Маълумоти охирин

Пейзаж

Пейзаж (франсия рауsage, аз раys— мамлакат, махал), тасвири манзараи табиат дар адабиёти бадеи. Пейзаж дар асари бадеи макоми баланд дошта, вобаста ба нияти эчодии нависанда вазифахои гуногуни услуби, гояви ва эстетикиро ба чо меорад. Пейзаж  барои равшантар дарк кардани мохияти бадеии асар фикру андеша, холати рухи ва хислатхои кахрамон ёри мерасонад. Нависанда ба воситаи Пеёзаж манзарахо, вокеахо ва рафтору кирдори одамонро барчаста ва пуртаъсир тасвир менамояд.

Масалан, чараёни об дар повести «Одина»-и Айни сусту бехаракат, дар романи «Дохунда»-и у тезу шиддатдор тасвир шудааст, ки ин ба холати кахрамонон мувофик буда, рухияи онхоро ифода мекунад. Манзараи зебои бахори кухистон («Одина») ба холати рухии Одина созгор омада, фарогати уро дар огуши табиат нишон медихад. Вале тасвири хавои сарду барфомези тирамох  (дар охири повест) манзараи хузнангези вафоти Одинаро боз хам хузнангезтар намоён меку­над. Гохо, баръакс, манзараи зебои табиат дар мукобили вокеъи мудхиш ё фикру хиссиёти гамангезе омада, ба дилхо сабуки меорад.

Пейзаж ахамияти эстетики дорад. Вай ба асари ба­деи, латофат, самимият, чозиба ва таъсири хос мебахшад. Дар асархои классикони адабиёти форс-точик (достонхо, ташбиби касидахо ва гайра) табиат бо рангхои гуногун тасвир шудааст ва хонанда аз он завки эстетики ва лаззати бадеи мегарад.

Ад.: Х о д и з о д а Р., Ш у к у р о в М.,

А б д у ч а б б о р о в Т., Фарханги истилохоти адабиётшиноси. Д., 1968; Б о б о е в  Ю., Мукаддимаи адабиётшиноси, Д , 1974,

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …