Маълумоти охирин

Петефи Шандор

Петефи Шандор (1. 1. 1823, Кишкёрёш — 31. 7. 1849, Фехередхаза), шоир ва демократи револютсионин венгер. Аз оилан точир. Соли 1839 ба хизмати харби дохил шуд. Ба сабаби бемори соли 1841 аз хизмат озод гардида, актёри сайёх шуд; бо тарчума ва китобат таъмини маишат менамуд. Шеъри аввалинаш соли 1842 ва мачмуаи нахустинаш бо номи «Шеърхо» (1844) ба чоп расиданд. Эътирози псёнкорона дар назми Петефи дар мачмуахои «Зидди шохон» ва «Гули дашти» обуранги демократи гирифтааст.

Петефи конуниятхои романтизмро, ки дар назми он солхо маъмул буданд. ши­каста, назмашро аз чихати шаклу мундарича ба асархои халки наздик кардааст (достони мазхакавии «Запгулаи деха», 1844; достони афсонавии «Пахлавон Янош», 1844). Достонхои «Пишта Силай» (1846) ва «Шалго» (1846) охангхои фочиави  доранд. Соли 1846 Петефи ташкилоти инкилобии чавонони шахри Пешт — «Чамъияти дахнафарон»-ро таъсис намудан хост, ки максади он демократи кардани адабиёт буд.

Дар шеърхои индавраинаи Петефи ходисаву вокеахои муборизаи ичтимои, ки худи шоир дар онхо бевосита иштирок мекард, ба таври васеъ инъиткос ёфтаанд. Кахрамони ашъори ишкии шоир занест, ки дар муборизахои инкилоби бо у хамсаф аст. Петефи яке аз рохбарони шуриши револютсионии 15 марти 1848 дар Пешт ва Буда буд. Петефи ба рево­лютсия ва таъсиси республикаи де­мократии мустакили Венгрия, бархам задани феодализм даъват ме­кард («Суруди милли», «Шохонро ба дор бояд кашид!», «Ба миллат», «Солхои пурдахшат», «Хаёт ва марг», достони «Хавори», 1874). Вале ба са­баби мушкилихои пешомада, бартарии харбии душман, адами харакатхои инкилоби дар мамлакатхои дигари Европа ба ашъори Петефи охангхои яъсу ноумеди рох ёфтаанд. Петефи дар зудухурди зидди казакхои армияи подшохи халок гардид. Ба забони точики мачмуаи шеърхояш бо номи «Умри барк» (Д., 1969) чоп шудааст.

Ос.; Витязь Янош. Дэбраняые стихот­ворения, М., 1072.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …