­роб), сохтмони стансияхои электри (Варзоби Поён, Хоруг), заводхои нави пах- татозакуни, комбинатхои бофандаги, саноати махалли равона карда шуд. Дар панчсола барои тараккии хочагии халки республика 40 миллион сум чудо карда шуд. План доир ба инкишофи мао­рифи халк, нигахдории тандурусти, муассисахои маданию маърифати, баланд бардоштани дарачаи моддию маишии мехнаткашон як катор тадбирхо пеш ниход. Синфи коргари то­чик ташаббуси заводи «Красный проле­тарий»^ Москваро (1939), ки шиори пеш аз мухлат ичро намудани плани панчсолаи навбатиро ба миён гузошт, дастгири карда, ба мусобикаи умумииттифоки хамрод шуд. Харакати навоварон ва зарбдорони мех- нати сотсиалисти бисёр муассисахои саноати, сохтмон ва наклиётро фаро гирифт ва ин боиси бомуваффакият ва босуръат ичро шудани вазифахои навбатии панчсола гардид. Саноати республика соли 1940 нисбат ба 1937 бештар аз 72%’ ва нисбат ба 1913 8,8 маротиба зиёд махсулот баровард. Истехсоли ангиштсанг аз 18 хазор тонна (1937) ба 204 хазор тонна, нефт аз 28,4 хазор тонна ба 30 хазор тонна расид. Соли 1940 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон 62,1 миллион кВт кувваи электр истехсол карда шуд, ки ин нисбат ба 1037 се маротиба зиёд буд. Дар пандсолаи З-юм сектори сотсиа­листи дар хочагии кишлок пурра хукмфармо гардид. То тирамохи 1939 ба колхозхо (3093 колхоз) 97% хамаи хочагихои дехконон аъзо шуданд ва замини кишти республикаро кариб пурра сохиби карданд. Кудрати техникаи хочагии халк хеле афзуд. 51 МТС 3844 трактор ва дигар агрегатхо дошт. Колхозчиёни точик соли 1939 дар маъракаи сохтмони азими Канали Калони Фаргона фаъолона иштирок намуданд. Дар сохтмони кисми точикистонии ин канал (125 километр) 50 хазор кас кор кард. Соли 1940 Канали Шимоли Фаргона, Канали Хисор, дар Вилояти Автономии Бадахшони Кухи водии Вахш як­чанд каналхои нав ба кор дарома­данд ва дар натича киштзори рес­публика (807,1 хазор гектар) хеле вусъат ёфт. Мехнаткашони точик ба туфай- ли авчи мусобикаи оммавии сотсиа­листи, мехнати шучоатмандона пла­ни ба давлат фурухтани пахтаро барзиёд ичро карда, аз чихати хосилноки дар мамлакат ба чои якум баромаданд. 1488 нафар пешкадамони хочагии кишлок, 305 колхоз, 65 фермаи чорводори, 3 МТС ва боз дигар коллективхои рес­публика ба гирифтани дипломхои голиби Намоишгохи умумииттифокии хочагии кишлок мушарраф гардиданд. Муваффакиятхои фронти хочаги барои бехтар гардидани некуахволии одамони совети замина мухайё намуд. Масалан, соли 1940 бо рохи савдои давлати ва кооперативи ба ахоли зиёда аз 1 миллиард сумина мол фурухта шуд. Солхои 1938—41 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон аз хи- соби пули давлат 233 хазор метр2 манзилгох сохта шуд. Мактабхою до- нишкадахо, муассисахои тандурустию маърифатии нав ба истифода дода шуданд, илм, санъат, адабиёт, матбуот, спорт бо кадамхои устувор пеш рафт.

Aммо сохтмони осоиштаи одамони советиро хучуми ахдшиканонаи Гер- манияи фашисти боздошт. Хочагии халки мамлакат ба шароити давраи чанг мутобик гардонда шуд. Баъд аз чанг халки совети аз  нав ба сохтмони осоишта шуруъ кард. Душ­ман ба хочагии халки мамлакатамон зарари бехад калон расонда буд. Хазорхо шахру дехот хароб гардида буданд. Маблаги умумии зарари моддии СССР кариб 2600 миллиард сум буд.

Партияи коммунисти программаи мукаммали аз нав баркарор кардани хочагии халки мамлакатро татриб дода одамони советиро ба ичрои он сафарбар намуд. Вазифахои азими баркароркуни дар плани панчсолаи 4-ум (1946—50) муайян кар­да шуд. Лохаи планро Сессияи 1-уми Совети Олии СССР (18 марти 1946) тасдик кард.

8 августи 1946 Совета Олин Pеспубликаи Cоветии Сотсиалистии Точикистони плана нави баркароркуни ва тараккии хочагии халки республикаро маъкул ёфт. Карори Хукумати Совети аз мохи сентябр 1945 «Дар бораи тараккии минбаъдаи пахтакори дар Pеспубликаи Cоветии Сотсиалистии Точикистони ба плани инкишофи пахтакори асос гузошт, ки он боз бештар вусъат додани замини кишти «тиллои сафед» ва баланд бардоштани хосилнокиро пешбини мекард. Коллективхои саноати, сохтмон, наклиёт ва алокаи республика тахти рохбарии ташкилотхои партияви ба икрои вазифахои плани панчсолаи 4-ум шуруъ намуданд. 3аводи ба номи С. Орчоникидзеи Душан­бе, Комбинати шохибофии Ленинобод, кони Консой, заводхои пахтатозакунии Кургонтеппаю Кулоб плани соли 1946-ро пеш аз мухлат ичро карданд. Солхои 1946—50 дар Точикистон як катор муассисахои нави саноати (заводхои пахтатозакунии Пролетару Уяли, 3аводи механикии Конибодом, фабрикаи трикотажии Душанбе ва гайра) ба кор даромаданд. Соли 1950 боркашонии автомобили нисбат ба 1940 86%, пассажиркашони 2,6 маротиба афзуд. Шумораи коргарон, инжене­рон ва техникхо нисбат ба давраи пешазчанги 21% афзуда, соли 1950 ба 171,2 хазор нафар расид (соли 1947 ба дарачаи пешазчанги расида буд). Дар давраи панчсола замини кишти пах­та 31% афзуда, ба 126 хазор гектар расид. Хосили умумии пахта назар ба дав­раи тореволютсиони 3,3 маротиба аф­зуд. Дар республика 6 МТС-и нав бунёд гардид. Соли 1950 дар хочагии кишлок 4111 трактор кор мекард (соли 1940 3884 трактор буД). Суръати электронии зироати республика хеле авч гирифт. Дар ин панчсола 75 стансияи нави электрии колхози сохта шуд. Иктидори стансияхои электрии дехот нисбат ба 1940 3,2 баробар афзуд.

Дар панчсолаи 4-ум ахволи моддию маишии мехнаткашон бехтар гардид. Нарххои чаканаи давлатии молхои сермасриф се бор паст карда шуд. Маоши коргарон, хизматчиён ва даромади колхозчиён афзуд. Дар ин панчсола ба тадбирхои ичтимоию мадани 327,3 миллион сум сарф шуд. Хукумати республика барои пешрафти минбаъдаи маорифи халк, нигахдории тандурусти, маданият, тайёр кардани мутахассисони хочагии халк, ободонии шахру дехот тадбирхои чидди андешид. Соли 1948 дар шахри Душанбе нахустин мактаби оли—: Университети давлатии Точикистон ба номи Владимир Илич Ленин кушода шуд.

Съезди 19-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (октябри 1952) директивахои плани панчсолаи 5-ум (1950—55) -ро тасдик нам уд. Дар асоси ин директивахо плани панчсолаи тараккии хочагии халки Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон тартиб дода шуд. Дар ин план тараккии хамаи сохахои саноати республика истехсоли маъдан, сузишвори, бофандаги, хуроквори, масолехи бинокори ва инчунин тадбирхои чиддии ривочу равнаки хочагии кишлок, инкишофи хаёти маънавии мехнаткашон, баланд бардоштани дарачаи некуахволии халк, шуруъ намудан ба таълими хатмии хафтсола пеш­бини шуда буд. Синфи коргари точик барои пеш аз мухлат ичро намудани программаи панчсолаи 5-ум ба мусобикаи сотсиалистии умумииттифоки хамрох шуда, ба комёбихои ко­били такдир ноил гардид. Даххо коллективхои мехнати (заводхои пах­татозакунии Кургонтеппаю Шахртуз, Комбинати бофандагии Душанбе, Комбинати шохибофии Ленинобод ва гайра) дар бобати баланд бардоштани самаранокии мехнат, сарфаи масолехи ашёи хом, афзоиши махсулоту беххтар кардани сифати он ташаббус нишон доданд. Дар панчсолаи 5-ум маблаггузори ба саноати республика нисбат ба панчсолаи 4-ум се маро­тиба афзуда, ба 253,9 миллион сум ра­сид. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон бештар аз 40 муассисаю сеххои нав ба кор дарома­данд, аксари муассисахои мавчуда такмил дода шуданд. Электронии хочагии халк авч гирифт. Стансияи сеюми Варзоб, Стансияи Шаршара (Вахш) ва як катор стансияхои электрии муассисахои саноати ба истифода дода шуданд. Соли 1955 истехсоли кувваи электр нисбат ба 1950 1,7 маротиба (296 миллион килоВат) афзуд. Хачми умумии махсулоти саноат дар охири панчсолаи 5-ум нис­бат ба 1940 277,% ва нисбат ба 1928 2473% зиёд шуд. Дар панчсолаи 5-ум ба туфайли бартараф кардани душворихои объективи ва нуксонхои субъективи (вайрон шудани прин­сипи хавасмандонии моддии колхоз­чиён, нарасидани кадрхои баландихтисос ва гайра) ба пешрафти нави зиро­ати сотсиалисти замина тайёр карда шуд. Дар тараккии минбаъдаи хочагии кишлоки мамлакат, аз он чумла Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, карорхои Пленуми сентябри» (1953) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС роли калон бозиданд. То охири панчсола майдони кишт 36 хазор гектар афзуд, барои обёри (ирри­гасия) 432 миллион сум сарф карда шуд. Соли 1955 Точикистон ба давлат 400,3 хазор тонна пахта супурд. Сохахои дигари хочагии кмшлок— чорводори, кирмакдори, богдори низ босуръат таракки карданд. Хаёти маънавии халки точик боз хам бештар нашъунамо ёфт: даххо мактабу муассисахои илми ва маърифати сохта шуданд, санъат ва адабиёти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии точик ба муваффакиятхои калон ноил гардид. 14 апрели 1951 Филиали точикистонии Академияи Фанхои СССР  ба Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон табдил дода шуд. Панч­солаи 5-ум дар бунёди базаи моддию техникии сотсиализми мутаракки мархалаи халкунанда гардид.

Директивахои плани панчсолаи 6-уми тараккии хочагии халки СCCP (1956—60)-ро Съезди 20-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (феврали 1956) тасдич кард. Лоихаи директивахои плани панчсолаи 6-умро Съезди 10-уми Партияи Коммунистии Точикистон (январи 1956) мухокима карда, якдилона маъкул донистанд ва рохи тараккиёти республикаро дар панчсолаи нав муайян намуд. Плани панчсола ба охир расонидани сохтмони стансияхои электрии обии пуриктидори Кайроккум (дар дарёи Сир) ва Шаршара (дар канали Вахш), cap кардани сохтмони ГЭС-и Сарбанд (дар дарёи Вахш) ва минбаъд таракки додани дигар сохахои саноат, хочагии кишлок ва маданияти, республикаро пешбини намуд. Танхо дар ду соли аввали панчсола ба саноати республика 612 миллион сум сарф шуд. Дар ин муддат 32 объекти са­ноати, аз чумла яке аз азимтарин ГЭС-хои Осиёи Миёна — ГЭС-и Кайроккум («Дустии халкхо»), ду агрегати ГЭС-и Шаршара ба кор да- ромад. Соли 1958 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон 859,8 миллион  килоВатт кувваи электр (соли 1950 170 миллион килоВатт буд) истехсол карда шуд, фабрикахои пойафзоли Ленинобод, мебелсозии Душанбе, заводхои равганкашии Кургонтеппаю Конибодом ба кор даромаданд. Ба мусобикаи со­тсиалисти 93,5%’ коргарону хизматчиёни Точикистон чалб карда шу­данд.

Съезди 11-уми Партияи Коммунистии Точикистон (январи 1958) мехнаткашони республикаро ба халли вазифахои навбатии панчсолаи чори сафарбар намуд. Коллективхои муассисахои саноати, сохтмон, наклиёт ва алока ухдадорихои сотсиалистии худро пеш аз мухлат ва барзиёд ичро мекарданд. Аксарияти кул­ли муассисахои саноатии республика плани панчсолаи 6-умро бомуваффакият ичро карданд, самаранокии мехнат 16% зиёд шуда, хачми умумии махсулоти хамаи сохахои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон соли 1960 нисбат ба 1945 581%* ва назар ба 1913 37,5 баробар афзуд. Солхои 1956—60 хочагии кишок хам ба муваффакиятхои калон ноил гардид. Дар натичаи корам шудани заминхои навкорами Дашти Дилварзин колхозхои нави пахтакори ба вучуд омаданд ва фотехони муходири Мастчох соли 1956 хосили баланди пахта руёнданд. Хамон сол Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон барои тараккии пахтакори ба гирифтани ор­дени Ленин мушарраф гардид. Соли 1957 пахтакорони точик 40-солагии Револютсияи Октябрро бо хосили 434,4 хазор тонна «тиллои сафед» чашн гирифтанд. Дар панчсолаи 6-ум азхудкунии 50 хазор гектар замини Мирзочул огоз ёфт, навбати аввали стансияхои насосии Хочабокиргон, Сомгор ва Дилварзини вилояти  Ленинобод ба истифода дода шуд. Дар панчсолаи 6-ум барои пешравии минбаъдаи хоыагии кишлок МТС-хо аз нав таш­кил ва колхозхои нисбатан майда ба хочагихои калони пуриктидор (ба чои 2685 колхозхои хурд 434 хочагихои пуриктидори серсоха ташкил ёфтанд) муттахид карда шуданд. Интелли­генсияи точик (соли 1957 44,3 хазор нафар мутахассисони дорои маълумоти оли ва миёна) дар ичрои вазифа- хои панчсолаи 6-ум дар сохтмони чамъияти сотсиалистии мутаракки сахми арзанда гузошт. Дахаи адабиёт ва санъати точик, ки апрели 1957 дар Москва баргузор шуд, дар хаёти мадании республика вокеаи мухим мебуд.

Январи 1959 Съезди 21-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ракамхои контролии тараккии хочагии халки СССР-ро барои солхои 1959—65 тасдик кард. Лоихаии ин хуччат ба мухокимаи умумихалки гузошта шуд. Халки совети онро якдилона маъкул донист. Съезд галабаи пурра ва катъии сотсиализмро дар мамлакати мо кайд намуда, дар плани хафтсолаи нав равнаки хамаи сохахои хочагии халк ва дар ин асос боз хам бехтар намудани хаёти моддию маънавии одамони советиро пешбини кард. Дар ракамхои контроли ба прогресси минбаъдаи техники, бехтар кардани структураи хочагии халк ва сохахои алохидаи он, ба масъалаи окилона чо ба чо гузоштани куввахои истехсолкунанда, тезонидани сохтмони стансияхои пуриктидори электри ва саноати химия, тараккии минбаъдаи хочагии кишлок, баланд бардоштани дарачаи некуахволии мехнаткашон эътибори чидди дода шуд.

Съезди гайринавбатии 12-уми Партияи Коммунистии Точикистон (январи 1959) дар асоси ракамхои контроли тараккии республикаро дар хафтсола мукаррар кард. Дар тули хафт сол барои таракии хочагии халк ва маданияти республика бештар аз 1 миллиард сум сарф карда шуд, ки он ба тамоми харочоти дар солхои Хокимияти Совети кардашуда баробар буд. Дар саноати Точикистон бунёди як катор сохахои тамоман нав — мошинсози, электротехни­ки, химия, сохтмони азамати элект­ри — ГЭС-и Норак (иктидораш 2,7 миллион килоВатт) мукаррар карда шуд. Пла­ни хафтсола суръати баланди тараккии хамаи сохахои саноат, хочагии кишлок, бунёди иншоотхои калони обёри, инкишофи илму маърифат, баланд бардоштани дарачаи хаёти моддию мадании мехнаткашонро пешбини кард. Мехнаткашони республика ба ичрои плани хафтсола шуруъ наму­данд. Дар корхонахо ва сахрохои колхози, муассисахои илму маданият харакати мехнати коммунисти, мусобикаи оммавии сотсиалисти авч гирифт. Дар заводу фабрикахо ташаббуси хуби мехнатии В. Гаганова ва Ю. Вечерова харчониба дастгири карда шуд. Мавчи мусобикаи умумихалки, хусусан дар рузхои тайёри ба кушода шудани Съездп 22-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1961) басо вусъат ёфт: шумораи иш- тирокчиёни мусобика дар саноат зиёда аз 100 хазор нафар буд. То соли 1903 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон 170 муассисаю сеххои нави бо техникаи  замонави чихозонидашуда, аз чумла навбатхои якуму дуюми комбинатхои хонасози, бофандаги ва равганкашии Душанбе, Комбинати колинбофии Кайроккум, заводи ширу Комбинати гушти Ленинобод ва гайра ба кор даромаданд. Заводи мошинсозии «Точиктекстилмаш»-и Душанбе, заводхои |электромеханикии Исфараю Адрасмон, Заводи трансформатори Кургонтеппа аввалин дастгоххои автомати бофандаги ва асбобхои электри истехсол намуданд. Робитахои иктисодии республика бо тамоми мамлакат мустахкамтар гардид. Молхои саноати Точикистон ба даххо мамлакатхои Осиё, Европа ва Африка экспорт карда шуданд. Хачми умумии махсулоти хамаи сохахои саноати республика дар охири хафтсола нисбат ба соли 1913 63,7 баробар афзуд. Дар давоми хафтсола дар хочагии кишлок хам дигаргунихои кулли руй дод: заминхои кишти пахта ба туфайли корхои зиёди ирригасионии хеле васеъ, ба­заи моддию техникии колхозу совхозхо (13617 трактор) мустахкамтар гар­дид, шакли нави ташкили мехнат (бригадахои комплексии трактори- сахрои) чори шуд, дар чорводори баъзе тагйироти кулли ба амал омад ва Точикистон дар давоми хафтсола ба Ватан 3,5 миллион тонна «тиллои сафед» супорид. Дар натичаи тараккии саноату зироат, афзоиши даромади милли зиндагонии мехнаткашон боз хам бехтар шуд. Давлати Совети ба­рои амали гардондани тадбирхои ич- тимоию мадани аз нисф зиёди бючет (соли 1963 185,7 миллион сум) -ро сарф кард. Мувофики конун «Дар бораи мустахкам намудани алокаи мактаб бо хаёт ва инкишофи минбаъдаи маорифи халк дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистони системаи маълумоти миёнаи махсус ва оли аз ав ташкил карда шуд. Солхои 1959—65 кариб 600 хазор кас, яъне дар чахорумин каси Точикистон бо ягон намуди таълим машгул буд. То соли 1963 донишкадахоро 30 хазор нафар мутахассисон хатм карданд. Дахаи адабиёти рус дар Точикистон (октябри 1960), хафтахои ада­биёти точик дар Республикаи Советии Сотсиалистии Украина, Республикаи Советии Сотсиалистии  Туркманистон ва Республикаи Советии Сотсиалистии Киргизистон, сафари арбобони ма­данияти узбеку озар ба республика аз мустахкам шудани дустии ленинии одамони совети шаходат меди- ханд. Мехнаткашони точик карордхои таърихии Съезди 23-уми КПСС (1966) ва Съезди 16-уми Партияи Коммунистии  Точикистон. (1966), инчунин Пленумхои марти ва сентябрии (1965) Комитети Марказии КПСС-ро гарму чушон маъкул дониста, барои татбик намудани онхо ба хаёт муборизаро вусъат доданд. Аз соли 1967 муассисахои саноати республика ба системаи нави плангири ва хавас- мандонии иктисоди гузаштанд, ки ин ба хеле баланд шудани самаранокии мехнат мусоидат намуд.

Дар давоми панчсолаи 8-ум (1966—70) хачми истехсоли махсуло­ти саноати республика 1,5 баробар, аз он чумла истехсоли кувваи электр 2,1, махсулоти саноати машинсози ва электротехника 2,3, саноати сабук 1,4, саноати хуроквори 1,5 баробар афзуд. Хосилнокии мехнат назар ба хафт соли гузашта ду баробар аф- зуд. Дар тули панчсола зиёда аз 100 муассисаи саноати, сеххо ва участкахои истехсоли бунёд карда шуданд, ки Заводи нурихои нитрогендори Вахш, Заводи яхдонхои «Помир», заводи «Гидроизол» (дар Хисор), Комбинати маъдантозакунии Анзоб аз кабили онхоянд. Солхои 1966—70 маблаггузории асоси ба хочагии халк якчоя бо маблагхои колхозхо 2 миллиард 750 миллион сумро ташкил дод, ки ин назар ба планхои панчсолаи пешина хеле зиёд аст. Дар давоми панчсола дар хочагии кишлоки республика низ тагйироти азим ба амал омад. Ба давлат зиёда аз план 287,6 хазор тонна пахта, 105 хазор тонна галла, 15 хазор тонна гушт, 32,4 хазор тонна шир фурухта шуд. Соли 1970 мехнат­кашони сахрохои колхози ба давлат 726,5 хазор тонна пахта фурухтанд; Дар давоми панчсола зиёда аз 54 хазор гектар замини нави об ба истифода дода шуд, системаи обёрии калонтарини республика Ёвон — Обикиик ба кор даромад, кариб 200 хазор гектар чарогох обшор гардид. Дар давоми панчсола даромади реалии мехнаткашон ба хисоби дар сари ахоли 33%, имтиёзу ёрдампулихое, ки ахоли аз фондхои чамъиятии истеъмол мегирифтанд, 167 баробар афзуд; 620 хазор кас ё худ чахоряки ахолии республика хонахои нав гирифта, шароити махаллин худро бехтар карданд. Халки точик дар сохаи маорпи, санъат, адабиёт ва илм низ ба комёбихои калон ноил гардид. Соли 1970 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон 960,4  хазор нафар, яъне дар сеюмин сокини республика бо ягон намуди таълим фаро гирифта шуда буд. Дар донишкадахои оли ва омузишгоххо зиёда’ аз 80 хазор донишчуён мехонданд. Панчсолаи 8-ум дар пешрафти умумии хочагии халк ва маданияти республика, дар анчоми сохтмони со­тсиализми мутаракки мархалаи мухимме гардид. Директивахои плани панчсолаи 9-ум (1971 —76)-ро Съезди 24-уми КПСС (1971) муайян кард. Дар лоихаи директивахо, ки онро Съезди 47-уми Партияи Коммунистии Точикистон (феврали 1971) якдилона маъкул донист, 37— 40% зиёд кардани хачми махсулоти саноат ва дар айни замон таъмин намудани суръати баландн тараккиёти электроэнергетика, металлургияи ранга ва мошинсози пешбинйишуда буд. Плани панчсола вазифа гузошт, ки истехсоли кувваи электр дар республика 2,1 баробар зиёд карда, дар охири панчсола ба 6,8 миллиард килоВатт расонида шавад. Дар ин муддат агрегатхои аввалини ГЭС-и Норак, агрегати сеюми Стансияи электрии олавии Ёвон ба истифода дода шуд, сохтмони ГЭС-и Хоруг ва дигар объектхои энергетики анчом ёфт. Програм­маи тараккиёти хочагии кишлоки республика хам хеле калон буд. Соли 1975 бояд 760 хазор тонна пахта, аз чумла 290 хазор тонна пахтаи махиннах истехсол карда мешуд. Мустахкам намудани базаи хуроки чорво ва дар ин асос зиёд на­мудани истехсоли гушт, шир, тухм ва махулоти дигар дар сохаи чорво- дори низ вазифаи мухимтарин хисобида мешуд. Дар панчсола ба тараккии минбаъдаи хочагии халки республикаамон 3,9 миллиард сум чудо кар­да шуд, ки ин назар ба панчсолаи пештара 44% зиёд буд. Баланд бардоштани дарачаи зиндагонии халк дар панчсолаи чори дар махди аввал меистод. Дар ин муддат дарома­ди реали ба хисоби хар cap ахоли такрибан 30%-, хачми неъматхои модди ва хизматрасонии бепул, ёрдам­пули ба ахоли аз хисоби фондхои чамъиятии истеъмол 1,4 баробар афзуд, музди мехнати миёнаи коргарон ва хизматчиён ба хисоби миёна 20— 22%- ва колхозчиён 30—35% зиёд шуд. Потенсиали саноату энергетика боз хам афзуд. Соли 1974 стансияхои элект­рии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон 3864 миллион килоВаттсоат (соли 1948—621 миллион килоВаттсоат) кувваи электр истехсол карданд. Дар панч сол ба­рои тараккии саноат 1151 миллион сум сарф шуд, фондхои асоси кариб 1,8 баробар афзуданд. Соли 1975 хачми умумии истехсоли махсулоти саноат нисбат ба 1970 бештар аз 38% зиёд шуд.

Мувофики директивахои Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС Комплекси минтакавию истехсолии Точикистони Чануби ба вучуд омад, ки асоси онро сохтмони ГЭС-и Норак, 3аводи алюминийи Точикистон, 3аводи электрохимиявии Ёвон ташкил медоданд. Дар ин панчсола се агрегати ГЭС-и Норак, ГЭС-и Хоруг, навбати якуми 3аводи алюминийи Точикистон, Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Комбинати сурбу рухи Адрасмон ба кор андохта шуданд, сохтмони бештар аз 200 километр рохи охани Тирмиз — Кургонтеппа ва газопроводи шахри Ду­шанбе анчом ёфт. 140 участкаю сеххои истехсоли ба таври комплекси механиконида ва автоматонида шу­данд. Самараи истехсолоти чамъияти афзуд. 61%’ афзоиши махсулоти са­ноат аз хисоби баланд бардоштани хосилнокии мехнат ба даст оварда шуд. Дар панчсолаи 9-ум (1971—75) барои тараккии хочагии кишлоки республика 1276 миллион сум сарф карда шуд, ки ин нисбат ба панчсолаи 8-ум 1,5 маротиба зиёд буд. Хачми махсулоти умуми назар ба панчсолаи 8-ум 33,8% афзуд, хол он ки дар план 28% пешбини шуда буд. Пахтакорони рес­публика марраи 800 хазор тоннагии «тиллои сафед»-ро сарбаландона фатх намуда, дар давоми 5 сол ба давлат зиёда аз план бештар аз 450 хазор тонна пахта фурухтанд, Плани хосил намудан ва ба давлат фурухтани картошка, сабзавот, мева, пилла, гушт, шир, тухм ва пашм низ барзиёд ичро гардид. 63 хазор гектар замини оби ба кор андохта, 148 хазор гуктар чарогох бо об таъмин карда шуд. Умуман дар солхои Хокимияти Со- вети дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  кариб 1000 иншооти гидротехники бунёд ёфт.

Суръати баланд ва устувори тараккиёти иктисодиёти совети барои ичрои программаи ичтимоии партия имкониятхои хуб фарохам овард, минбаъд бехтар шудани вазъи моддию зиндагонии мехнаткашони республикаро таъмин кард. Дар панчсолаи 9-ум даромади милли 33% ва фондхои чамъиятии истеъмол 64 % афзуднд. Хачми минималии нафакаи коргарон, колхозчиён, хизматчиён, нафакаи пиронсоли ва инвалидони Чанги Бузурги Ватани, оилаи хизматчиёни халокшудаи харби, инчунин ёрдампули ба оилахои серфарзанд зиёд шуд. Дар зарфи панч­солаи 9-ум донишкадахои оли ва миёнаи республикаро бештар аз 65 хазор нафар мутахассисон хатм кар­данд. Соли 1974 шуморам китобхонахо аз 401 (1940) ба 1352 ва клубхо аз 502 ба 1172 расид. Савдо, хуроки уму­ми ва хизматрасонии маиши боз хам инкишоф ёфт. Хачми хизматрасонии маиши 1,7 (дар дехот 2) баробар афзуд. Соли 1975 гардиши мол дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  1631,5 миллион сумро ташкил кард, ки ин нисбат ба 1970 42,4% зиёд буд.

Съезди 25-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1976) про­граммаи азими сохтмони коммунизмро муайян кард. Вай роххои асосии тараккиёти хочагии халки СССР-ро (1976—80) дар панчсо­лаи 10-ум муайян намуд. Панч­солаи 10-ум дар назди Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон вазифахои хеле калон гузошт. Дар ин панчсола хачми махсулоти саноат 40—44% зиёд, сохтмони Комплекси минтакавию истехсолии Точикистони Чануби давом дода шуд. ГЭС-и Норак як сол леш аз мухлат пурра ба кор даромад, сохтмоии ГЭС-и пуриктидори Рогун огоз ёфт. 80 корхонаю сех, аз он чумла чор корпуси электролиз ва сехи анодхои пухтаи 3аводи алюминии Точикистон, корхонахои калони Заводи электрохимиявии Ёвон, 5,6 миллион метр3 манзилгох, бисёр объектхои маданию маиши сохта шудаанд. Хачми истехсоли махсу­лоти саноати соли 1980 назар ба 1940- ум 18 баробар афзуд. Агар соли 1937 дар республика хамаги 24,8 миллион килоВаттсоат кувваи электр истехсол карда шуда бошад,’ пас соли 1980 истехсоли он ба 13,6 миллиард килоВатт-соат расид. Сохахои саноат, энергетика, металлур- гияи ранга, мошинсози, саноати хи­мия, сабук ва хуроквори босуръат таракки карданд. Фондхои асосии истехсолии республика кариб 44%, аз он чумла дар саноат 60,5%, сохтмон 25,8% ва хочагии кишлок 36,9% афзуданд.

Дар панчсолаи 10-ум мехнаткашони дехот хам комёбихои калон ба даст оварданд. Беш аз 55 хазор гектар замини оби ба кор андохта шуд. Истехсоли миёнаи солонаи галла 45%, картошка 32%’, сабзавот 29%, зироатхои полизи 66%, пусти карокули 11%, чорвою мург 20%, шир 30%, тухм 56% афзуд. Пахтакорони точик дар панчсолаи 10-ум ба Ва­тан чамъ 4 миллион 531 хазор тонна пахта фурухтанд. ки 1 миллион 388 хазор тоннаи он пахтаи махиннах аст. Соли 1980 То- чикистон ба давлат беш аз 1 миллион тонна пахта фурухт. Xочагии кишлоки республика соли 1980-ум 2371 автомобили боркашу махсус, 3041 трактор. 230 комбайни галладарав. 750 мошини пахтачини, 1370 тухмипошак ва дигар техникаи хочагии кишлок гирифт.

Дар хамин давра даромади пулии ахолии республика 28,7%, музди ко­ри миёнаи хармохаи коргарону хиз­матчиён 5,1%, даромади колхозчиён аз хочагии чамъияти 20%, фондхои чамъиятии истеъмол 28,4%* зиёд шуд. Ёрдампули ва имтиёзхо аз фондхои чамъиятй 1,6 миллиард сум афзуданд. Барои 100 хазор талаба мактаб, барои 16 хазор бача муассисахои томактабии бачагона, инчунин даххо беморхона, поликлиника, ма­газин, хонахои хизмати маиши ва объектхои дигар сохта шуданд. Хачми хизмати маиши 1,6, аз он чумла дар дехот беш аз 1,8 баробар аф­зуд. Соли 1980 кариб 90 корхонаю иттиходияи калон ба ахоли хизмати маиши расониданд.

Съезди 26-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (1981) роххои асосии тараккиёти иктисоди ва сотсиалии СССР-ро дар солхои 1981— 85 ва дар давраи то соли 1990 муайян намуд. Лоихаи онро Съезди 19-уми Партияи Коммунистии Точикистон (январи 1981) якдилона маъкул донист. Панчсолаи 11-ум дар назди Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон низ вазифахои хеле калон гузошт. Дар ин панчсола бояд хачми махсулоти саноати 24—27% зиёд карда, сохтмони Комп­лекси минтакавию истехсолии Точикистони Чануби давом дода шавад. Дар 3аводи алюминийи Точикистон иктидорхои нав ба кор медароянд, сохтмони 3аводи электрохимиявии Ёвон, стансияхои электрии обии Рогун ва Бойгози вусъат меёбад. Дар соли 1985 истехсоли энергияи электр ба 16 миллиард килоВаттсоат расонида мешавад. Истехсоли матоъхои пахтагии дар зарфи панч сол 1,3 баробар меафзояд. Хачми маблаггузори ба хоча­гии халки республика кариб ба 5 миллиард сум, аз чумла корхои сохтмону монтаж такрибан ба 3,3 миллиард сум мерасад. Дар панчсола хочагии кишлоки рес­публика боз хам таракки мекунад. Хосилнокии мехнати хочагии кишлок дар сек­тори чамъияти 22—24% меафзояд. Истехсоли миёнаи солонаи пахта дар панчсола бояд ба 910—920 хазор тонна аз он чумла пахтаи махиннах ба 315—320 хазор тонна расад. Истечсоли миёнаи солонаи гушт 23%, шир 16%’ зиёд карда мешавад. Дар рес­публика дар панчсолаи чори обёри кардани 50—55 хазор гектар замин ва да- вом додани истифодаи заминхои дашти Дангара пешбини шудааст. Дар панчсолаи 11-ум ба баланд бардоштани дарачаи некуахволии халк диккати чидди дода мешавад. Даромади реали ба сар то сари ахоли дар зарфи панч сол 16—18% меафзояд. Музди миёнаи мохонаи кори коргарону хизматчиён 13—16% зиёд шу­да, дар охири панчсола мохе ба 190– 195 сум мерасад. Даромади колхозчиён аз хочагии чамъиятии колхозхо ба хисоби миёна 20—22% зиёд мешавад. Муомилоти моли чаканаи савдои давлати ва кооперативи дар республика 29—32% меафзояд. Хачми адои хизмати маиши такрибан 1,5, аз он чумла дар дехот 1,6 баробар зиёд мегардад.

Дар панчсолаи 11-ум дар респуб­лика аз хисоби хамаи манбаъхои пулчудокуни ба истифода додани 6,3 миллион метрэ бинохои истикомати пеш- бини шудааст.

Дар тули панчсолахои сохтмони азими сотсиализм халки совети тахти рохнамоии Партияи Коммунисти ба комёбихои беназир ноил гардид. Дар мамлакати мо сотсиализми мутаракки бунёд карда шуд.

Холо мехнаткашони республикаамон тахти рохбарии Партияи Ком- мунистии Точикистон бахри бошарафона ичро намудани вазифахои плани панчсолаи 11-ум мубориза бурда истодаанд. Г. X- Хайдаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.