Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Педиатрия

Педиатрия

Педиатрия (аз юн. раis, рaidos — кудак, бача ва iatreia — муолича), илмест, ки анатомия ва физиологияи организми бача, беморихои бачагона, роххои муолича ва пешгирии ин беморихоро меомузад. Ша­роити гигиении барои инкишофи муътадили чисмони ва маънавии бачагон зарурро як сохаи мустаки­ли Педиатрия— ба истилох гигиенаи бачагон ва наврасон меомузад.

Баъзе коидаву дастурхо оид ба нигохубнни бачагон ва табобати беморихои бачагона дар маъхазхои кадимаи Миср, Бобулистон, Хиндустон ва гайра сабт шудаанд. Маълумоти нисбатан мукаммал оид ба беморихои бачагона дар асархои духтурони Юнони Кадим ба назар мерасанд. Масалан, дар китоби Букрот «Дар бораи табиати бача» доир ба дандонбарори ва омилхои асосии физиологию беморихои аъзои хозимаи бачагон маълумот хаст. Закариёи Рози, Ибни Сино доир ба пархез, бехдошт ва бе­морихои гуногуни бачагона ва муоличаи онхо изхори акида кардаанд. Дар асрхои 15—17 дар Европа оид ба беморихои бачагона нахустин китобхои махсус таълиф гардиданд.

Дар инкишофи Педиатрия дар асри 18 духтурони англис У. Кадоган, Г. Армстронг, М. Ундервуд, Э. Сеннер ва дигарон хиссаи арзанда гузоштаанд. Аввалин беморхонахои бачагона дар ибтидои асри 19 таъсис ёфтанд. Педиатрия хамчун илми мустакили клиники дар нимаи дуюми асри 19 ташаккул ёфт. Дар охири а.сри 19 ва ибтилои асри 20 дар бисёр мамлакатхои Европа, ШМА ва Канада мактабхои педиатри таъсис ёфтанд. Нахустин мухаккикони Педиатрия дар Россия С. Г. Зибелин, Н. М. Амбодик-Максимович, Н. И. Новиков ва дигарон буданд. Якумин беморхонаи бачагона дар Пе­тербург (1834) ва кафедраи бемори­хои бачагона дар Академияи тиббии чаррохи (1869) ташкил карда шуд. Бо ташаббуси Н. И. Бистров дар Пе­тербург (1885) ва Н. Ф. Филатов дар Москва (1892) нахустин чамъиятхои духтурони беморихои бачагона таъ­сис ёфтанд.

Баъди галабаи Ревеволютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр Педиатрия тадричан ба сохахои гуногун таксим шуд. Як катор муассисахои табобатию профилактикии ба­чагона, инсиитутхои тадкикоти илми ва гайра ташкил ёфтанд. Дар СССР мухофизати модарон ва кудакон, мухофизати саломатии бачагон ва наврасон, мухофизати чанин то таваллуд ва гайра ба рох монда шуд. Дар равнаки Педиатрияи совети Г. И. Сперанский, В. И. Мол­чанов, А. А. Колтипин. 3. П. Солов­ёв ва дигарон сахми арзанда гузоштанд. Чамъияти умумииттифокии илмию тиббии духтурони бачагон дар СССР аз соли 1925 амал мекунад. Тадкикотхо оид ба Педиатрия дар Институти педиатрияи АИТ СССР (Москва), институтхои. тадкикоти илмии педиатрии республикахо, инчунин кафедрахои педиатрияи институтхои тибби ва унститутхо бурда мешаванд. Масъалахои Педиатрия дар журналхои «Педиатрия» (аз 1934), «Вопросы ох­раны материнства и детства» (аз 1956) ва гайра инъикос меёбанд.

Дар Точикистон кумаки мунтазами тибби расонидан ба кудакони бемор факат дар давраи совети имконпазир гардид. Дар солхои хо­кимияти Совети муассисахои табоба­тию профилактики хеле таракки карданд. Дар равнаки Педиатрия ва тайёр кардани кадрхои махалли дар респуб­лика хиссаи олимон С. Я. Шаферштейн, С. Ф. Широков, В. С. Вайл Г. Е. Левина ва дигарон калон аст. Соли 1942 дар Институти давлатии тиббии Точикистон кафедраи беморихои бача­гона таъсис ёфт, ки он оид ба масъ­алахои клиника ва муоличаи варача, тарбод ва беморихои чигари кудакон, масъалахои хурокдихи, хунгузарони ва гайра тадкикотхо мебарад.

Баъди таъсиси факултети педиатрия ва кафедраи педиатрияи ин факултетт (1958) доираи мавзуъхои тадкикоти илмии Педиатрия васеъ гашт. Масъалахои актуалии педиатрхои точик инхоянд: хусусияти чараёни клиники, этпопатогенез ва муоличаи иллати гурдаи бачагон (гломерулонефрит, пиелонефрит), усулхои нави ташхиси холетсистит, чихатхои гуногуни пневмония ва анемия дар кудакони хурдсол, системаи иммуногенез дар холатхои гуногун, чихатхои гуногуни гематоло­гия, гепатити вируси ва гайра.

Дар Точикистон соли 1976 157 поликлиникаи ба­чагона, 6205 кати статсионари барои бачагон ва 11 санаторияи бачагона мавчуд буд. Дар ин муассисахо бештар аз 1148 педиатрхо кор мекарданд. Чамъияти республикавии пе­диатрхо аз соли 1942 вучуд дорад. Дар республика мунтазам конференсияхои илмию амалии педиатрхо гузаронида мешаванд.

Ад.. Голдфелд А. Я.. Очерки по истории педиатрии в СССР, М., 1970; Стафилококковые заболевания у детей раннего возраста, Д., 1975; Якубова М. М;, Клиника и диагностика диффуз­ного гломерулонефрита у детей, Д., 1976; Хасанова К. А., М и р о к и л о в а А. М., Картина крови в норме и в пато­логии у детей жителей Памипа, Д., 1977.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.