Пергам, подшохии Пергам (юн. Реrgamus), давлати кадим дар кисми шимолу гарбии Осиёи Хурд (283—133 то мелод). Марказаш — шахри Пергам. Ба он хазинадори давлати Лисимах дар калъаи Пергам Филетери юнони асос гузошт. Филетер дар вилояти Мисия давлати нави эллиниро барпо намуд ва ба сулолаи Атталихо асос гузошт. Аз соли 231 хокимони Перган подшох ном гирифтанд.
Дар сарзамини Пергам кабилахои махалли (мисийхо, масдиенхо, пафлагонхо), инчунин юнониёну макдунихо маскан гирифтанд. Боигарии табиии Пергам (беша, санги хоро, маъдан, чарогоххо ва гайра), инчунин мавкеи хуби географии сохили бахри Миёназамин ба болоравия пуравчи иктисодиёти мамлакат мусоидат намуд. Дар Пергам дехкони, чорводори, хунарманди (бофандаги, кулоли, аслихасози, рангуборчиги, бинокори, чармгари), савдои беруна (бо гандуму мум, чарм, ранг, газвор, чуби киштибоб, зарфхои сафоли, атриёт, пергамент) ба авчи аълои таракки расид. Бандари асосии Пергам шахри Элея буд. Аъзоёни тобеъ ва нимтобеи чамоахо истехсолкунандагони асосии хочагии кишлок буданд.
Пергам бо империяи Селевкиён, Макдуния, Галатия мечангид. Дар Чанги дуюми Макдуния (200—197) ва ба ном Чанги Сурия (192—188) подшохони Пергам бо Рим иттифок бастанд ва баъди имзои шартноман Апамей (188 то мелод) ба Херсопес, вилоятхои Лидия, Фригия, ба як кисми Дария, Памфирия ва баъзе шахрхои юнонии Осиёи Хурд сохиб шуданд. Соли 183 Пергам Галатияро ро забт намуд, вале баъди шуриши галатхо (168—167) боз онро аз даст дод. Дар ахди Аттали II (160/159—138) ва Аттали III (138— 133) таъсири Рим пурзур шуда, Пергам тадричан мустакилияти худро гум кард. Соли 129 то мелод римихо дар территорияи музофоти Осиёро ташкил намуданд.