Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Педагогика

Педагогика

Педагогика (юн. раidagogike — нигохубин, тарбияи кудак), мачмуи илмхои назари ва амалист, ки масъалахои таълим, тарбия ва маълумотро дар бар мегирад.

Аввал Педагогика хамчун назарияи таълим ва тарбияи бачагон инкишоф ёфт. Педагогика дар СССР ва мамлакатхои сотсиалисти хамчун назарияи тарбияи коммунистии одами нав таракки мекунад; бо сотсиология ва психология алокаи узви дорад. Педагогика конунияти просесси тарбия, сохт ва тартиби онро тадкик, назария ва методика, принсип ва шаклхои ташкили кори таълиму тарбияро мураттаб менамояд. Ба сохахои Педагогика назарияи тарбия, таълим ва маълумоти бачагони дорои нуксонхои чисмони ва рухони, ки онро дефектология меноманд, дохил мешаванд. Дефектология аз тифлопедагогика, сурдопедагогика, олигофренопедагогика иборат аст. Ба сохаи Педагогика таърихи педагогика низ дохил мешавад. Педагогика дар айни хол ба Педагогикаи мактаби, Педагогикаи маълумоти касбхои техники, Педагогикаи омузишгоххои педагоги, Педагогикаи мактаби оли ва Педагогикаи  томактаби чудо мешавад, ки хамаи инро Педагогикаи синнусоли меноманд. Дар мархилаи хозира Педагогикаи оилави, Педагогикаи харби, Педагогикаи истехсолоти, Педагогикаи мукоисави, Педагогикаи калонсолон сохахои алохидаи Педагогика гардиданд. Педаогика бо биология, физиология, генетика, антропология, сотсиология ва психология барин илмхо алокаи узви дорад. Солхои охир Педагогикаи ичтимои, Педагогикаи психологи, Педагогикаи муоличави, Педагогикаи санъатшиноси, Педагогикаи хукукшиноси, Педагогикаии ислохи мехнати барин сохахои нави Педагогика ба вучуд омаданд.

Педагогика чун фанни чамъияти ташаккул ва инкишоф ёфт. Аз ин ру Педагогика ба системаи донишхои чамъияти дохил мешавад ва бо хамдасти бо дигар фанхои чамъияти, пеш аз хама фалсафа, этика, эстетика инкишоф меёбад. Асоси методологии Педагогика фалсафаи марксисти-ленини, материализми диалектики ва таърихи мебошад.

Мафхумхои асосии Педагогика тарбия, таълим, маълумот ва омузиш аст.

а)         Тарбия — аз тарафи тарбиятгар ташаккул додани симои ахлоки, инкишофи эстетики ва чисмонии тарбиятгиранда.

 

б)        Таълим — мусаллах намудани хонандагон бо дониш, махорат ва малакахо, такмили шуур ва рафтори онхо.

 

в)         Маълумот — просесс ва натичаи аз худ намудани системаи донишхо ва дар ин асос ташаккул додани чахонбинии коммунисти, шууру рафтори коммунисти.

 

Педагогика методхои махсуси тадкикоти дорад, ки онхоро методхои тадкикоти педагоги меноманд. Педагогикаи совети чунин методхои тадкикоти педагоги дорад: мушохидаи педагоги (ду хел мешавад: бевосита ва бавосита) ва озмоиши педагоги (ду хел мешавад: табили ва сунъи); пурсиши д а х о н а к и ва х а т т и; омухтани хуччатхои муассисахои таълиму тарбияви ва к о р х о и бачагон. Вактхои охир методи тахлили мукоисавии кори таълиму тарбия ва методи тадкикоти математики низ харчониба истифода бурда мешавад.

Аввалин тадкикотхои педагоги ба ахди чамъияти гуломдори оиданд. Педагогии дунёи кадим максад дошт, ки тавассути тарбия хулку атвор ва одатхои ахли чамъиятро нигох дорад. Ба хамин максад дар Миср парастиши кохинон, дар Хиндустон кастахо, дар Хитой акидаи бенуксии император ва гайра таргиб карда мешуд.

Акидахои педагоги дар замонхои кадим дар зимни фанхои фалсафа, илохиёт, сиёсат ба вучуд омаданд ва инкишоф ёфтанд. Чунончи, дар китобхои ба ном мукаддас Забур, Таврот, Инчил, Куръон ва дигар меъёри рафтор, муносибати падару модар ва фарзандон баён ёфтаанд. Машхуртарин файласуфони Юнони Кадим Демокрит, Протагор, Сукрот, Афлотун, Арасту бо масъалахои сиёсат ва тарбия, давлат ва шахсият, роли маълумот дар хаёти чамъият ва гайра машгул шудаанд. Онхо ахамияти тарбияи маълумот, зарурати тарбияи одами бомаърифат, бартарии маълумоти мураттаб ва дигар тамоюлхои асосии инкишофи Педагогикаро нишон додаанд.

Ба мукобили зухду таквои асримиёнаги акидаи инкишофи хаматарафаи инсон ба миён омад. Ин акида минбаъд аз тарафи мутафаккирон— педагог ва психологи испани X. Вивес, ходими сиёсии англис Т. Мор, нависандаи франсави Ф. Рабле ва файласуфи франсави М. Монтен, олими нидерланди Эразми Роттердами таквият дода шуд. Дар маркази диккати ин мутафаккирон таваччухи инсон ба хаёт, халоват бурдан аз зиндаги, саъю кушиши у ба фаъолият меистод. Бо ин хама дар ин давра назарияи педагогии мураттаб вучуд надошт, акидахои педагоги факат дар шаклхои гуногуни адаби ифода карда мешуданд. Дар инкишофн назарияи тарбия ва худидораи инсон Фрэнсис Бэкон сахми муайян дорад. Пансофия ва дидактикаи Я. А. Коменский, асархои фалсафи ва педагогии Ч. Локк дар хамин равия эчод шудаанд.

 

Педагогикаро хамчун сохаи мустакили донишхои назари Я. А. Коменский дар асари худ «Дидактикаи бузург» асоснок кард. Педагогикаи Коменский ба мактаби схоластики зарбаи сахте зада, хама он чихатхои бехтаринеро, ки дар тачрибаи кори мактабхо фарохам омада буданд, чамъбаст намуд. Дар Европа бори аввал Ч.  Локк кушид, ки масъалан тарбияи маънавиро ба таври нав хал намояд. Ин ба инкишофи минбаъдаи Педвгогика мусоидат кард. Дар тараккии П. А. Гелвеции ва Д. Дидро низ сахми муайяне гузоштанд. А. Гелветсий дар асархои худ — «Дар бораи фикр», «Дар бораи инсон, кобилияти фикри ва тарбияи у» инкишофи инсон ба тарзи нав бохо дод. Дар таърихи инкишофи фикрхои педагоги Ж. Ж. Руссо мавкеи махсус дорад. Акидахои Коменский, Локк ва Руссо ба кори амалии мактабхои филантропистхо И. Б. Ба­зедов, X. Г. Залтсман, И. Г. Кампе, И. X. Гутс-Мутс, X. К. Трапп ва дигарон таъсири калон бахшид. Бо таъсири филантропистхо таълими Педагогика дар донишкадахои оли чори карда шуд. Давраи нави инкишофи фикрхои пе­дагоги бо фаъолияти И. Г. Песталотси робита дорад. У аввалин шу­да кушид, ки таълимро бо мехнат пайваст намояд. Ба инкишофи назарияи педагоги аз бисёр чихат пе­дагоги демократи немис Ф. А. Дистервег мадад расонд. Хизмати у дар сохаи дидактика калон аст. Дистервег просесси таълимро басо дакик тахлил кард.

Дар асри 19 инкишофи Педагогика ба таълимоти сотсиалистони хаёли А. Сен-Си­мон ва Ш. Фуре (Франсия), Р. Оуэн (Англия) вобаста аст. Онхо акидаи ба табакахо вобаста кардани таълимро танкид намуда, талаб карданд, ки хама якчоя таълим гиранд. Худи Р. Оуэн барои фарзандони коргарон дар назди фабрикааш муассисахои томактаби ташкил кард, таълимро бо мехнати истехсолии насли наврас пайваст намуд, ки ин нисбат ба тамоми системаи педагогии гузашта кадаме ба пеш буд.

Барои Педагогиуаи буржуазии арафаи им­периализм равияи реаксиони харак­тернок буд. Намояндагони Педагогикаи ин давр: Спенсер, В. А. Лай, Э. Мейман, В. Ферер, Г. Кёршенштейнер, Ч. Дюи. Вале онхо назарияи мукаммале ба вучуд оварда натавонистанд. Яке аз педагогхои бонуфузи он давр — Г. Кёршентейнер кушид, ки ба плани хониши мактабхои халки бештар математика ва табиатшиноси дохил намояд, методхои фаъоли таъ­лимро мураттаб созад. Ин диккати бисёр педагогхоро ба худ кашид. Ч. Дюи фикри ташкили мактаби мехнатиро ба миён гузошт. Дюи чунин мешуморид, ки мехнат мактабро ба хаёт наздик намуда, чун воситаи таълиму тарбия хизмат хохад кард. Дар Россия аввалин таргибкунандагони идеали инсондусти мутафаккирони Украина ва Белоруссия С. Зизаний, И. Боретский, К. Ставроветский (асри 16) буданд. Дар охири асри 17 ва аввали асри 18 педагогхои рус Л. Магнитский, Феофан Прокопович, М. Смотритский,

В. Татишев ва дигарон хизмати калон карданд. Онхо он вазифахои нави мактаб ва тарбияро, ки пешрафти иктисоди ва сиёсии мамлакат ба ми­ён гузошта буд, нишон дода, оид ба усули таълими фанхои алохида маслихатхо доданд. М. В. Ломоносов мекушид, ки мактабу маориф ба хама дастрас бошад. У барои донишкадахои оли чанд китоби дарси ва дастурхо иавишт.

Аввалин асархои калони оид ба Педагогика дар Россия дар нимаи дуюми асри 18 аз тарафи И. И.  Бетской, Ф. И. Янкович де Мириево, П. И. Новиков навишта шуданд. Яке аз асосгузорони равияи пешкадам дар П. А. Н. Радишев буд. У ба усули табакавии таълим дар мактабхо мукобил баромада, масъалаи бомаърифат кардани халкро ба миён гузошт. Револютсио­нерони демократи рус. В. Г. Белин­ский, А. И. Гертсен, Н. А. Добролю­бов, Н. Г. Чернишевский бо пробле­маи назариявии Педагогика— максади тар­бия, мавкеи тарбия ва маориф дар чамъият, ахамияти маърифатии илмхои чамъияти ва табии, мохияти тарбияи эстетики ва гайра  машгул шуданд. Педагогикаи револютсионерони демок­рат бо асосхои методологии худ ба материализми таърихи хеле наздик шуд.

Дар солхои 60 асри 19 рисолахои Н. И. Пирогов, Д. И. Писарев, Н. В. Шелгунов нишон доданд, ки проблемахои Педагогика диккати доирахои васеи чамъиятро ба худ кашидаанд. Дар ин давра дар инкишофи Педагогика роли К. Д. У шине кий нихоят калон аст. У асосгузори Педагогикаи ватанист. Ходимони пепкадами мактаби халки И. Я. Улянов ва дигарон саъю кушиш карданд, ки акидахои К. Д. Ушинокийро дар амал татбик намоянд. Асархои К. Д. Ушинский ба эчодиёти педа­гогхои тараккипарвари Арманистон (Г. Агаян ва Н. Тер-Гевондян), Озарбойчон (Р. Афандиев), Гурчистон (Я. С. Гогебашвили), Казокистон (И. Алтинсарин) ва дигарон таъсири судманд расонданд. Дар инкишофи афкори педагогии рус Л. Н. Толстой макоми баланд дорад. Асархои у дар дарки психологияи бачагон, чахони ботинии онхо ёрии калон мерасонанд.

Дар ривочи афкори педагогии халки точик мутафаккирон Рудаки, Шахиди Балхи, Абушакури Балхи, Фирдавси, Саъди, Чоми ва дигарон сахми арзанда гузоштанд. Асархои ин бузургон асосан афкори педагогии халки точикро ифода карда, дар тарбияи одами асил роли калон мебозанд. Хусусан асархои Носири Хисрав «Рушноинома», «Саодатнома», Кайковус «Кобуснома», Низомулмулк «Сиёсатнома», Фаридуддини Аттор «Панднома», Насируддини Туси «Ахлоки Носири», Чалолиддини Чавони «Ахлоки Чалоли», Хусайн Воизи Кошифи «Ахлоки Мухсини», Абдурахмони Чоми «Бахористон» ва дигар насли наврасро ба покахлоки, одамгарию мардонаги, далерию бомаърифати, касбу хунаромузи хидоят менамоянд. Ахмади Дониш акидахои педагогии худро ба инкишофи мактабу маорифи пешкадам равона кард. Дар Точикистони тоиинкилоби адабиёти махсуси педагоги кариб вучуд надошт. Дар мактабу мадрасахо бо усули асримиёнаги таълим медоданд. Системаи таълими дарси- синфи баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр чори шуд. Охири асри 19— аввали асри 20 китобхояи нави дарси — «Устоди аввал» (С. Саидазизов), «Матлаъ-ул- улум ва мачмаъ-ул-футуи» (В. Али), Хулосот-ул-хисоб» (Б. Мухаммад) ва гайрахо таълиф шуданд. Солхои 10 асри 20 китобхои дарсии «Тахзиб-ус-сибёи» (С. Айни), «Чомеъ-ул-хикоёт» (А. Шакури), «Рохбари китоб» (И. Рахматуллоев) ва гайрахо интишор гардиданд.

Бо ин хама Педагогика хануз ба назарияи илми табдил наёфта буд. Асосгузорони коммунизми илми К. Маркс ва Ф. Энгелс барои он замина фарохам оварданд. Педагогика асоси методологии устувор пайдо кард, ки он материализми диалектики ва таърихи буд. Марксизм дар сохаи Педагогика дар натичая муборизаи чиддии зидди анархизм ва ислохотпарасти пойдор гардид. Марксизм бисёр масъалахои педаго­ги, аз чумла инкишофи хаматарафаи шахсият, таносуби тарбияи оилави ва чамъияти, маълумоти умуми ва политехники ва гайраро пеш гузошт ва роххои асосии халли ин масъалахоро нишон дод.

Дар шароити нав бо халли бисёр масъалахои тарбия, маориф ва маълумот В. И. Ленин машгул шуд. В. И. Ленин то револютсия як катор маколахои худро ба масъалахои мак­табу маориф ва таълиму тарбия бахшид («Хочагии гимназия ва гимназияхои ислохкунанда», «Вазирони мо дар чи хусус фикр мекунанд? », «Оид ба масъалаи сиёсати Вазорати ма­орифи халк» ва гайра). У программаи партиявии маорифи халкро мурат­таб сохт, ки он дар съезди 2-юми РСДРП кабул карда шуд. В. И. Ленин таъкид мекард, ки тарбия категорияи доимист. Нуктахои В. И. Ленин ба Педагогикаи совети асос гузоштанд. Барои инкишофи минбаъдаи назарияи Педагогии совети халли чунин масъалахо ахамияти калон доштанд: алокаи Педагоги бо сиёсат, муносибати про­летариат ба маданияти гузашта ва мактаби кухна, мазмун ва методхои тарбияи ахлоки коммунисти, тайёрии политехникии талабагони мактабхои миёнаи маълумоти умуми ва гайра. Ба­рои пешрафти Педагогии совети дар солхои аввали хокимияти Совети хизмати П. Н. Лепешинский, М. М. Пистрак, С. Т. Шатский ва дигарон калон аст. Онхо методхои нави таълиму тарбияро мураттаб сохта, дар амал санчиданд. Инкишофи назарияи Педагоги ба фаъолияти Н. К. Крупская низ вобаста аст. У то револютсия асари назариявии худ — «Маорифи халк ва демократия»-ро (соли 1915) навишт. Ин асар аввалин тадкикоти марк­систии сохаи таърихи Педагоги буд.

Баъди Револютсияи Октябр Н. К. Круп­ская хамрохи А. В. Луначарский, М. К. Покровский ва дигарон ходимони маорифи халк акидахои К. Маркс. Ф. Энгелс, В. И. Ленинро тартиб ва эчодкорона истифода карданд. Н. П. Блонский, Л. Г. Калашников, А. П. Пинкевич, Б. Б. Комаровский, И. Ф. Свадковский, О. В. Трахтен­берг ва дигарон асархои худро ба пу­рии масъалахои методологи, монанди фанни Педагоги, муносибати Педагоги ба фалсафа, диалектикаи инкишофи афко­ри педагоги ва гайра, бахшиданд. Аввалин асархои доир ба таърихи Педагогии совети аз тарафи Г. Е. Жураковский, Е. Н. Мединский ва дигарон навишта шуданд. Дар онхо инкишофи мактаб ва афкори педагоги алокамандона бо таърихи муборизаи синфи акс ёфт. Натичахои кори дахсолаи мактаби совети дар «Энциклопедияи педаго­ги» (1927—1928), ки аз се чилд иборат буд, инъикос ёфтанд.

Дар асоси карори КМ партия «Дар бораи мактаби ибтидои ва миёна» мазмуни тадкикоти педагоги ба кулли тагйир ёфт. Кори пурсамари мураттаб намудани дидактика ва ме­тодика огоз ёфт, ба мактабшиноси диккати махсус дода шуд. Китобхои дарси, программа ва дастурхои таълимии нав таълиф ёфтанд. Китоби дарсии педагогика барои институтхои пе­дагоги аз чоп баромад (соли 1934). Солхои 1934—1940 бо ташаббуси И. А. Каиров, П. Н. Груздев, Е. Я. Голант, Н. К. Гончаров, С. М. Ривес, Л. Е. Раскин, С. X. Чавдаров ва дигарон дастурхон таълимии нав оид ба Педагогика тартиб дода шуданд. Ба инкишофи минбаъдаи Педагогика ташкил ёфтани АИП РСФСР (1943), ки он соли 1966 ба АИП СССР табдил ёфт, мадади калон расонд. Сонитар «Хонишхои педагоги» ва конференсмяхои илмию амали гузаронида, дар онхо тачрибахои пепкадами педагоги чамъбаст карда шуданд. Солхои 1948—1956 як катор китобхои нави дарсии педагогика бо тахрири А. И. Каиров (1948, 1956), К. П. Есипов ва Н. К. Гончаров (1950), П. Н. Шимбирев ва И. Т. Ого­родников (1954) аз чоп баромаданд. Асархои А. С. Макаренко дар инкишофи фикрхои педагоги дар СССР ва дигар мамлакатхои сотсиалисти ро­ли калон бозиданд. Солхои минбаъда дар нисбати нашри асархои К. Д. Ушинский, П. Ф. Лесгафт, А. С. Макаренко, Н. К. Крупская, С. Т. Шатс­кий, Я. А. Каменский, И. Г. Песталотси, А. Дистервег, А. Гербарт ва дигарон кори зиёде анчом ёфт.

Солхои 1940—1960 ба мураттаб сохтани методикаи кори тарбия, хусусан ба ташкил ва муттахид намудани коллективи талабагон, шакл ва методхои тарбия, тарбияи коммунисти, муносибати коммунисти ба мехнат, интизом ва гайра ахамияти калон дода шуд. Бо халли ин масъалахо Н. И. Болдирев, Т. Е. Конникова, О. И. Рута, В. А. Сухомлишекий ва дигарон машгул гардиданд. Хусусан доир ба инкишофи мактаб ва афкори педа­гогии халкхои ватанамон ва хоричи асархои мухим таълиф шуданд. Чу, оид ба афкори педагогии халцхои Осиёи Миёна олимои С. Р. Рачабов, Н. К. Кодиров (РСС Узбекистон), А. Э. Измайлов (РСС Киргизистон), М. О. Орифи, И. О. Обидов (РСС Точикистон) Т. Б. Бердиев, М. Д. Аннакурдов ва А. А. Курбонов (РСС Туркманистон), Д. О. Лордкинанидзе (РСС Гурчистон), М. М. Махдизода (РСС Озарбойчон) ва дигарон асархои сазовори диккат эчод карданд.

Маркази Педагогикаи буржуазии имруза ШМА мебошад. Ба тадкики проблемахои педагоги Ассотсиатсияи маълумоти милли, Чамъияти «Фи-Делта Каппа», Бюрои педагогии тест ва гайра машгуланд. Дар университетхои Колум­бия, Гарвард, Принстон, Чикаго, Питсбург ва гайра кафедрахое ташкил карда шудаанд, ки пайваста корхои таълимйи ва илми мебаранд. Дар Англия Институти миллии тадкикоти пе­дагоги ва Институти педагогикаи Университети Лондон, дар Франсия Институти миллии педагоги, дар РФГ Институти немисии педагогикаи илми, Институти Коменский, Институти байналхалкии тадкикоти пе­дагоги нуфузи зиёде доранд. Ин марказхои илми буржуази проблемахои мухимтарини таълим ва тар­бияи насли наврасро бо сиёсат ва идеологияи Педагогии буржуази узван алокаманд мекунанд.

Дар мамлакатхои капиталисти педагогхои марксист низ хастанд, ки барои Педагогика пешкадам мубориза ме­баранд. Дар як катор мамлакатхо онхо муассисахои тадкикоти илмии худро ташкил карда, ба тадкики проблемахои таълим ва тарбия машгуланд. Ба ёрии муаллимон Партияи Коммунистии Франсия журнали «Мактаб ва миллат», Италия «Ислохоти мак­таб», Англия «Маълумот имруз ва фардо»-ро нашр менамоянд.

Олимони пепкадами Гарб пробле­махои мухимтарини Пудагогикаро аз нуктаи назари марксисти хал намуда, назария ва амалияи таълиму тарбияро бо далелхои нав гани гардонда, комёбихои афкори педагогии мамла­катхои сотсиалистиро таргиб меку­нанд, характери синфи ва мохияти реаксионии назарияхои Педагогикаи буржуазиро фош менамоянд. П. Кроссер, М. Корнфрот, Р. Заззо, Ф. Секле-Риу, А. Банфи, Д. Йовин, И. Адлер аз ха­мин кабил олимонанд. Педагогхои коммунист Б. Саймон, М. Моррис, А. Валлон як катор асархои худро ба ошкор намудани характери синфии маълумот бахшидаанд.

Партияхои коммунистии мамлакат­хои капиталисти программаи васеъ ва аз чихати илми асосноки ба кулли демократонидани маорифи халкро тартиб додаанд, ки асоси он методологияи марксисти-ленинист. Ин программахо ташкили мактабхои ягонаи маълумоти умумиро дар назар доранд.

Аз тарафи олимони коммунисти мамлакатхои капиталисти хал карда

шудани мухимтарин масъалахои таълим ва тарбия сахми калони онхост дар мубориза ба мукобили идеологияи буржуази ва мубориза барои сотсиализм.

Ад.: Маркс К. и Энгелс Ф.. О воспитании и образовании, М 1057; Л е- н и п В. И., О воспитании и образовании, М., 19(53; Орифй М., Аэ таърихи зфко- ри педагогии ха л пи точив, ч. 1 —2. Д., 1962—65; Об и лов И. О., Очерки мух- тасари таърихи маорифи халки Точикис* тон, Д., 1965; х а м о н м у а л., История развитии народного образования в Тад­жикской ССР (1917—07 гг), Д., 1968; Болдырев Н. И., Методикаи корхои тарбияви дар мактаб, Д., 1979; Кома­ровский Б. Б„ Диалектика развитии научно-педагогической мысли. М., 1929; Струминский В., Теоретическая дис­куссия в советской педагогике, М., 1930; Гончаров Н. К., Основы педагогики, М., 1947; Шимбирев П. Н.. О г о р о Д- н и к о в И. Т., Педагогика (Учебник для педагогических институтов), М., 1954; Королев Ф. Ф. Очерки по истории со­ветской школы и педагогики, 1917—20, М., 1958; М о ш н и и И. Д., Элементы пе­дагогики в партийной работе. М., 1965; Юсуфбеков Р., Расцвет народного обрзования в Советском Таджикистане, Д., 1908; Педагогика. Под общей редак­цией Г. И. Щукиной, М., 1966; Огород­ников И. Т., Педагогика, М., 1968; Болдырев Ы. И., Гончаров Н. К., [ва диг.1, Педагогика. М., 1968; Ильина Т. А., Педагогика, М., 1968; Констан­тинов Н. А., Медынский К. Н., |ва диг.], История педагогики. М., 1974; Педагогика школы. Под ред. II. Т. Ого­родникова, М., 1978.        

Дар борамон

Инчунин кобед

САЪДУДДИНИ АЛОЛА

САЪДУДДИНИ АЛОЛА (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 16). Аз ахвол ва ашъори …