Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пероксидхо

Пероксидхо

Пероксидхо п а й в а с т х о и пероксиди, пайвастхое, ки атомхои оксигени бевосита ба хамдигар пайвастшуда доранд. Пероксид ду хел мешаванд: органики ва гайриорганики. Пероксиди органи ки дар таркибашон гурухи—О—О -доранд, ки бо як ё ду атоми карбон пайваст шудаанд, масалан, Периксиди алкили ё арили (R—О— —О—R); (R — алкил ё арил), пер­оксиди асилхо (RСО—О—О—СОR); гидропероксидхо (R—О—О—H) ва гайрахо. Онхоро асосан аз оксидонии пайвастхои гуногуни органики хосил мекунанд. Пероксидхои гайриорганики бошанд, хангоми дар хаво ё оксиген сухтани металлхо хосил мешаванд: Na2O2, Н2О2, К2О2 ,RbO2, СаO2. Маъмултарин пайвастхои пероксидии гайриорганики пероксиди гидроген мебошад. Пероксидгидратхо низ ба пайвастхои перонсидии гайриоргани­ки мансубанд. Ин гуна пайвастхо дар таркибашон ба чои оби кристаллизатсиони Н2О2 доранд, масалан, К2СО3 • ЗН2О2, СаО2 • 2Н2О2.

Пайвастхои пероксидии органикиро дар просесси полимеризатсия, вулканизатсия, реаксияхои оксидони, галогенони, теломеризатсия ва дигар сохахои синтези органики, пайваст­хои пероксидии гайриорганикиро бо­шад, хамчун оксидкунанда, манбаи оксиген, моддахои берангкунанда ва гайра ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …