Главная / Илм / Петрофизика

Петрофизика

Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як сохаи илми геология, ки хосиятщои физикии чинсхои кухиро дар алокаманди бо таркиби минерали, структура ва таърихи пайдоиши онхо тадкик мекунад. Мафхуми «Петрофизика»-ро бори аввал геофизики РДГ Ф. Фрёлих дар илм чори кардааст (1953). Петрофизика хосияти чинсхои кухиро бевосита дар сахро бо ёрии усулхои петрографи, тадкикоти геофизики ва космофизики, инчунин бо усулхои лаборатори меомузад. Чинсхои кухие, ки дар асоси тадкикоти сахрои ба даст оварда мешаванд, аз руи хусусиятхояшон тасниф карда шуда, натичахои он дар харитахои петрофизики тасвир меёбанд.

Петрофизика маълумотро оид ба хо­сиятхои чинсхои кухии муайян истифода бурда, шароитхои конкретии термодинамикии пайдоиши онхоро мукаррар мекунад ва барои моделонии физикию механики (омухтани хосияти чинсхои кухи хангоми фишор ва харорати баланд) имконият фарохам меоварад. Петрофизика махсусан солхои 60—70 ба муносибати зарурати омух­тани табакахои чукури кишри За­мин, ки ба муайян намудаии манбаъхои маъдан, пайдоиши чинсхои кухи ва ходисахои сейсми равона карда шуда буданд, ахамияти калон пайдо кард.

Ад.: Беликов Б. П., Александ­ров К. С., Р ы ж о в а Т. В., Упругие свойства породообразующих минералов я горных пород, М., 1970; Физико-механи­ческие свойства горных пород и минера­лов при высоких давлениях я темпе­ратурах, М., 1974.

Дар борамон

Инчунин кобед

МУХАММАД ИБНИ АХМАДИ САМАРКАНДИ

МУХАММАД ИБНИ АХМАДИ СА­МАРКАНДИ (со­ли таваллуд ва вафоташ номаълум), олим ва факехи асри 11 форс-точик. …