Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пешгуйи обу хаво

Пешгуйи обу хаво

Пешгуйи обу хаво п р о г н о з и н а в ъ и ха во, пешаки аник кардани холатхои баъдинаи обу хаво дар асоси тахлили илмии конуниятхои инкишофи просессхои атмосфери. Холати баъдинаи обу хавои территорияи муайян (вилоят, кишвар, республи­ка), инчунин махалхои алохидаи ахолинишин, аэропортхо, роххои хавои, рохи охан ва гайраро барои муддати кутох (1—2 шаборуз) ва дароз 3—10 шаборуз, мох ва зиёда аз он пешгуй кардан мумкин аст.

Барои Пешуёии обу хаво аз усулхои метеорологияи синоптики истифода мебаранд. Ба ин максеад аз руи натичахои мушохидахои стансияхои гидрометеорологи ва аэрологи барои кабатхои гуногуни атмосфера (аз сатхи Замин то баландии 30 км) харитахои синоптикии обу хаворо тартиб модиханд (масалан, барои обу хавои Точикистон ахбори зиёда аз 70 ст. гидрометеорологиро истифода мебарад, ки дар махалхои шароити табиию географиашон гуногуни респуб­лика вокеъ гардидаанд).

Инчунин аз маълумоти радифхои метеорологи харчониба истифода мебаранд. Тах­лили ин маълумотхо имконият медихад, ки дар харитахои обу хаво пайдоиши массахои азими хаво, фронтхои атмосферии байни ин мас­сахо, сиклонхо, антисиклонхо ва гайрахо, ки тагйироти асосии обу хаво ба харакату тахаввули онхо вобаста аст муайян карда шаванд. Прогнози мохонаи обу хаворо барои республикахои Осиёи Миена Институти тадкикоти илмии метеорологии Осиёи Миёна (Тошкент) тартиб медихад.

Ад.: Юдип М. П., Новые методы и проблемы краткосрочного прогноза пого­ды. Л.. 1963; Марчук Г. И., Числен­ные методы в прогнозе погоды. Л.. 1967.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.