Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Павлов Михаил Александрович

Павлов Михаил Александрович

Павлов Михаил Александрович (21. 1. 1863, махаллаи Божий Промысел, холо дар худуди шашри Ленко­ран — 10. 1. 1958, Москва), метал­лурги совети, асос­гузори мактаби советии домначиён, академики Академияи Фанхои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1927), Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1945).

Баъд аз хатми Институти кухкории Петер­бург (1885) дар заводхои металлургия нохияи Вятск инженер шуда кор кардааст. Дар солхои аввали фаъолияти инженериаш курахои домнави ва пудлингил заводи Климковский ва чанд заводи дигарро аз нав сохт. Солхои 1896—1900 дар заводи Суливск бо антрасит гудохтаии металлро ба рох монд. Соли 1900 дар Омузишгохи олии кухкории Екатеринослав (хозира Институти кухко­рии Днепропетровск) фаъолияти пе­дагогии худро cap кард; солхои 1904—41 профессор. Институти политехникии Петер­бург (Ленинград) буд; дар айни за­мон дар Академияи кухкории Моск­ва (1921—30) ва Институти пулоди Мос­ква (1930—41) вазифаи профессориро адо мекард.

Павлов дар тартиб додани лоихаи калонтарин заводхои металлурги, курахои домнави ва дастгодхои пулодгудози иштирок дошт.

Муаллифи як катор китобхои дарси дар сохаи металлургия, аз он чумла курси «Металлургияи чуян» аст. Лауреати Мукофотхои давлатии СССР (1943, 1947). Бо 5 ордени Ле­нин, ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шуда­аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …