Маълумоти охирин

Печора

Печора, дарёест дар шимолу шарки кисми европоии СССР. Тулаш 1809 км, масохати хавзааш 322 хазор км2. Аз куххои Урали Шимоли сар шуда, ба халичаки Печораи бахри Печора мерезад. Аз саргах то резишгохи дарёи Уня Печора аз байни кух мегузарад. 130 км болотар аз резишгохаш Печора ба ду шоха (шаркиаш Печораи Калон, гарбиаш Печораи Хурд) чудо мешавад. Дар резишгох делтаро  ташки л медихад, ки бараш кариб  45 км аст. Шохобхои калони Печора аз  чап — Милваи Шимоли, Кожва, Ижма, Пижма, Силма, Сула; аз рост —Илич, Шугор, Уса, Лая, Шайкина.

Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи об дар резишгох 4100 м3/сон. Охири октябр ях баста, охирхои май яхаш об мешавад. Бахорон пуроб аст (сатхи об 11 м, баъзан то 14 шавад). Печора то бахору тирамох то Уст-Ун киштигард аст. Киштихои бахри то шахри Нарян-Мар (110 км дуртар аз бахр) дохил мешаванд. Ба воситаи П.ечора чуб, ангиштсанг, махсулоти нефт, масолехи бинокори, галла ва гайра мекашонанд. Истгоххои асосии киштихо: Нарян-Мар, Уст-Силма, Печора ва Тротско Печорек. Аз дарё чанд хел мохи (сёмга, сиг, ряпушка ва гайра) мегиранд. Дар хавзаи Печора конхои ангиштсанг, нефт ва газ хаст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …