Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Павилон

Павилон

Павилон (франс. pavilion, аэ лот. papilio—хайма), 1) бинои алохидаи хачман хурд ё айвоншакле, ки ба табиати махал мувофик сохта шудааст. Дар забони точики бо истилохи кушк ифода мешавад. Аксари маъбаду касрхои Шарк шакли Павилонро доранд. Дар Европа (асрхои 18 дар Франсия ва Англия, асри 18 чоряки якуми асри 19 дар Рос­сия) Павилон чузъи мухимми ансаблхои касру работхо буд. 2) Кисми бинои бохашамат, ки одатан боми алохида дорад. 3) Бино, растахои доими ё муваккати барои экспозисияи намоишгох, филмбардори, савдо ва гайра) Декорасияхои театри — деворахои махсус бо тасвири чузъиёти ин­терер. 5) Бинои махсус дар киностудияхо (бо истифодаи декорасилхо, макетхо, рушноии сунъи ва гайра), ки барои наворгирии синхрони мувофик кунонда шудааст (аз ин ру, тиреза надорад, деворхояш бо материала садофурубар рукаш шудааст).

Иктидори киностудияхоро аз руи микдори Павилонхояшон муайян мекунанд. Масохати чунин Павилонхо аз 400 то 1800 метр2 мешавад. Онхо бо механизмхои махсус барои васл ё чудо кардани декорасилхо, системаи хавотозакуни ва гайра чихозонида шудаанд. Инчунин Павилонхои махсус — «суперпавилон»-хо низ хастанд, ки масохаташон зиёда аз 1800 метр2 (баъзан 2—3 павилони мукаррариро ба хам мепайванданд) буда, асосан барои филмбардории натурави (таклид ба асл) мутобик кунонда шудаанд. Онхо хеле баланд (25 метр) буда, дорои механизмхои мураккаб, кубурхои обу хавзхои калон (барои съёмкахои руиобиву зериоби) ва гайра мебошанд. Павилонхои барои филм- хои телевизиони истифодашавандаро кинотелепавилон меноманд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.