Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Первенсев Аркадий Алексеевич

Первенсев Аркадий Алексеевич

Первенсев Аркадий Алексеевич (26. 1. 1905, дехаи Нагут, хозира Нагутскии кишвари Ставропол — 30. 10. 1981), нависандаи советии рус. Аз оилаи муаллим. Аъзои КПСС аз соли 1950. Дар Омузишгохи олии техникии ба номи Баумани Москва тахсил кардааст (1929—1933). Асархояш аз соли 1937 чоп шудаанд. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) мухбири «Известия». Романи аввалипунаш «Кочубей» (кит. 1—2, 1937) дар бораи Кахрамонони Чанги граждании 1918 —1920 хикоят мекунад.

Дар романхои Первенсев «Замини оташин» (1945) ва «Шараф аз чавони» (1948, Мукофоти давлатии СССР, 1949) кахрамонии одамони совети дар мубориза ба мукобили фашизм инъикос ёфтааст. Муаллифи мачмуаи хикоёти «Духтаре аз Тамани» (1959), романхои «Матросхо» (1961), «Хумо, паррандаи хушхабар» (1963), «Шохаи зайтун» (1965), «Фронти махфи» (1972), сенарияи филмхои «Зарбаи саввум» (1948, тахрири дуюм «Маркази чануби») ва гайра. Бо ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ад.: Аркадий Первенцев. Критико-би­ографический очерк, Краснодар, 1960.  Русские советские писатели-прозаики. Биобиблиографический указатель, т. 3, Л.’,

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …