Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пеститсидхо

Пеститсидхо

Пеститсидхо (аз лот. реstis — мараз ва саеdo — мекушам), захрхимикатхо, моддахои химиявианд, ки барои махви алафхои бегона, касалию зараррасонхои растани, дон ва махсулоти галладона, чубу тахта, когаз, маснуоти пахтагин, муина, пашм, пуст ва эктопаразитхои хайвонот, инчунин пахнкунандаи касалихои хавфноки одаму хайвонот ба кор мебаранд.

Пеститсидхоро вобаста аз он, ки барои мах­ви кадом зараррасонхо истифода мешаванд, ба чунин гуруххо чудо мекунанд: а к а р и с и д х о (канакуш), инсектитсидхо (хашароткуш), пематотсидхо (кирмкуш), б а к ­терисидхо (махвкунандаи бактерияхои патогени), фунгисидх о (занбуругкуш),, зоосидхо (махвкунандан мухрадорони зараррасон), молюскосидхо (махвкунандаи нармбаданхо). Ба Пеститсидхо г е р б и с и д х о (барои махви алафхои бегона), дефоллиантхо (мод­дахои баргрезон), десикантхо (воситахои химиявии хушконандаи растанихо), ангезандаи рушди растанихо (а у к с и н х о, гиббереллинхо ва гайра), репеллентхо (воситахои химиявии рафъи кана ва хашарот), аттрактантхо (хашаротчалбкунанда бо максади минбаъд махв намудан), хемостери лянтхо (моддахои химиявие, ки хашаротро бе насл мекунанд) ва гайра низ тааллук доранд.

Пеститсидхо ба гуруххои гуногуни моддахои органики ва гайриорганики дохил мешаванд. Аксари онхо моддахои органики буда, бо рохи синтез хосил мешаванд. Махсусан Пеститсидхои хлорорганики ва фосфорорганики, хосилан пайвастхои кислотаи карбаминат ахамияти калони иктисоди доранд. Аз Пеститсдхои гайриорганики махсусан пайвастхои мис, сулфур ва гайра мухиманд. Пеститсидхо асоси мухофизати химиявии растани ва дар айни замон яке аз  усулхои самарабахши мубориза бар зидди зараррасону касали ва алафхои бегона ба шумор мераванд. Пеститсидхо ба организми зараррасонхо аз дахон, пуст, узвхои нафас ва гайра дохил ме­шаванд. Пеститсидхо вобаста ба суръати вайроншави дар хок ба 6 гурух таксим мешаванд: 1) мухлати тачзия бештар аз 18 мох (препаратхои хлорорганики, пайвастхои селен); 2) кариб 18 мох (гербитсидхои триазини, никлорам, диурон ва гайра; 3) кариб 12 мох (хосилахои кислотаи галоидбензоат ва баъзе амиддо); 4) то 6 мох (нитрилхои кислота, трефлаи, нитрофенолхо ва гайра); 5) то 3 мох (хосилаи кислотахои арилкарбаминату алкилкарбаминат ва гайра); 6) камтар аз 3 мох (пайвастхои органикии фосфор ва гайра). Дар хочагии кишлок бештар Пеститсидхоеро истифода мебаранд, ки таъсирашон ба давраи нашъунамои растани рост меояд.

Пеститсидхо вобаста ба захрноки барои ода­му хайвонот ба 4 гурух таксим ме­шаванд:            зудтаъсир,    баландтаъсир, миёнатаъсир ва камтаъсир. Ин таснифот шартист, зеро захрнокии Пеститсидхо барои одаму хайвонот ба бисёр омилхои дигар вобаста аст. Механизми таъсири Пеститсидхо нихоят гуногун буда, то хол пурра омухта нашудааст, Ба 1 га замин вобаста ба хусусиятхои Пеститсидхо 0,2—40 кг (бештар 0,5—2 кг) Пеститсидхо мепошанд. Пеститсидхоро одатан дар намуди хока, моеъ ё бур истифода мебаранд. Ба зироати хочагии кишлок Пеститсидхоро бо ёрии мошину самолётхо мепошанд. Хангоми нодуруст ва баразиёд пошидани Пеститсидхо растани ва гули он осеб мебинад ва хосил хеле кам мешавад. Истифодаи муттасили Пеститсидхо боиси ифлосии раста­ни, буи бад ва таъми нохуш, инчунин сабаби дар сатхи замин гун шудани моддахои захрдори барои одаму хайвонот хавфнок мегардад. Махсусан ба биосенозхо таъсири бад мерасонанд. Хангоми истифодаи Пеститсидхои баландтаъсир (махсусан инсектисидхо,акарисидхо) бисёр вакт бандпойхои паразит ва дарранда нобуд мегарданд ва дар натича хуручи хашаротхои зараррасон ба амал меояд.

Дар СССР аз Пеститсидхое  истифода меба­ранд, ки Комиссияи давлати оид ба воситахои химиявии зидди зараррасонхо, касалихои растани ва алаф­хои бегонан назди Вазорати хочагиии СССР тавсия кардааст. Хар сол руйхати воситахои химияви ва биологии мубориза бар зидди зараррасонхо, касалихои растани ва алафхои бего­на, ки барои истифода дар хочагии кишлок тав­сия шудаанд, нашр мегардад. Руйхатро Вазорати хочагии кишлоки СССР бо ризоияти Вазорати нигахдории тандурустии СССР тасдик мекунад. Хангоми ба кор бурдани Пеститсидхо тамоми коидахои мухофизатиро катъиян риоя бояд кард. Ба корхои истифодабарии Пеститсидхо наврасони то 18-сола, занони хомила ва модароне, ки тифли ширхор доранд, рох дода намешаванд, рузи кори бо Пеститсидхо хамаги 4—6 соат аст.

Ад.: Руднев Д. Ф, Кононова Н. Э. Природа и ядохимикаты, М., 1971; Мельников Н. Н.. Химия и техноло­гия пестицидов. М., 1974; Справочник по пестицидам. Гигиена применения и ток­сикология, Киев, 1974.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.