Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планхои молияи

Планхои молияи

Планхои молияи дар СССР, планхоест, ки даромади пулии давлат, корхона, ташкилотхо ва шакли гункунии онхо, инчунин тартиби истифода аз онхоро ифода мекунад. План дар асоси планхои перспективи ва чории хочагии халк тартиб дода мешавад. Дар План нишондихандахои гуногуни натуралии дар планхои хочагии халк мавчуда бо пул ифода мегарданд ва нишондихандахои ис- техсолоти чамъияти мукоиса карда мешаванд. План ба ичрои планхои хочагии халк мусоидат мекунад, захирахои дохили ва таносуби хочагии халкро муайян менамояд ва барои ба онхо риоя намудан кумак мерасонад. План ба 3 гурух: индивидуали, умуми ва марказонидашуда чудо мешавад.

Ба планхои молияи инди­видуали баъзе шахсони юридики, баланси даромад ва харочоти ташкилоту корхона, планхои молияи ташкилотхои колхозию кооперативи ва сметахои муассисахои гайриистехсоли (маориф, тандурусти) дохил мешаванд. Дар баланси даромад ва харочот маблаги даромад ва харч, дар смета бошад, факат харочоти дар план пешбинишуда нишон дода мешавад. Ба планхои молияи умуми баланс ва сметаи даромад ва харочоти ташкилотхои номбаршуда дохил мешавад.

Дар ин хуччатхо даромад ва харочоти ташкилотхои мазкур ва План хамаи дигар ташкилот ва корхонахои ба онхо вобаста нишон дода мешавад. Планхои мо­лияи марказонидашуда дар микёси район, вилоят, республика ва мамлакат тартиб дода мешавад. Дар чунин планхо бючети давлати, сугуртаи ичтимои ва планхои мо­лияи умумии хочагии халк дохил мешавад. Планхои молияи умумии хочагии халк хамаи нишондихандахои мухими Планро дар бар мегирад. Ичрои планхои хочагии халк шарти мухими ичрои План буда, дар навбати худ ичрои План ба ичрои нишондихандахои хочагии халк таъсири калон мерасонад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.