Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Павлодар

Павлодар

Павлодар, вилоятест дар хайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Казокистон 15 январи 1938 ташкил шудааст. Масохат 127,5 хазор километр2. Ахолиаш 806 хазор нафар. (1979). Ба 12 райони маъмури таксим шуда, 4 шахр ва 11 посёлкаи типи шахр дорад. Марказаш — шахри Павлодар. Вилоят бо ордени Ленин (1958) мукофотонида шудааст.

            Табиат. П.авлодар дар шимоли шарки рес­публика, дар минтакаи бешадашт, дашт ва нимдашт чойгир шудааст. Сарватхои зеризамини: ангиштсанг ва ангишти бур, маъданхои мис ва полиметалли. Дар кулхо захираи намаки ош ва намаки глаубери мавчуданд. Иклими Павлодар континентии хушк, тобистонаш гарми бебориш. Харорати миёнаи июл 20° Селсия дар шимоли, 225Селсия дар Чануб.; зимистонаш дароз, хунуки камбарф, сербурон, харорати миёнаи январ—19,5°Селсия дар Шимол,—17,5°Селсия дар Чануб Боришоти солона 220— 240 миллиметр дар Чануб, 305 миллиметр дар Шамол, дар кухсор 320 миллиметр. Давраи нашв 167—J7S шаборуз. _Дарёи калонаш Иртиш. Дар вилоят кул бисёр, аксарияти онхо шур. Хокаш асосан дорчинранги ти­ра ва дашти. Дар даштхо аз хояндахо тавушкон, юрмон, харгуш; аз даррандахо гург, рубох; аз паррандахо шонасарак, бедона, мургобй, лойхурак ва гайра вомехуранд. Дар дарёи Иртиш ва кулхо мохихои гуногун хаст.

            Ахоли. Дар вилоят казокхо, русхо, украинхо, тоторхо, белорусхо, мол- давихо, мордвахо, чувашхо, удмуртхо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 5,9 кас. 54%-и ахоли дар шахрхо икомат доранд. Хамаи шахрхо

(ба гайр аз Павлодар) ва посёлкахои типи шахрхо дар солхои Хокимияти Совети бунёд шудаанд.

            Хочаги. Дар вилоят саноати энер­гетика, сузишвори, металлурги, мо- шинсози, химия, инчунин саноати сабук ва хуроквори вучуд дорад. Энергетикаи Павлодар бо ангишти махалии Экибастуз ва ангишти Кузнеску Караганда кор мекунад. Сохахои асосии саноати кухкори: истехсоли ан­гиштсанг (Экибастуз ва Майкубен), маъдани металлхои ранга (Майкайн, Бузшакул), истехсоли намак (аз кулхо), гил ва охаксанг (водии Ир­тиш). Кариб хамаи корхонахои саноати дар Павлодар вокеъ гардидаанд.

Дар Павлодар заводи алюминий, дар шахри Ермак заводи феррохулахо ва ГРЭС сохта шудааст. Нефтепроводи Омск — Павлодар — Чимкент ва заводи софкории нефт кор мекунанд. Кисми зиёди замини хочагии кишлоки вилоятро чарогох, маргзорхо ташкил мекунанд. Солхои 1954—58 дар сохили чапи Иртиш чандин миллион гектар заминхои бекорбехобида аз худ карда шуда, совхозхои нави галлакор ташкил гардиданд. Дар вилоят аз зироати галладона гандуми бахори, чав, арзан, чуворимакка, марчумак, аз зи­роати техники офтобпараст, картош­ка кишт мешаванд. Обчакори ва зироати полези таракки кардааст. Соли 1974 вилоят 1613,8 хазор cap гусфанд, 612, 5 хазор гов, 100,7 хазор асп, 120,3 хазор хук, 21,1 хазор буз ва 2335,8 хазор парранда дошт. Тули рохи охан 574 километр. Тули рохи автомобилгард 8006 километр. Дарёи Иртиш киштигард. Рохи хавоии Павлодар онро бо аксарияти марказхои район, дигар вилоятхо ва шахрхо мепайвандад.

            Сохтмони мадани ва нигахдории тандурусти. Соли тахсили 1973/74 дар 612 мактаби маълумоти умуми 191,7 хазор талаба, дар 28 мактаби касбхои техники 13,3 хазор, дар 12 мактаби миёнаи махсус 11,7 хазор хонанда, дар 2 мактаби оли (институтхои индустриали ва педагоги) 8,5 хазор студент мехонд. Соли 1974 дар 403 муассисаи томактаби 43,8 хазор нафар кудак тарбия ёфт.

Соли 1974 дар вилоят 478 китобхонаи оммави, музеи кишваршиноси на бадеи (Павлодар), Музей ёдгории К. II. Сатпаев (Боя- наул), Театри драмаи ба номи Антон Павлович Чехов (дар Павлодар), 474 клуб, 564 дастгохи кинонамоишдихи, 14 хонаи пионери, 3 ст. техникхои чавон, 3 ст. табиатшиносони чавон, 19 мактаби спортии бачагона кор мекард. Газетахои вилоятии «Кызыл ту» («Байраки сурх», ба забони казоки, аз соли 1929) ва «Звезда Прииртышья» (аз 1918) нашр мешаванд. Барномахои радио ва телевизиони маркази шунавонида ва намоиш дода мешаванд. Соли 1974 дар вилоят 116 муассисаи табобатии дорои 8,9 хазор кат (11,9 кат ба 1 хазор ахоли) буд, 1,3 хазор духтур (1 духтур ба 58 ахоли) ба ахоли хизмат мсрасонд. Вилоят курорт, хонахои истирохат ва санаторияхо до­рад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …