Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Печанакхо

Печанакхо

Печанакхо, иттифоки кабилахое, ки аз омезиши туркхои кучманчи бо кабилахои сарматхо, угору фин ташкил ёфта буд. Асрхои 8—9 дар заминхои байни Волга ва  Урал мезистанд. Асри  9 венгерхои кучманчиро торумор карда, худуди калонеро аз поёноби Волга то резишгохи Дунай ишгол намуданд. Машгулияти асосиашон чорводори буд. Асри 10 ба гуруххои шарки ва гарби таксим шуда, аз 8 кабила (40 авлод) иборат буданд. Ба кабилахои калон «хонхои бузург», ба авлодхо «хонхои хурд» сарвари мекарданд, ки онхоро мачлисхои кабилахо ва авлодхо интихоб менамуданд.

Печанакхо хокимияти мероси низ доштанд, Асиронро ба гуломи мефурухтанд ё ба ивази гаравпули ба ватанашон бармегардонданд. Як кисми асиронро хамчун аъзоёни баробархукук ба хайати авлодхо ка­бул мекарданд. Печанакхо ба сарзамини Рус борхо хамла кардаанд (916, 920, 968). Соли 1036 Ярослав Мудрий дар назди Киев ба Печанакхо зарбаи сахт зада, ба тохтутозхои онхо дар сарзамини Рус хотима дод. Асрхои 11—12 бисёр Печанакхо бо максади мудофиаи сархад ба чануби  Руси Киев кучонда шуданд.

Асрхои 10—11 императорони Визан­тия кушиш намуданд дар муборизаи зидди Рус ва Булгорияи Дунай Печанакхоро хамчун иттифокчи истифода баранд. Печанакхо дар асрхои 10—12 ба Венгрия омаданд ва ба онхо дар кад- кади сархад ва дохили мамлакат чой доданд. Асрхои 13—14 Печанакхо  чамчун халки ягона бархам хурда, бо туркхо, венгерхо (мачорхо), русхо, мугулхо ва дигар халкхо даромехтанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.