Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Педагогикаи халки

Педагогикаи халки

Педагогикаи халки, сохаи ил­ми педагогика. Педагогикаи халки мачмуи донишхои педагогист, ки аз тачрибаи рузгор ба миён омадааст. Истилохи Педагогикаи халкиро ба адабиёти педагоги К. Д. Ушинский дохил кард ва мохияти тарбиявии эчодиёти лафзии халки русро низ у шарх дод. Эчодиёти лаф­зии халк кисми демократии маданияти кадимаи оммаи васеи халк буда, як зумра файласуфон, психологхо, педагогхо, гуяндагон ва ровиёни номаълум дорад. Аввалин тасаввуроти одамон доир ба зиндаги, мухит ва тачрибаи рузгор дар эчодиёти лаф­зии халк ифода ёфта, хар халк вобаста ба тараккиёти таърихию мавкеи географи тарзи зиндаги ва расму оини хоси худро дорад.

Гузаштагони мо, точикон, аз кадимулайём барои тарбияи инсони поксиршти усулхои гуногуни таъсиррасониро ба кор бурдаанд ва тачрибаи хаётии онхо аз авлод ба авлод, аз насл ба насл шифохан накл ёфта, ба сифати Педагогикаи халк то ба замони мо расидааст. Дар эчодиёти лафзии халки точик дар хусуси таълиму тарбия бисёр фикрхои чолиби диккат баён шудааст. Масалан, дар афсона, ривоят, достон, зарбулмасал ва гайра хурмати падару модар, мухаббат ва вафодори, хакгуи ва садокат, нафъи мехнат ва зарари бекори, нотарсиву далери, муносибати самимона ба дустон, нафрат ба зулму золимон ва райра ифода ёфтааст.

Баъди ба хаёти мукими гузаштани одамон ва ба вучуд омадани давлат гуянда ва мутрибон пайдо шуданд, ки далери ва кахрамонии пешвоёни худро васф мекарданд. Яке кадимтарин ривоятхои халки до­стони Сиёвуш аст, ки у хомин осоиши мардум будааст. Халк аз марги у гамгин шуда, бисёр суруд ва рироятхо офарида буд, ки баром дар рухи кахрамонию далери тарбия кардани одамон хидматеро ба чо оварданд. Суруди «Алла», ки дар сари гахвораи тифл хонда мешавад, чун як унсури тарбияи томактаби, орзую омол ва идеали падару модарро акс менамояд:

Алла, чонам, аллаё,

Ороми чонам, аллаё,

Калон шави, хандон шави, э аллаё,

Чакдон шави, пурдон шави, э аллаё.

Намояндагони Педагогикаи халк хусусияти рухияи бачагонро хуб медонистанд. Суруд, тарона, афсона ва тезгуякхое, ки максади муайяне дошта, характер ва хислати бачагонро равшану возех месозанд, ба ин шаходат медиханд. Педагогикаи халк кисми дар тачриба хосил шудаи донишхои педагогии оммаи халк буда, малака ва махорати одамонро доир ба таълим ва тарбия дар бар мегирад. Сарчашмаи асосии Педагогикаи халкро эчодиёти лафзии халк, материалеи этнографи, анъанахои халк, бози ва бозичахо, иду маросимхо тачрибаи тарбияи оила ва гайра ташкил медихад.

Педагогикаи халк натичаи мехнати эчодии коллективонаи наслхои мухталиф буда, вобаста ба талаботи халк бехтарин чихатхои демократи ва гуманистии тарбияро пеш гузоштааст. Чихати асосии Педагогикаи халк тарбияи мехнат буда, максади он дониш, малака ва махорати истехсоли хосил кунондан аст. Дар рохи ин максад аз чунин унсурхои Педагогикаи халк, монанди таклид, ибрат, тартиби руз, таъриф, танбех ва гайра истифода мебаранд.

Воситахои халкии тарбияи эстети­ки ва чисмони (суруд, ракс, бози ва гайра) бисёр шавковар буда, дар байни халк дар хар махал ботобиши дигар дучор меоянд. Аз ин ру Педагогикаи халк аз сарчашмахои мухимми назари ва амалии педагогика буда, дар тарбияи ахлоки коммунистки насли наврас ва тартиботи педагоги дар байни падару модарон мавкеи калон дорад. Педагогикаи халк кам омухта шудааст ва дар он як катор норасоихо мушохида мешаванд. Агарчи асосан манфиати оммахои халкро химоя мекард, Педагогии халк чун шакли шуури чамъияти баъзан акидахои реаксиониро, ки ба синфи хукмрон хизмат мерасонд, акс намудааст: Бинобар ин хамон чихатхои Педагогикаи харкро бояд омузам ва таргиб на­моем, ки ба тарбияи замоии мо мувофик бошад.

Ад.: Волков Г. Н., Чувашская на­родная педагогика, Чебоксары, 1958; Г а- шя м о в А. Ш., Азербайджанская на­родная педагогика (дис. докторй); Орифи М., Аз таърихи афкори педагогии халки точик, ч. 1—2, Д. 196(2—65.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.